Ба шарафи 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлол дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё корхонаҳои нав, бинои мактабу боғчаҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бинои бемористону бунгоҳҳои тиббии оилавӣ, хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ва дигар иншоот чун туҳфаи идона яке паси дигар ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Косон ва Ҷироқчӣ 33 туҳфаи хотирмон ба мардум супорида шуд. Масалан, дар ноҳияи Косон рӯнамоии туҳфаҳои идона аз кушоиши бинои мактаби рақами 5 оғоз гардида, ба минтақаҳои озоди иқтисодии ноҳия пайваст, ки иборат аз чандин бахши хурду бузурги хидматрасонӣ ва истеҳсолӣ аст.
Бинои нави мактаб дар ивази 14 миллиард сӯм маблағ сохта шуд ва 700 ҷои хонишро дар бар мегирад. Ин мактаб барои аҳолии ноҳияи Косон туҳфаи хубе гашт.
Шаҳру навоҳии Қаршӣ ҳам дар тантанаҳои идона ба шарафи ид фаъол ширкат варзида, дар ҷойҳо бештар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ ёфтанд ва калиди хонаҳо ба соҳибонашон ба таври мутантан супорида шуд. Аз ҷумла, дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Ойдин»-и шаҳри Қаршӣ коргоҳи сохтмонии «Бек бинокор умумий сервис» ду бинои истиқоматиеро ба истифода дод, ки аз 135 манзил иборат аст. Барои кумак ва дастгирии хидматгузорони ҳарбӣ 50 манзил ҷудо шуда, ба оилаҳои эҳтиёҷманд 20 манзили нав ба таври субсид тақдим гардид. Ҳамчунин дар маҳаллаи Чӯлқувари шаҳри Қаршӣ 5 бинои панҷошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Ин биноҳо маҷмӯаи «Замини сабз» номгузорӣ шуданд ва аз иншооти зиёди тафреҳӣ низ иборат мебошанд. Калиди 6 манзили ин биноҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд чун туҳфаи ид ройгон супорида шуданд ва маросими тӯйи суннатии 11 нафар фарзандони онҳо низ аз ҳисоби соҳибкорон баргузор гардид.
Дар маҳаллаҳои Нефтчӣ ва «Очилбек Қӯрғонча»-и шаҳри Қаршӣ ду боғчаи ғайридавлатии оилавӣ ба истифода дода шуд, ки дар маҷмӯъ таълим ва тарбияти 75 кӯдакро фаро мегиранд.
Шариф Халил,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.