Бо ташаббуси Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ӯзбекистон, дафтари Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон ва Садорати минтақавии он дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Мактаби кори иҷтимоии Донишгоҳи Колумбия таҳти унвони «Эҷоди ҷомеаҳои устувор дар Осиёи Марказӣ – мусоидат ба некӯаҳволии кӯдакон, ҷавонон, занон ва оила тавассути кор ва хадамоти иҷтимоӣ» ҳамоиши байналмилалӣ кори худро анҷом медиҳад.
– Имрӯз мо дар остонаи имкониятҳои нав қарор дорем. Барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо шарикони худ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо аз тамоми имконот истифода мебарем, – гуфт директори агентӣ М. Оллоёров.
Мутахассисон дар бораи бӯҳронҳои глобалӣ, аз қабили пандемия, муноқиша, ноустувории иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва нақши кори иҷтимоӣ дар адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва некӯаҳволӣ дар ҷомеа ва бахшҳои гуногун ҳарф заданд.
Инчунин оид ба масъалаи андешидани чораҳои ҳалли ин мушкилот фикри худро баён карданд ва таъкид гардид, ки ин раванд ба мавзӯи Конфронси ҷаҳонии соли 2024 оид ба кори иҷтимоӣ ва рушди иҷтимоӣ, ки ояндаи муштаракро мадди назар дорад, хеле мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки рушди кори иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ дар Осиёи Марказӣ гуногун аст. Бо вуҷуди ин, мушкилот, аз ҷумла нобаробарӣ дар сифати барномаҳои таълимӣ, ҷудоии назария ва амалия ва тадқиқоти нокифоя, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шудаанд, ҳамчун масоили ҳалношуда боқӣ мондаанд.
Бо назардошти аҳамияти ҳифзи кӯдакон дар Осиёи Марказӣ, ба мониторинг ва такмили пайвастаи самаранокии ин системаҳо, сифати хидматрасонӣ ва дастрасӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳо таъкид гардид.
Аз минтақаҳо тақозо гардид, ки оилаҳо зери ҳифзу ҳимоят қарор гиранд ва аз ҷудошавии оилаҳо ҳарчи бештар ҷилавгирӣ ба амал ояд.
М. АҲРОРОВ.