ПОДОШИ МЕҲНАТИ ПУРСАМАР

Дар кишвари мо зиёданд шахсоне, ки дониш ва таҷрибаи хешро ба манфиати диёр ва мардуми он сарф мекунанд.

Ин гуна ашхос байни мардум, ба хусус миёни ҳамкорон ва ҷомеа обрӯ ва қадр пайдо мекунанд, аз ҷониби давлат қадршиносӣ ёфта, бо мукофотҳо тақдир карда мешаванд. 
Зокир Норов аз зумраи чунин шахсон мебошад. Ӯ 31 сол аст, ки дар шӯъбаи дуюми Идораи автомобилии кони Марказии Навоӣ «Мурунтоғ» ҳамчун ронандаи мошини боркаш фаъолият дорад. Ин марди меҳнатии шуҷоъ дар арафаи 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фармони Президент бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шуд. 
Кони «Мурунтоғ» 600 метр чуқурӣ дорад. Кор дар ин минтақа сол аз сол мураккаб мегардад. Ба ин нигоҳ накарда Идораи автомобилӣ ба заводи гидрометаллургия 2 маъдани кӯҳиро мунтазам расонида истодааст. Сохтори расонидани маъдан ба завод такмил ёфта, дастовардҳои навини илмӣ ва технологӣ васеъ мавриди истифода қарор дорад. Иттиҳодия яке аз калонтарин иттиҳодияҳои автомобилии комбинат буда, ба ғайр аз кашонидани ашёи хом ба завод,мунтазам ба таъмири роҳҳо ва автомобилҳо низ шуғл дорад.
– Инсон бояд дар зиндагӣ пешаи худро дуруст интихоб кунад, дар интихоби касб ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Ба касби худ меҳр, садоқат дошта ва содиқ бошад. Дар ин сурат ҳамеша комёбӣ насиб гардида, аз меҳнат роҳат ёбад, –  мегӯяд қаҳрамони мо Зокир Норов.
Марди сабур аст Зокир. Ҳамагуна машаққатро бо сабру қаноат паси сар мекунад. Бисёр мушоҳидакор аст, панду насиҳатҳои устодонро ҳамеша мадди назар дорад. Ҳар гуна фармоишро бо масъулият анҷом медиҳад. Маҳорати касбии худро такомул медиҳад. Ба вазъияти мураккаби кони «Мурунтоғ»-и дашти Қизилқум, ки гармиву хунукиҳои сард, роҳҳои пурпечутоб дорад, нақшаҳои кориро бо самар иҷро мекунад.
Зокир Норов байни ҷамоаи меҳнатӣ обрӯву эътибори хос дорад. Сиру асрори пешаи пурмашаққати худро ба ҷавонон меомӯзонад. Зиёда аз 30 нафар шогирдро тайёр кардааст.
 – Фаъолияти меҳнатӣ, гуфтору рафтор ва муносибати Зокир Норов бо ҳамкорон ба мо ҷавонон намунаи ибрат аст. Меҳру садоқат ва муносибати самимӣ ба касби худ доштанро аз ӯ омӯхтаем ва меомӯзем. Ҳар як рафтору амали меҳнатии ӯ сабақест ҷавононро, – гуфт ҳангоми сӯҳбат ронандаи ҷавон Яҳё Ғуломов.
Қаҳрамони мо нафақат дар меҳнат, дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Оилаи солим дорад. Бо ҳамсараш Нурия 3 нафар фарзандро тарбия намуда, ба воя расонидаанд. Ба тарбия ва таълими фарзандон боэътибор аст. Ҳар се фарзандаш дорои маълумоти олӣ мебошанд, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои ободонии кишвар фаъолияти босамар доранд. Лобар ва Дилбар омӯзгориро пеша намудаанд, писараш Шаҳзод бошад, дар идораи андоз машғули кор аст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: