Соли 2027 аввалин триллионерони ҷаҳон пайдо мешаванд

Соҳибкори амрикоӣ, роҳбари SpaceX ва Tesla, соҳиби шабакаи иҷтимоии X Илон Маск метавонад аввалин триллионери ҷаҳон гардад.

Дар ин бора рӯзномаи The Guardian-и Бритониё бо такя ба таҳлилгарони гурӯҳи Informa Connect Academy хабар додааст.

“Мувофиқи гузориши нави гурӯҳи таҳлили сарват [Informa Connect Academy], Илон Маск ба соли 2027 рафта, мумкин аст, ки аввалин триллионери ҷаҳон гардад. Таҳлилгарон ба ин хулоса омадаанд, ки сарвати соҳибкор дар як сол ба ҳисоби миёна 110 дарсад меафзояд.

Гуфта мешавад, ки миллиардери ҳиндӣ, муассиси конгломерати тиҷоратии Adani Group Гаутам Аданӣ, низ ба ин мақом расиданаш мумкин аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин метавонад дар соли 2028 рӯй диҳад. Мудири иҷроияи ширкати технологии Nvidia Ҷенсен Хуанг ва сарватманди Индонезия Праҷого Пангесту низ метавонанд дар ин рӯйхат ҷой гиранд, хабар медиҳад lenta.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: