Илон Маск эълон кард, ки аввалин киштӣ ба сӯи Миррих кай сар дода мешавад

Аввалин парвозҳо ба Миррих шояд пас аз ду сол ва фуруд омадани аввалин одамон ба ин сайёра дар чаҳор сол сурат бигирад.

Дар ин бора миллиардери амрикоӣ, асосгузори ширкати SpaceX Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аввалин киштиҳои бидуни сарнишин ба Миррих фиристода мешаванд, ки эътимоднокии фурудгоҳро месанҷанд. Ин баъд аз ду сол амалӣ мегардад, хабар медиҳад korrespondent.net.

"Агар ин фурудоиҳо бомуваффақият анҷом ёбанд, пас аз чаҳор сол парвозҳои аввалини экипаж ба Миррих сурат хоҳанд гирифт ва пас аз тақрибан 20 сол шумораи парвозҳо барои бунёди як шаҳри худмаблағгузоранда афзоиш хоҳад ёфт" гуфт Маск.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бузургтарин мушкил хароҷоти интиқоли як тонна бор ба Миррих аст, ки ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Соҳибкор бовар дорад, ки "барои сохтани як шаҳри худмаблағгузор дар он ҷо бояд арзиши як тонна то 100 ҳазор доллари амрикоӣ афзоиш ёбад, аз ин рӯ, технология бояд 10 ҳазор маротиба беҳтар бошад, ки ин хеле мушкил аст, аммо ғайриимкон нест".

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: