Марди ҷопонӣ дар як рӯз ба ҳамсараш 100 маротиба занг заду...

Мард кӯшидаастд, ки муҳаббаташро бо ин роҳ баён кунад.

Дар Ҷопон марде, ки дар як рӯз ба ҳамсараш 100 бор занг зада, чизе нагуфт, боздошт шуд. Дар ин бора хабаргузории Sora News хабар медиҳад.

Ба зан аз рақами номаълум пайваста занг мезананд. Шахсе, ки дар тарафи дигари телефон буд, гап назада, танҳо нафаси амиқ мекашид. Нашрия хабар додааст, ки оҳиста-оҳиста шумораи зангҳо дар як рӯз ба 100 маротиба мерасад.

Пас аз чанд вақт зан аз пулис кумак мепурсад. Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки зангҳои шубҳанокро шавҳари вай кардааст. Баъд мардро бо иттиҳоми таъқиб боздошт карданд.

Мард гуфтааст, ки ҳангоми занг задан талош кардааст, муҳаббаташро нисбат ба ҳамсараш бо хомӯшӣ баён кунад. Мард мехост бо ин роҳ эҳсоси худро нишон диҳад. Кормандони мақомот мегӯянд, ки қаблан ба чунин вазъият дучор нашудаанд.

Ёдовар мекунем, ки дар нимаи аввали соли 2024 дар Ҷопон тақрибан 40 ҳазор нафар танҳо дар хонаашон ҷон бохтаанд. Тақрибан 4000 нафари онҳоро баъд аз як моҳи даргузаштан дарёфтаанд ва марги 130 нафар дар давоми як сол аниқ нагардидааст. Бино ба маълумоти СММ, Ҷопон ҳоло аҳолии пиртарини ҷаҳонро дорад.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: