ВАСИЯТ ВА НАСИҲАТЕ АЗ МАРДИ ФОЗИЛ

Вақте вориди ҳавлии озодаи муаллим Йӯлдошев шудем, офтоби ҳанӯз қиёмнадида дар шавқ нур меафканд.

Аз «баракоташ» нафасҳо раҳгум мезаданд, тунд ба шуши кас даромадаву кунд мебаромаданд. Донаҳои арақ дар ҷабину рухсор... алмосвор ҷило медоданд. Чӣ ҷои баҳс – авҷи саратон аст, охир!
Устод ба пешвози мо оғӯш мекушояд ва чунон шод мегардад, ки аз ҳаяҷон дидагонаш нам мешаванд ва як дам худро бохта, нағзтар зеҳн мондаву гӯё ба чашмони худ бовар накарда: 
– Шамоли куҷо паронд? Биёянд, биёянд! – мегӯяд дар банди шигифт. 
– Шукр, ки мушарраф шудем, – бо хушҳолӣ ба забон меорад ҳамроҳи ман, устод Раҳматуллоҳ Шоҳимардон, ки аз омӯзгорони собиқадор ва қаламкашони забардасти Бойсун аст.
Соҳибхона моро пеш гузаронида, худ ба усули озмудааш – деворҳоро дошта-дошта аз зина боло мешавад. 
Шамолаке маҳин сайр мекард – вай яқин аз оғӯши арчазорони кӯҳи Фарҳод ҷудо мешуд, аввал ба қади дарахтони ҳавлӣ печида ва баъд макони суҳбати моро бо нафаси кӯҳсорон меомехт.
Меҳмононро аз ду бари хонтахта нишонда, худ ҷисми лоғару маризашро аз гӯшаи дигаре ҷой дод.  
Баъди аҳволпурсӣ бо устод аз корҳои эҷодӣ, навгониҳои илму маориф, ҳоли аҳли қалам, ободиҳои диёр, авзои ҷаҳон... сухан ба миён овардем.  
– Мактаб хуб буд, баъди баромадан ба нафақа бе шогирдон зиқ шудам... Хайр, бигзор ҷавонон кор кунанд...
Ва сар хам мекунад, шояд ҳамон лаҳзаҳоро ба ёд меорад. 
Муддате дар рӯи хонтахта тиқ-тиқ бо ангушт зад, гӯё ба ғалаёни ботин хитоб мекард. Вай дар таассуф сар ҷунбонда, якрост ғами дилро берун афканд: 
– Ду чашми интизорам ба дари кушодаи ҳавлӣ, гоҳ дарун медароям ва гоҳе аз гаронии ғуссаҳо ҷисми беморамро то рӯи ҳавлӣ кашолакунон мебарам. Ин тавр, рӯзи Худоро ба шаб мерасонам ва орзу мекунам, ки кош ягон кас «Очил, ту ҳам зиндаӣ? Агар нафас мекашӣ, чӣ ҳол дорӣ?» – гӯён дарояд ва дар ивази ду ҷуфт сухани худоӣ ба дили ман рамақ шавад. Як замонаҳо худам берун мерафтам ва бо мардум каме гуфтаву шунида, заҳри дил холӣ мекардам. Аммо чандест, ки аз ин нишот маҳрумам. Атроф пури одам, аммо ман зори дидорашон, гуфторашон... Эҳҳ,  «Одам ба одам зиндааст...» гуфтани шоир беҳуда набудааст...
                            ***
Айвони дарози шишабанд, ки ҷо-ҷо чашмони тирезаҳояш бозанд ва салқин... ба сукути вазнине тобеъ мешавад. Мо лаҳзае аъмоли худу атрофиёнро ба тарозуи таҳқиқ мегузорем. Ман ба андешаи худ ғарқ шуда, зӯр зада ба ёд меоварам, ки кай ба дидори ин омӯзгори зиндадил, ки умри худро сарфи хушбахтии фарзандони халқ кардаву кунун ба ҳукми Худованд сиҳатии худро аз даст додааст, расида будам. 
Ду сол пеш! 
Он вақт Норбой Умаров, як тан аз омӯзгорони фанни адабиёт, машъалафрӯзи тоҷикон дар Бойсун ҳанӯз дар қайди ҳаёт буд. Вай аз ҷои зисти Очил Йӯлдошев чанд ҳавлӣ поинтар зиндагӣ мекард. Ман ва устод Раҳматуллоҳ дар чунин як рӯзи гарми тобистон якҷоя бо Норбой Умаров ба аёдати Очил Йӯлдошев омада будем. То дари бегоҳ машғули сӯҳбат гаштем. Як рӯзи басо хотирмон ва пур аз фараҳ буд...  
Имрӯз чун аз пеши хонаи ӯ мегузаштем, ногузир ёди некаш кардаву аз умри гузарони инсон афсӯс хӯрдем...
***
Соҳибхона гулӯ равшан кард, сукути қоим шикаст ва гарчанд афкори гуногун чун чанги роҳ дар дасти бод монд, асораташ ҳамоно дар оинаи чеҳраҳо хоно буд. 
Устод Очил Йӯлдошев аз ҳар дар сухан карда, ба ёди ҳамкорони пешини худ меравад. Симои Фатҳулло Намозов, Абдулатиф Норқулов, Исмат Норбоев, Инот Умаров, Ёқуб Нурсаидов ва чандин нафари дигарро пеши назар оварда, воқеоти марбути он айёмро гарм ҳикоят мекунад. Аз қиблагоҳи банда – Абдухалил Холов низ ёд меорад, ки замоне бо ташвиқи ӯ корро дар мактаби деҳаи Сариосиё канор гузошта, чун равишомӯзи мактабҳои тоҷикӣ дар шуъбаи таълими халқи ноҳияи Бойсун ба кор сар карда буд. Онҳо дар ташкили синфҳои тоҷикии ноҳия, хариду тақсимоти даҳ ҳазор нусха китобҳои бадеӣ аз шаҳри Душанбе барои мактабҳои тоҷикӣ басо машаққат кашидаанд. Чунин хотироти худро аз рӯзгори дур нақл кардаву моро ба сайри он солҳо водор месозад. 
– Ҳамон китобҳоеро, ки аз шаҳри Душанбе барои мактабҳои тоҷикӣ оварда будем, ба далели созгор набудан ба сиёсати замони нав саросар нест карданд. Имрӯз китобхонаҳо зори як китоби тоҷикианд! Ин зарбаи ҳалокатовар ба ҳастии мактабҳои мо буд, – дар таъкид андеша меронад устод Йӯлдошев.
Ман аз забони чандин омӯзгорони нуктадон шунидаам, ки солҳои 80-уми қарни бистум ба шуъбаи таълими халқи ноҳияи Бойсун гузаштани Очил Йӯлдошевро чун бурди калони тоҷикони ноҳия баҳо медоданд. Маҳз фаъолияти ҳамин давраи мактабҳои тоҷикии ноҳия замони тиллоии онҳо будааст. Зеро чандин шогирдони дабистонҳо дар озмунҳои фаннӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ғолиб омада, обрӯи маорифи халқи ноҳияро баланд бардошта буданд. 
– Акнун он шӯҳрати дабистонҳо аз байн рафт! Мактабҳои деҳаҳои Бибиширин, Пасурхӣ, Сариосиё, Авлод, Кӯшкак, Сайроб, Панҷоб, Дарбанд ... бо айби як гурӯҳи шикампарвар ва бефарқии волидон дари синфҳои тоҷикиро бастанд. Аз 14 мактаби тоҷикӣ танҳо дар деҳоти кӯҳистони дур аз марказ ду-сето боқӣ монд.    
– Фоҷиа аст ин, – ғамгин ба забон меорад устод Раҳматуллоҳ. 
– Айни шармандагист! – сахт карда мегӯям ман. 
Имрӯз на ба боғча эътибор медиҳем, на ба мактаб таваҷҷуҳ дорем, на рӯзномаи миллати худ «Овози тоҷик»-ро ҷонибдорӣ мекунем! 
 Ин ва боз чанд мавзӯи доғро аз ҳаллоҷӣ гузаронида, аз беҳувиятии ҳаммиллатон андӯҳгин мешавем ва муддате чашм ба чашми ҳам мешинем, гӯё чораи ин ҳама ночориҳо дар қаъри дидагони мо пинҳон бошад. 
– Мо фақат ғам мехӯрем? Марҳамат, ба хон нигаред, – маҳзун механдад Очил Йӯлдошев ва аз ҳама охир даст ба тарбуз бурдаву даҳон ширин мекунад. 
Мо ҳам даҳонамон «ширин» ба ёд меорем, ки ҳар кадом пеши худ тӯҳфае дорем. 
Барги сабзи мо ду маҷмӯаи китоб буд. Чеҳраи маҳзуни устод Очил Йӯлдошев хуршедвор медурахшад. Аз фараҳ чунон гул мекунад, ки гӯё як доман зарро соҳиб шуда бошад. Осори яъси лаҳзае пеш ҳукмрон зуд нопадид мегардад. Вай китобҳоро парчамвор болои сар бардошта, мутантан пеши худ мегузорад ва ба ҳар кадом нигоҳи меҳрбор афканда, аз дари ихлос ва иродат мегӯяд: 
– Шумо дунёи манро хуб омӯхтаед! Офаринатон...
Ман ва устод Раҳматуллоҳ Шоҳимардон аз ин манзара завқ мебарем. Охир дар замони мо кам одамонеро дучор мешавӣ, ки китоб тӯҳфа гирифта, хурсанд шаванд. Аммо устод Очил Йӯлдошев:  
– Оҳҳоо... Бо ин ганҷ мискинеро ғании даврон кардед! Ташаккур, азизонам.  Худо хайратонро зиёда гардонад. Китоб-а! Дар номаш ман садқа.., – гуфта, нишоти беандозаи дилро берун афканд. Вай китобҳоро дар эҳтиёти тамом варақгардон кардаву зери лаб хонд: 
– «Ҳамеша бо Ватан», «Зодагони сарбаланди деҳаи Бибиширин»...
Мавзӯи сӯҳбати мо комилан тағйир ёфт. Ба дунёи рангини китобҳо пайваста, лаҳза ба лаҳза ба тараб омехт.
 – Шумо маро он қадар ҳам бекасу бенаво надонед. Аслан ман танҳо нестам, –  гуфт чашмонаш барқ зада Йӯлдошев ва умдатан мехост, ки чанд ҳарфи шикваомези худро, ки аз сари алам гуфта буд, ранда кунад. Вай гардан кашида, ба ҷониби хонае ишора кард, ки қафасаҳои пури китоб намудор буданд. 
– Панҷ ҳазор ҳамсӯҳбат дорам ман! – гуфт фахрида.
Мо ҳам баробар ба самти ганҷинаи ӯ нигаристем.
– Гоҳ дар «сӯҳбат»-и Толстой, Чехов, Ҷек Лондон, Хемингуэй, Содиқ Ҳидоят, Абдулло Қодирӣ... мешинам, гоҳе бо абарустод Айнии аллома «дидор» дидаву ғарқи «Ёддоштҳо»-и ӯ мешавам, замоне ба хонаи Сотим Улуғзода «меҳмон»  шудаву аз забони ӯ «Ривояти суғдӣ»-ро мешунавам, аз ҳоли «Пири ҳакимони Машриқзамин» воқиф гардида, аз фоҷиаи рӯзгори «Фирдавсӣ» мепурсам. Бештар бо нависандагони насли баъдии тоҷик чун Саттор Турсун, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳманёр, Абдулҳамид Самад... «гуфтугӯ» карда, ба ҳарфи дили онҳо гӯш меандозам. Саттор мунтазири «Се рӯзи як баҳор» аст ва «Камони Рустам» дар сари китф ба «Сукути қуллаҳо» гӯш ниҳода, зери лаб такрор мекунад: «Барф ҳам мегузарад»! Баҳманёр-чӣ? Рӯ ба теғаи Шеданзо аз Мулло Бухоризода дуо мегирад, ки «Шоҳаншоҳ»-и «Сармаддеҳ» гардад. Сорбон аз «Дашти морон» гурехта, дар тан «Шинел» ва дар иҳотаи «Ҷӯгӣ»-ҳо мондааст ва сари калобааш гум аст, ки ба «Зарафшон» равад, ё афсонаи «Буд, набуд»- ро хонда, каме «Актёр»-ӣ кунад! Лоиқи дар «Варақи санг» нишаста, симои гандумгунаш ҷиддӣ, дили аз дарҳои куҳан ба ғалаёномадаашро ба дасти «Офтобборон» супоридааст... Хуллас, аз устод Рӯдакии нотакрор то Фарзонаи хушгуфтор ҷумла ҳамнишинони мананд!
Ман ба ҳар ҳарфи ин омӯзгори фанни калому адаб бо мароқ гӯш дода, мафтуни ҳарфу ҳиҷо, олами тахайюли ӯ мегардам. 
Вай дар ҳадди меҳрубонӣ варақ мегардонад. Ман фурсатро ғанимат дониста, зиндагиномаи ибратбахши ин марди фарзонаро саҳифагардон мекунам... 
Очил Йӯлдошев 15 феврали соли 1958 дар деҳаи Сариосиёи ноҳияи Бойсун ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 3, дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсилро идома дода, аз соли 1981 то соли 1983 дар мактаби деҳа кор мекунад ва сипас, чун мутарҷими курси такмили ихтисоси Вазорати умури дохила, ки афсарони пулиси Афғонистонро тамрин медод, ифои вазифа намуд. Соли 1985 дубора ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби рақами 3-юми ноҳияи Бойсун омӯзгор ва сар аз соли 1986 чун равишомӯзи мактабҳои тоҷикӣ дар шуъбаи таълими халқи ноҳияи Бойсун кор кард. Соли 1993 ба далели беморӣ аз ин шуғл, ки хеле дӯсташ медошт, ногузир канор рафт. Пас аз беҳбуд ёфтани сиҳатиаш солҳои 1996-2018 боз дар мактаби зодгоҳ ба корҳои омӯзгорӣ машғул гашт. Заҳматҳояш дар роҳи рушди таълим соли 1990 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқ» қадр ёфтаанд. Дар матбуоти даврӣ низ бо мақолаҳои илмию оммавӣ, ҳикояву новеллаҳо ширкат варзида, худро чун як қаламкаши варзида муаррифӣ кардааст. Ғолиби озмуни «Омӯзгорони эҷодкор» мебошад. Хусусан, мақолаи ӯ бо номи «Фараҳ аз бозсозӣ», ки рӯзномаи «Овози тоҷик» (он вақт «Ҳақиқати Ӯзбекистон») соли 1989 ба нашр расонда буд, дар идораҳои баланд муҳокима ва пас аз санҷишҳои мӯшикофонаи як гурӯҳи корӣ аз Вазорати таълими халқ муаммоҳои макотиби тоҷикӣ дар Бойсун мусбат ҳал шуданд. 
Ин тавр, Очил Йӯлдошев як бахши умри худро ба навиштани луғатномаҳо, аз қабили «Луғати тафсирии забони тоҷикӣ» ва луғати тафсирии забони ӯзбекӣ бо номи «Маърифат чироғи» низ сарф кардааст, ки мутаассифона, ин китобҳо ба дасти хонанда нарасида, аз набудани маблағ дар бойгонии муаллиф мондаанд. Китоби дигари ӯ бо номи «Сариосиё сирлари» ҳам мунтазири нашр аст. 
Устод Очил Йӯлдошев мегӯяд, ки беҳтарин китобҳои луғат дар китобхонаи ӯ маҳфузанд ва омӯхтани ин китобҳоро хеле дӯст медорад. 
– Шабе аз ғояти дард хеле нороҳат шудам, – андешамандона рӯ ба китобҳо меорад. – Аз ҳавли ҷон таслим намудан сахт ба таҳлука афтодам ва модари фарзандонамро пеш хонда, васият кардам, ки «вақте ҳамон лаҳзаи вазнин даррасид, маро бо ду ҷилд «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба лаҳад гузоранд, – ва ба мо рӯ оварда илова кард:
–Ин васиятам дигар нашудааст. Гапи мард якто! Боз ман ба ҷавонон – ояндасозони миллату Ватан низ насиҳате дорам: аз ҳайвон фарқ кардан хоҳанд, дунёи худро бо олами рангини китобҳо ҳамоҳанг кунанд. Кулли дарҳои биҳишт ба рӯи он касе боз мегардад, ки китоб дилу ҷонаш аст!
Ман аз шавқ кафкӯбӣ карда, вуҷудам дар дасти ҳаяҷон ба ҳамсӯҳбатон менигарам. 
– Сара гуфтед, сухани баланд, – ба ваҷд меояд устод Раҳматуллоҳ Шоҳимардон.
Ва мо васият ва насиҳати зебои соҳибхонаро байни худ як муддат ба доираи баҳс кашида, ногузир худоҳофизӣ мекунем. Охир, як рӯзи дарози фасли тобистон майли гаштан дошт ва қурси офтоб дар домани қибла нишаста буд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: