Мутахассисони Донишгоҳи Эдинбург (Шотландия) усули нави табобати бемориҳои майнаро таҳия карданд. Дар ин бора дар сайти ташкилот хабар дода шуд.
Олимон роҳи табобати чунин бемориҳоро бидуни ҷарроҳии анъанавии майна пайдо кардаанд. Тибқи маълумот, аневризми мағзи сар хатари ҷиддӣ дорад ва ин беморӣ ҳамасола тақрибан 500 ҳазор нафарро ба ҳалокат мерасонад. Коршиносон ба сифати алтернативи ҷарроҳӣ истифодаи нанороботҳоро пешниҳод карданд.
Ҳаҷми нанороботҳои таҳиякардаи онҳо ҳамагӣ 295 нанометр ва ё аз бист як ҳиссаи як ҳуҷайраи сурхи хуни инсонро ташкил медиҳанд. Барои муқоиса: андозаи вирус 100 нанометр аст, аксари бактерияҳо 1000 нанометр мебошанд. Роботҳо ядрои магнитӣ доранд ва бо тромбин пӯшонида шудаанд, ки барои табобати аневризма истифода мешавад, хабар медиҳад lenta.ru.
Ҳаракати нанороботҳо дар қад-қади артерия тавассути майдони магнитӣ идора карда мешавад. Дар ҳарорати муайян пўсти онҳо нест мешавад ва препарат ба майна ворид мешавад. Олимон гуфтанд, ки дар озмоишҳои дар харгӯшҳо гузаронидашуда лахтаҳои хуни табобатӣ ба гардиши умумии хун дар майна халал нарасонидааст.
"Нанороботҳо дар соҳаи тиб сарҳадҳои нав мекушоянд ва ба мо имкон медиҳанд, ки ҷарроҳиро бо хатари камтар нисбат ба табобатҳои анъанавӣ анҷом диҳем ва доруҳоро бо дақиқии баланд ба қисмҳои дастнорас ба бадан интиқол диҳем", гуфт доктор Тси Чжоу.