ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ, ФАЪОЛ БОШЕМ!

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Вазорати ҳолатҳои фавқулода доир ба мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои фавқулода, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба амал меояд» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ба мақсади пешгирӣ кардани сӯхтору офатҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳар сол дар мамлакатамон чорабиниҳои таъмини бехатарӣ андешида мешаванд.
Бо ин мақсад ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ оид ба таъминоти барқ, оби ошомиданӣ ва гази табиӣ тадбирҳои иловагии муфид таҳия намуда, дар асоси он фаъолияти худро идома медиҳанд.
Дар урфият мегӯянд, ки умратро фурӯшу рӯшноӣ бихар. Дар замони мо зиндагиро бидуни нерӯи барқу газ тасаввур кардан душвор аст. Ба ин хотир аз ҷониби вазорат дар тамоми мамлакат барои пешгирӣ ва беталафот  гузарондани тирамоҳу зимистон 452 гурӯҳи корӣ иборат аз 3 ҳазору 740 нафар барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода ӯҳдадор карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбари шӯъбаи вазорат Ойбек Халилов таъкид кард, ки дар ҳудудҳо гурӯҳҳои корӣ созмон ёфтааст. Онҳо рафти корҳои тайёрӣ ба фасли тирамоҳу зимистонро мунтазам ба назорат гирифтаанд. Ба муроҷиати аҳолӣ посух медиҳанд, пайи ҳал ва пиёда сохтани муаммоҳои марбут ба ин соҳа саъй менамоянд. Дар маркази ноҳияву вилоятҳо штабҳо ташкил карда шудааст, ҳатто дар маркази маҳаллаҳо ҳам бахшҳои он амал мекунад. Дар асоси нақша рӯзҳои аввали тирамоҳ гурӯҳи корӣ ва ходимони бехатарӣ аз сӯхтор бо мутасаддиёни маҳаллаҳо бояд дар зиёда аз  463 ҳазор хонадони биноҳои баландошёна, 1 млн. хонадони маҳаллаҳо шуда, ҳолати ускунаҳои газ, дегхонаҳои гармдиҳӣ ва дудбароҳои хонадонро санҷанд. Бо баробари аниқ кардани носозиҳо ба сари вақт бартараф намудани норасоиҳо мекӯшанд. Гурӯҳи корӣ сабабҳои сар задани сӯхторҳоро таҳлил менамояд. Маълум мешавад, ки 41,4 фоиз ҳодисаҳои ногувор дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии таҷҳизоти барқ, 25,9 фоиз аз истифодаи оташи кушод, 10,3 фоиз – гарм кардани бухорӣ, 7,9 фоиз аз бепарвоии падару модарон ба кирдори фарзандон ба  амал меоянд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: