Хатирчӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Навоӣ мебошад.
Ноҳия беш аз 215 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, 1382 км мураббаъ масоҳат дорад. 29 сентябри соли 1926 расман таъсис ёфтааст.
Соли 2024 дар вилояти Навоӣ «Соли Хатирчӣ» эълон гардид.Мақсад: ривоҷ бахшидан ба хоҷагии халқи ноҳия ва дар ин замина таъмини зиндагии фаровони мардум. Соли равон дар ноҳия корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ дар амал иҷро гардида, идома дорад. Дар ҳар як гӯшаву канори ноҳия корҳои созандагию ободонӣ ба назар мерасад. Бешубҳа, ноҳия ба майдони сохтмон табдил ёфтааст.
Дар ҳудуди маҳаллаи шаҳрвандии «Дамариқ», дар гузари «Ӯзбекистони Нав» сохтмони биноҳои бисёрошёна бо суръат идома дорад. Роҳҳои дохилӣ мумфарш карда мешаванд. Биноҳои муассисаҳои нави таълимӣ, майдонҳои итироҳатӣ ва варзишӣ бунёд меёбанд.
Бо мақсади ривоҷ бахшидан ба ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҳудуд як қатор корҳои бунёдкорӣ анҷом меёбанд. Дар ҳудуди хурди саноатии маҳаллаи «Мустақиллик» якчанд лоиҳаи бунёдкорӣ тадбиқ меёбанд. Тибқи лоиҳаҳо дар ин ҳудуд биноҳои нави таълимӣ, тиббӣ ва рушди сохтори мудофиавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади ривоҷ бахшидан ба соҳаи таълим дар мактаби ҳамагонии рақами 65 лоиҳаи омӯзиши мукаммали IT ба роҳ монда шудааст. Дар бинои шуъбаи корҳои мудофиавии ноҳия корҳои таъмирӣ ба анҷом мерасанд.
Дар ноҳия соли нави хониш ба остонаи 92 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ 3558 нафар толибилмон бори нахуст қадам ниҳоданд. Мактабҳо бо техникаву технологияи замонавии зарурӣ таъмин, пурра таъмир гардида, ба қабули толибилмон омода мебошанд.
Ба муносибати оғози соли нави хониш дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 22 тадбири ботантана баргузор гардид. Дар ин маросим ҳокими ноҳия Умедҷон Адизов иштирок намуд. Имрӯз дар ин мактаб 774 нафар толибилмон таҳсил гирифта, 67 нафар ба синфи якум қабул гардиданд. Ҳокими ноҳия ҳозиринро бо 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, ба толибилмон ва омӯзгорон комёбиҳо орзу намуд.
Дар давоми тадбир ба хонандагони синфи якум дар вазъияти ботантана «Тӯҳфаи Президент» супорида шуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.