Хабари хуш ҳамеша ба дилҳо фараҳ бахшида, рӯҳро болида мегардонад.
Он комёбие, ки Мардон Ҳазратов ноил гардид, ба қалби ҳазорҳо нафар мухлисону қарибон хуррамиву болидарӯҳиро ҷо дод.
Фарзанди деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Мардон Ҳазратов ба унвони узви дастаи навҷавонони соҳибистеъдоди Ӯзбекистон дар Озмуни 36-уми ҷаҳонии информатика ширкат варзида, сазовор ба ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Озмуни мазкур 1-8 сентябр бо иштироки донишомӯзони беш аз 90 кишвар дар Миср баргузор шуд. Мардон, ки аз ҷониби мактаби ихтисосонидашудаи рақами 1-уми шаҳри Навоӣ (ITMA IM) раҳсипор шудааст, яке аз фаъолтарин аъзои тими Ӯзбекистон буд.
Озмуни ҷаҳонии компутер як мусобиқаи барноманависии рақобатӣ аст, ки ҳар сол барои донишҷӯёни таълимгоҳҳо (мактабу литсею коллеҷҳо) доир мегардад. ЮНЕСКО ва Федератсияи байналмилалии иттилоот ҳомиёни ин озмун ҳастанд.
Мардон Ҳазратов сабақҳои ибтидоии кор бо компутерро солҳои таҳсил дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато аз устодон Баҳодур Тилабов ва Завқӣ Ғаффоров омӯхтааст. Давоми чаҳор сол ба толибилмони синфи Мардон Ҳазратов муаллимаи соҳибтаҷриба, аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ ва Тоҷикистон Холбика Нурназарова роҳбарӣ кардааст. Мардон ба омӯзиши фанҳои дақиқ майлу хоҳиши бештар дошт. Омӯзгорони соҳибтаҷриба ва падару модари илмдӯсташ истеъдоди нотакрори Мардонро пайхас намуда, бо маслиҳат пешомади ӯро андеша намуда, ҳуҷҷатҳои толибилми закиро дар соли хониши 2021-2022 ба мактаби ихтисосонидашудаи рақами 1-уми шаҳри Навоӣ супориданд. Мардон, ки ба забони модарӣ хуб балад буд, забонҳои ӯзбекӣ ва англисиро зуд азбар кард, пешқадами толибилмони синф гардид. Дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъол иштирок намуд. Дар соли 2023 ба тими барноманависони ҷумҳурӣ аз фанни информатика аъзо гардид.
Мардон соли 2023 дар хониши махсус, ки аз ҷониби вазоратҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ ва технологияҳои рақамӣ ташкил карда шуда буд, ширкат дошт. Барои омодасозии толибилмон ба озмуни ҷаҳонӣ аз информатика ва технологияи ахбор дорандаи медали тиллои Озмуни байналмилалии информатика Бартосз Костка аз кишвари Полша даъват карда шуд. Он сол иштирок дар озмуни ҷаҳонии информатика ба Мардон насиб накард. Аз 12 нафар довталаб ба 4 нафар толибилм барои иштирок дар озмуни ҷаҳонӣ роҳхат дода шуд. Вале хониши даҳрӯза дар оромгоҳи интеллектуалии ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ба Мардон Ҳазратов таъсири амиқ гузошта, сабақ гардид. Орзуи Мардон соли равон дар амал тадбиқ гардид.
Мардон мактаби ихтисосонидашудаи рақами 1-уми шаҳри Навоиро бо медали тилло хатм намуд. Ҳоло донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи Янги Ӯзбекистон мебошад.
Мардон ғолиби баҳси ҷаҳонии илмӣ гардид. Ӯзбекистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Ин дастовард қадами устувор аст сӯйи Эҳёи Сеюм. Қаҳрамони баҳси илмӣ гардид навраси ӯзбекистонӣ.
Хабари хушро аввал падару модараш – Усмон Бакриев ва Марҳабо Бакриева шуниданд. Шодиву хурсандии онҳоро интиҳо набуд. Фарзанди як деҳаи дурдасти кӯҳистони кишвар байни намояндагони беш аз 90 кишвари ҷаҳон сазовори медали биринҷӣ гардид. Меарзад бо чунин фарзанд фахр кунад. Ин воқеа натанҳо ифтихори падару модар ва ё деҳаи Эҷи овозадор, балки ифтихори кулли мардуми Ӯзбекистон аст.
Маросими пешвозгирии Мардон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба вуқӯъ омад. Аз масъулини Вазорати таълими томактабӣ ва мактаби ҷумҳурӣ касе ба пешвозгирии ғолиби озмун ҳозир нашуд. Ва то ба имрӯз ба ғолиб ҷуз ҷомаи миллии аз ҷониби маъмурияти мактаб додашуда, туҳфае надодаанд.
«Ҷуз ба фарзанд дилро пайванд нест» – фармудаанд. Баҳри пешвозгирии писар роҳ сӯйи Тошканд гирифтанд падару модари ҷавон. Писарро дар оғӯш кашид модар. – Муборак бошад! – гуфт, вале ҳарфи дигаре гуфта натавонист, ашки шодӣ гулӯгираш карда буд. Падараш Усмон Бакриевро низ ҳолат чунин буд.
Дар ҳақиқат, он вазъияти тантанавие, ки ба Мардон ва ҳамсафони ӯ медалҳоро супориданд, хеле хотирмон буд. Ба саҳна баромадани Мардон бо тоқии чустӣ дар сар, табассумҳои латифи дилкашу рӯҳафзокунандааш, ки сабти видео кардаанд, ҳар як бинандаро ба ваҷд меоварад. Офаринаш мехонед, ки дар зинаи ғолибон низ навраси ӯзбекистонӣ самимият, хоксорӣ ва чеҳраи гарми инсонии худро нишон дод. Ҳар як ҷавон метавонад аз ӯ пайгирӣ кунад.
Пас аз бозгашт аз Миср дорандаи медали биринҷии Озмуни 36-уми ҷаҳонии информатика (IOI 2024), аъзои тими яккачини Ӯзбекистон, хатмкунандаи мактаби ихтисосонидашудаи рақами 1 шаҳри Навоӣ, дар айни ҳол донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи Янги Ӯзбекистон Мардон Ҳазратовро дар мактаби номбурда ҷамоаи хонандагон, омӯзгорони мактаб, намояндагони масъули Раёсати таълими томактабӣ ва мактаби вилояти Навоӣ бо тантана пешвоз гирифтанд. Ба қаҳрамони озмуни сатҳи ҷаҳонӣ ҷомаи миллӣ пӯшонданд...
Дар ҳамин маврид ду нуктаро таъкид мекунам. Нахуст дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани наврасони ташнаи илм зарур аст. Як барномаи омоданамудаи соҳаи информатика ва технологияи рақамӣ метавонад ба хазинаи давлат миллиардҳо сӯм ворид кунад. Ин амали нек дар соҳаи варзиш, ки кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, хуб ба мушоҳида мерасад. Ягон кишвари ҷаҳон бе рушди илму технологияи рақамӣ тараққӣ намекунад. Дувум:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То сурайё меравад девор каҷ.
Дар ҳақиқат, дасти каҷи ҳар як кӯдаки ба мактаб омадаро омӯзгори аввал рост мекунад. Маҳз дар ҳамин мактаб шарораҳои завқу шавқи илмомӯзӣ дар дили кӯдаки наврас фирӯзон мегардад. Маҳз ҳамин ҷо таҳкурсии илмомӯзӣ гузошта мешавад. Чандин нафар толибилмони мактаби рақами 43-ро мешиносам, ки пас аз хатми синфи нӯҳум ҳангоми таҳсил дар литсею донишгоҳҳои кишвар дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба Ӯзбекистон медалҳо овардаанд. Шогирди собиқи мактаб Шореҳ Тағоев 13 медали тиллоиву нуқраро дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанни математика ба даст овардааст. Восеъ Ҳусинов бошад, дар Озмуни ҷаҳонии ба номи Менделеев аз кимиё ғолиб омадааст. Онҳо дар мактаб нӯҳ сол таҳсил гирифтаанд, дар литсей ва донишгоҳ бошад, се ё чаҳор сол таҳсил мегиранд. Аммо номи мактабу устодони аввалии онҳоро касе ба забон намегирад. Албатта, барномаҳои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз барномаҳои мактабҳои ихтисосонидашуда, литсею донишгоҳҳо тафовут дорад.
Ин ҷо мо ба фаъолияти минбаъдаи Мардон Ҳазратов дастовардҳои нав ба навро таманно намуда, ба андешаҳои худ нуқта мегузорем.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.