ШАТРАНҶ: НОМ ВА ТАРЗИ ҲАРАКАТИ МУҲРАҲОИ ОН

Шатранҷбозӣ аз ҳунарҳои бостонӣ аст, ки пешинаи чандинасра дорад.

Аз марғубтарин бозиҳо дар ҷаҳони муосир буда, бо унсурҳои илм, ҳунар ва варзиш тавъам аст. Шатранҷ «тахтаест 64-хонагӣ, ки дар вай бо 32 дона бозӣ кунанд» (С. Айнӣ) ва моҳияти тарбиявӣ дорад, яъне ба рушди тамаркузи фикрӣ, таҳаммулу сабр, тавоноии чира омадан бар мушкилот мусоидат мекунад ва касро ба андешидани барномарезии дақиқу расо ва мантиқӣ вомедорад. Саҳнаи шатранҷ ва муҳраҳои он шабеҳи майдони набарди ду лашкари муқобил буда, дар он ду нафари сабқаткунанда бо истифода аз тарфанд, фанну тактика ва усулҳои гуногун саъй мекунанд, ки шоҳи ҳарифи худро мағлуб – мот кунанд. Ҳар як  муҳраи шатранҷ ба тарзи махсусе ҳаракат мекунанд ва ба задани муҳраҳои ҳариф низ қодир ҳастанд. 
Тахтаи шатранҷ («суфра», «арса», «натъ», «бисот») мураббаъи 8 андар 8 хона (64 хона) ва якдармиён сафеду сиёҳ аст. Сутунҳои амудии тахта бо ҳуруфи алифбо (бо лотинӣ аз А то H) ва радифҳои уфуқӣ бо ададҳо (аз як то ҳашт)  мушаххас мешаванд. Тахта мебояд ҳатман тавре қарор бигирад, ки аввалин хонаи самти рости ҳар ду шатранҷбоз сафед бошад. 
Бозии шатранҷ ба се бахш: шурӯъи бозӣ ё кушоиш (дебют), нимаи бозӣ (мителшпил) ва поёни бозӣ (эндшпил) тақсим мешавад, ки дар ҳар як аз ин марҳилаҳо тактикаву стратегияҳои  гуногун корбаст мешаванд.  Бозиро рақиби дорои муҳраи сафед оғоз мекунад. Ҳар ду ҷониб дорои 16 муҳраи шатранҷ буда, 8 адад сарбоз ё пиёда ва 8-тои дигар савора ё афсар (шоҳ, вазир, фил, асп ва рух) мебошанд. Комёбӣ дар ин навои варзиш ба доштани зеҳни ҳушёр вобаста аст.  Ҳадафи ин бозӣ мот кардани шоҳи ҳариф аст, яъне эҷоди вазъиятест, ки шоҳи ҳариф баъд аз киш (шоҳ) шудан роҳе барои рафъи он надошта бошад. Агар мавқеъ (позитсия) тавре бошад, ки аз ду бозикун натавонад шоҳи якеро кишу мот кунад, бозӣ мусовӣ аст. 
Киш дар шатранҷ мавқеест, ки шоҳ мавриди ҳамлаи фаврии муҳраи ҳариф қарор мегирад. Мот ҳолатест, ки (пат) рақиб роҳе барои фирори шоҳаш аз кишти ҳариф наёбад. Пот бошад,  мавқеест ҳариф дар навбати худ натавонад ҳаракате анҷом диҳад, ҳамчунин ва дар мавқеи киш набошад. 

МУҲРАҲО 

ПИЁДА (сарбоз) заъифтарин муҳраи бозист, ки 8 адад (сиёҳ ё сафед) аз он доранд. Пиёда ба ҷуз ҳаракати аввал, ки метавонад ду хона мустақим ба пеш биравад, бақияи ҳаракатҳоро бояд як хона-як хона анҷом диҳад. Пиёда баъд аз расидан ба охирин уфуқ дар майдони ҳариф, бино бар хости бозикун, боястӣ ба як муҳраи дигар (ба ҷуз шоҳ) табдил бишавад. Пиёда танҳо муҳраест, ки мустақим ба пеш ҳаракат мекунад, муҳраи ҳарифро намегирад, балки муҳраҳоеро, ки дар пешорӯ, дар ду хонаи чапу росташ ҳастанд, мегирад, яъне рост мераваду каҷ мезанад. 
ФИЛ аз саворҳои сабуки бозии шатранҷ аст, ки тақрибан бapoбapи се пиёда арзиш дорад. Он муҳраи дурзан аст, метавонад, ки дур аз пиёдаи рақиб  бошаду нагузорад, ки он ба пеш ҳаракат кунад. Ҳар кадом тараф (сиёҳ ё сафед) ду фил доранд, ки дар тахтаи шатранҷ яке аз онҳо дар хонаи сафед ва дигар дар сиёҳ ҷой мегирад. Ба ҳамин далел яке аз онҳо фили сафед ва дигар фили сиёҳ номида мешавад. Муҳимтарин хосияти фил ин аст, ки вай дигар муҳраҳои дар хатти қутрии хеш ҷогирифтаро побанд карда метавонад. Фарзин ё рухи рақиб, агар дар роҳи фил бошанд, хатар таҳдид мекунад, асп ҳам, ки дар «тиррас»-и фил қарор гирифтааст, ба вай осебе расонда наметавонад. Норасоии аслии фил он аст, ки ба ниме аз хонаҳои майдон дастрасӣ надорад.
АСП ба монанди фил савори сабук шумурда мешавад ва он ҳам баробари се пиёда арзиш дорад. Ҳаракати асп ба сурати ду хона ба самтҳои пеш, ақиб, рост ва чап мебошад. Ҳаракаташ ба шакли ҳарфи Г-и кириллӣ аст. Асп, агар дар миёнаи майдон ҷой гирифта бошад, ҳашт хона таҳти тасаллути ӯст, аммо агар дар кунҷ бошад – фақат ду хона. Бад-ин тартиб, асп дар миёнаи майдон тавонотар аст. 
РУХ ҳамроҳ бо фарзин савораи сангин номида мешавад ва аз воҳидҳои неруманди майдони разм аст. Рух ҳам аз фил ва ҳам аз асп қавитар аст. Тақрибан баробари панҷ пиёда арзиш дорад. Рух муҳраи дурзан ва бодпост. Вай бо чобукӣ аз як гӯшаи майдон ба гӯшаи дигар рафта метавонад, қудрат дорад, ки аз дур зарба занад. Он боз бо як вижагии хеш фарқкунанда аст: рух дар кунҷ аст ва ё дар маркази саҳна – хоҳу нохоҳ вай 14 хонаро таҳти тирраси зарба қарор медиҳад. 
ФАРЗИН ё ки вазир, қавитарин муҳраи лашкари шатранҷ аст. Тамоми пиёдаҳо дар як саф камтар аз як фарзин арзиш доранд. Фарзин дар саҳнаи ҷанг бо истифода аз заъфи муҳраҳои ҳариф, бо роҳатӣ калиди маҳви онҳоро пайдо мекунад: рухро фарзин метавонад қутрӣ побанд кунад, филро – амудӣ ё уфуқӣ. Фарзин дар бозӣ, одатан, қавитар аз як руху фил якҷо аст. Фарзин, ба вижа, ҳамон вақт хатарноктар хоҳад буд, ки лашкар (муҳраҳо)-и ҳариф дар рӯйи сафҳа паҳну пареш бошанд. Фарзин афзалтарин муҳра баҳри моти ҳариф аст. Ба ин хотир шоҳон аз он ҳароси бештар доранд. 
ШОҲ ҳаётитарин муҳраи бозист, ки ҳузури тамоми муҳраҳои шатранҷ барои дифоъ аз шоҳи худ ва ҳамла ва ё тахриби мустақим ва ё ғайримустақими шоҳи ҳариф аст. Танҳо шоҳ метавонад ба тамоми хонаҳои муҷовири худ биравад. Байни ду шоҳ ҳамеша бояд, лоақал, як хона фосила бошад. Дар сурати ҳамла ба шоҳ (киш додан) аз сӯйи муҳраҳои рақиб се роҳ барои рафъи киш вуҷуд дорад: 1. ҳаракат додани шоҳ (фирор кардан); 2. гирифтани муҳраи таҳдидкунанда; 3. гузоштани монеъ дар масири таҳдиди муҳраи таҳдидкунанда (бо муҳраи худӣ сипар кардани киши рақиб). 
ҚАЛЪА РАФТАН (Рокировна) усулест, ки чи муҳраҳои сафед ва чи сиёҳҳо ҳақ доранд, ки бо истифода аз он дар рафти бозӣ гашти дугонае ба ҷо оранд. Бо корбурд аз ин тарфанд шоҳ ба ақибгоҳ паноҳ меорад, ки ин гуна аст: рух то хонаи зисти шоҳ оварда мешавад ва шоҳ аз болои он ҷаҳида, дар паҳлуяш қарор мегирад (оҳанги қалъа рафтан дар мусобиқот ин гуна аст: нахуст даст ба шоҳ мебаранд, он гаҳ ба рух). Қалъа рафтан ба самти ҷиноҳи шоҳ қалъаи кучак (ё кутоҳ, шартан ин тавр сабт мешавад: 0–0); ба самти ҷиноҳи фарзин – қалъаи бузург (ё баланд, сабти он: 0–0–0) унвон дорад. 

ВАТАНИ ШАТРАНҶ 
КУҶОСТ?

Дар бисёре аз ривоятҳо зикр шудааст, ки шатранҷро гӯиё ҳиндуён ё чиниҳо, ё румиҳову арабҳо ихтироъ кардаанд, ки ин назар саҳеҳ нест. Бино бар баррасиву пажӯҳишҳои ахир собит шудааст, ки ихтироъкори ин ҳунар мардумони эронитаборанд ва мабдаи аслии он сарзамини Варорӯд будааст. Зеро куҳантарин санаде, ки аз падидории шатранҷ дар Ҳинд дастрас ҳаст, се қарн пас аз катибаи «Корномаи Ардашери Бобакон» навишта шудааст ва эрониён хеле пештар аз ҳиндуҳо шатранҷро мешинохтаанд. 
Куҳантарин навиштаҳои ҳиндӣ дар бораи шатранҷ яке «Ҳикояти Субондҳу» (асри VII-и милодӣ) аст ва дар он танҳо ба муҳраҳои шатранҷ ишора шудааст. Дигар, китоби «Достони Боно» (асри VII) мебошад ва дар он аз омӯзиши шатранҷ сухан рафтааст. Дар «Шоҳнома»-ҳои Саъолабӣ ва Фирдавсӣ, ки зоҳиран ҳар ду аз як маъхаз баҳра бурдаанд, ҳиндуҳо падидоварандаи ин бозӣ хонда шудаанд.
Чунончи достони фиристодани шатранҷ ба Эрон ва розгушоии он аз сӯйи Бузургмеҳр аз дилангезтарин достонҳои бахши таърихии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба шумор меравад. Гуфта шудааст, ки ройи Ҳинд фиристодае ба дарбори Хусрави Анӯшервон бо пешкашҳои гаронбаҳое барои шоҳаншоҳи Эрон роҳӣ мекунад. Ҳамроҳи пешкашҳо тахта ва муҳраҳое буданд. Шоҳи Ҳинд навишта буд, ки агар хирадмандони дарбори Эрон рози ин бозиро дарёфтанд, мо боҷу хароҷе, ки шоҳ фармудааст, ба дарбори Эрон хоҳем фиристод. Аммо агар дар баробари дониши мо тоб наёвардед ва дар ин озмун шикаст хӯрдед, шумо бояд ба мо боҷ бипардозед. Фиристодаи ройи Ҳинд сафҳаи шатранҷ ва муҳраҳои дуранги онро, ки сафедаш аз оҷ ва сиёҳи он аз чӯб сохта шуда буд, наздики Анӯшервон гузошт. 

Обидҷон ШАКУРЗОДА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: