РАНҶИ ХУДУ РОҲАТИ ЁРОН ТАЛАБ

«Дасти шумо дард накунад»

Ҳибадҷон Саидов дар байни пизишкони шифохонаи марказии ноҳияи Риштон бо таҷрибаи бой ва хислатҳои хуби инсонии худ соҳибэҳтиром гаштааст. Маҳаллаи Қошғариён, ки вай зиндагӣ мекунад, қарнҳо боз маскани мардуми тоҷиктабор мебошад. Қаҳрамони мо тақрибан ним аср боз аз ҳамин маҳалла ба шифохонаи марказии ноҳия, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Оқер, ба кор рафта меояд. Вай бисёр шахси хушчақчақ ва дилёб низ ҳаст. Ҳамсараш – Гулнорахон, ки бо вай дар як олигоҳ таҳсил кардааст ва ҳоло дар нафақа мебошад, дар иҳотаи набераву аберагон бештари вақташро сипарӣ мекунад.
 Ману Ҳибадҷони духтур дӯстони дерин ҳастем. То омадани ӯ чашм аз иморату иншооти наву замонавии бемористон намекандам. Ҳатто бархе аз биноҳои куҳнаи он бо дизайну тарҳи нав бозсозӣ шудаанд ва ба шукӯҳи ин бемористон шукӯҳи тоза зам намудаанд. Вақте ки ӯ вазнин қадамзанон ба тарафи шуъбаи ҷарроҳӣ омад ва маро дид, хушҳол шуд.   
– Э, ҷӯраҷон, хуш омадӣ. Медонӣ, духтурӣ аз зумраи пешаҳое мебошад, ки соҳибони он ҳамеша дар сари коранд: чи вақти кор, чи вақти таътил ё дар хона, ҳатто чи дар тӯю маросим баъзан лозим меояд, ки ҳамаро як сӯ мониву ину онро муоина кунӣ, – гуфт бо табассум Ҳибадҷон Саидов. Баъд боз узрхоҳон ба хонаи дигар гузашт, то ки тағйири либос кунад.
– Агар ҳолату вазъияти кунуниро бо чанд даҳсолаи пеш таққос кунӣ, афзоиши бемориҳои гуногун туро нигарон месозад. Албатта, афзоиши аҳолиро наметавон нодида гирифт, вале ҳанӯз, бар асари пастии сатҳи фарҳанги тиббӣ, бархе аз одамон аз саҳлангорӣ саломатии худро зери хатар мегузоранд ва танҳо баъди хеле бад шудани он назди шифокорон мешитобанд, – гуфт ӯ, ки дар сар кулоҳи дароз ва дар тан хилъати сафед дубора наздам пайдо шуд. 
Сонӣ тибқи тартибу низоми рӯзмарра як-як ба палатаҳо даромада, аз ҳоли беморон хабар гирифт. 
– Дасти шумо ҳаргиз дард накунад, укоҷонам! Дарди ҷонкоҳу сӯзиши ҷойи ҷарроҳӣ хеле пасанда шуд. Ман худро хуб ҳис мекунам, – гуфт яке аз беморон.  

 Пизишки бофарҳангу адабиётдӯст

Ҳибадҷон Саидов варақаҳои беморӣ дар даст ба утоқ баргашт ва онҳоро рӯйи миз гузошта, як-як вазъи беморонро дар он қайд намуд. Ман оҳиста ба ҷевони пур аз китоб наздик шудам. Бештари онро китобҳои марбути илми тиб ташкил мекарданд, ки солҳои гуногун нашр шудаанд. Чашмам ба чанд китоби тоҷикӣ афтид. Аз байни он романи «Фирдавсӣ»-и устод Сотим Улуғзодаро ба даст гирифтам. 
– Ин романро пештар хонда будам. Аммо пирӣ-дия, лаҳзаҳои зиёди он пурра дар ёдам намондааст, – сар аз варақаҳои беморӣ боло карда гуфт ҷарроҳ ва идома дод: – Барои ҳамин хостам, ки вақти фориғ аз кор онро дубора мутолиа кунам. Хеле китоби шавқовару хонданист. Дар он замон Фирдавсӣ барин шоири бузургро одамони ҷоҳил ба чӣ рӯзҳои сахту номатлуб дучор кардаанд ва мавриди таъқибу тавҳин қарор додаанд, ки касро ба ҳайрат меоварад. 
Баъд ӯ таъкид варзид, ки ҳоло чи дар кишвари мо ва чи дар Тоҷикистони ҳамҷавор шоирону нависандагон соҳиби эҳтиром ва гули сари сабади ҳар гуна анҷуманҳову маҳфилҳоянд. Давлат чандин нафарро соҳиби унвону мақомҳои баланд гардонидааст  ва бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ қадршиносӣ намудааст, аммо пири табибони олам Абуалӣ Сино, Фирдавсии Тӯсиву Хоҷа Камол ва як идда шахсиятҳои бузургамон дар он замон дар хавфу хатар ва муҳоҷират ба сар бурдаанд. 
Ин ҳарфҳои Ҳибадҷон ҷойи эътироз надошт ва пурра ҳақиқатро талқин менамуд. Барои ҳамин ҳарфҳояшро бо имои сар тасдиқ мекардам. Ногуфта намонад, ки ин ҷарроҳи варзида ғайр аз он ки бофарҳангу адабиётдӯсти асил мебошад,  дӯстдору гӯяндаи сурудҳои халқии тоҷикӣ ва Аҳмад Зоҳир низ ҳаст.

 Ҳибадҷон – овозхон

Охири солҳои ҳафтодуми қарни гузашта буд. Дар рӯзномаи ноҳиявӣ кор мекардам. Ҳанӯз вақти зиёде аз ба кор таъин шуданам нагузашта буд. Рӯзе бо се-чор нафар кормандони эҷодиву техникии рӯзнома ба тӯйи арӯсии яке аз наздикони Набиҷонакаи ҳуруфчин рафтем. Ин тӯй саропо тоҷикӣ мегузашт. 
Баранда ягон-ягон иштирокчиёни базми тӯйи арӯсиро ба назди микрофон мехонд ва онҳо навхонадоронро табрик мекарданд. Вақте ки сухан ба Ҳибадҷон дода шуд, ҷавони сафедрӯй ва мӯйи сараш ба пушт шоназадагӣ назди микрофон омад ва арӯсу домодро табрик намуд. Баранда аз вай хоҳиш кард, ки як-ду суруд низ хонад ва атрофиён ба кафкӯбӣ ин таклифи барандаро дастгирӣ намуданд.
Ҳибадҷон ба овозхонӣ шурӯъ намуд: 
Қадъм пастай, қадма баланд мегирам,
Хушкардаи худма аз Ватан мегирам.
Хушкардаи ман духтараки риштунияй,
Раҳ мерававу дандунаш тиллоияй...
Бештар аз ҳама лаҳни сурудхонии соҳиби овоз таваҷҷуҳи маро ба худ кашид. Зеро ӯ хоси лаҳҷаи мардуми водии Қаротегин месуруд ва ҷавонон дар ҳавои ин суруд баромада хеле рақсиданд. 
Баъди анҷоми базм бо Ҳибадҷон шинос шудам. Вай гуфт, ки баъди таҳсил дар Институти педиатрияи Осиёи Миёна ба бемористони марказии ноҳияи Риштон омада, ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ба гуфтаи ӯ дар мактаби онҳо дарсу машғулиятҳо ба тоҷикӣ мегузаштанд ва ӯ ба дарси адабиёт низ шавқу завқи зиёд дошт. 
– Муаллим мазмуну мундариҷаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии Тӯсиро ба мо хеле хуб шарҳу тафсир намудааст. Достонҳои «Рустаму Сӯҳроб» ва «Сиёвуш»-ро тарзе баён мекард, ки гӯё мо навореро тамошо мекардем. Инчунин тақозо менамуд, ки намунаҳо аз шеъру ғазалҳои шоирони мумтозу муосири форсу тоҷикро азёд кунем, зеро ба ин васила забонамон бурро хоҳад шуд, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо. 
Баъд афзуд, ки хондани шеъру ғазал ва дубайтиву рубоӣ кайфияти одамро ҳамеша хуш мегардонад. Замзамаи сурудҳои халқии тоҷикӣ бошад, табъро болида месозад. 

Оилаҳои байналмилалӣ насли солимро ба дунё меоранд

Ин ҳаргиз гапи хушку холӣ нест ва онро илми тиб кайҳо аз дами қил гузарондаву исбот намудааст. Оилаҳои байналмилалиро дар мисоли маҳаллаи Қошғариёни шаҳристони Риштон дидан мумкин аст. Аксари ин оилаҳоро намояндагони ду миллати ба ҳам дӯсту бародар – тоҷикон ва ӯзбекон ташкил медиҳанд: аз ӯзбекҳо духтар гирифта, ба ӯзбекҳо духтар додаанд. Ин анъана садсолаҳо боз давом мекунад. Барои аъзои чунин хонаводаҳо ба тоҷикӣ ё ӯзбекӣ ҳарф задан ягон мушкил эҷод наменамояд, зеро хурду калони онҳо ин ду забонро хеле хуб медонанд. Оилаи Ҳибадҷон ва Гулнора Саидовҳо аз зумраи ҳамин хонаводаҳо мебошад. 
Ногуфта намонад, ки лаҳҷаи мардуми якчанд деҳаи ноҳияи Сӯх, мисли деҳаи мо ба лаҳҷаи мардуми минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳамсон аст. Аз ин рӯ, Ҳибадҷон ҳар вақт рӯ ба рӯ шавем, бо лаҳҷаи мардуми мо  ҳарф мезанад. Ғайр аз ин, дар деҳаи Ҳушёри ин ноҳия хешу ақрабои оилаи Саидовҳо хеле зиёданд ва дар маросимҳои ғаму шодӣ онҳо ба хонаи якдигар ташриф меоваранд.

Бо дӯстон – мурувват...

Вақте ки сухан дар бораи яке аз пизишкони кӯдакони Риштон – Шоҳидҷон Каримоҷонов рафт, Ҳибадҷон гуфт, ки вай барояш ҳаққи устодӣ дорад. Ба гуфтаи мавсуф онҳо се бародаронанд ва ин пизишки кӯдакон дар оилаи онҳо бародари чорум ҳисоб меёбад. Шоҳидҷон Каримҷонов зимни суҳбат чунин гуфт:
 – Оилае, ки бар пояи ишқу муҳаббати самимӣ бунёд ёфтааст, ҳаргиз дарз пайдо намекунад. Оилаи Ҳибадҷон аз оилаҳои мустаҳками маҳаллаи мо маҳсуб меёбад. Ман андак пештар аз ӯ мактаби миёнаро хатм кардаам ва барои идомаи таҳсил ба шаҳри Тошканд рафтаам. Аз кӯдакӣ ба одамони хилъати сафедпӯш бо ҳавас менигаристам. Баъд Ҳибадҷон низ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи касалиҳои кӯдаконаи Институти педиатрии Осиёи Миёна супурд.
Шоҳидҷон Каримҷонов афзуд, ки дар ифтитоҳи клиникаи хусусиаш Ҳибадҷон Саидов хеле мусоидат намудааст. 
Боре нашунидааст, ки ин дӯсту ҳампешааш дили касеро озор дода ва ё касеро аз худ ранҷонида бошад. Инчунин аз шиори Ҳибадҷон – «Бо дӯстон–мурувват, бо душманон – мудоро» ёдовар шуд, ки дигарон низ мисли ӯ аз он бояд пайравӣ кунанд.
Дарвоқеъ, бародари калонии Ҳибадҷон – Усмонҷон Донишкадаи бофандагии Тошканд, Руқияхону, Ҳамидахон ва Замирахон дар Самарқанд донишкадаҳоро хатм кардаанд. Одилҷон аз зумраи соҳибкорони варзида дар соҳаи кулолгарӣ мебошад. 
Ҳибадҷон аз адаши худ – собиқ сардухтури ноҳияи Риштон ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ баъди ба дунё омаданаш падар назди Ҳибатуллоҳ Ҳикматов рафтааст, ки беш аз бисту панҷ сол дар мақоми сардухтури ноҳия вазифа анҷом додааст. Аз ӯ ризоият хостааст, ки ба писари навзод номи вай хеле муносиб аст ва боз илова кардааст, ки ин писари навзод калон шавад, мисли ӯ духтур хоҳад шуд. 
– Вақте ки Ҳибадҷон Ҳикматов маро ба шифохонаи марказии ноҳия ба кор қабул кард, бо машварати ӯ сонитар аз курсҳои такмили ихтисос гузаштам ва соҳиби тахассуси дуввум – ҷарроҳ шудам. Ҳоло чи кӯдакону чи калонсолоне, ки дарди «наштар»-и маро чашидаанд, сиҳату саломат гаштаанд ва дар ҳаққам дуои нек мекунанд, – мегӯяд Ҳибадҷон Саидов.     

Ҳаёт саҳнаи бозӣ нест!

Ҳамсуҳбати ман дар оғози суҳбат нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки агар дар бораи касбу кораш чизе навиштанӣ бошам, метавонам онро бо чанд ҷумла баён кунам ва вақти худро ройгон ба харҷ надиҳам. Гуфтамаш, ки ҳар бор дар бораи шахсе матлабе менавиштам, барояш суолҳои якранг медодам, ки кисту кай ва кадом олигоҳро хондааст ва ғайра. Аммо доираи мулоқотамон масъалаҳои берун аз кори пизишкии ӯро низ фаро хоҳад хонд. 
– Дар боло зикр гардид, ки оилаи шумо байналмилалист. Ҳамин тавр?
– Ҳамаи чиз ба сарнавишти инсон вобаста будааст. Баъзеҳо ҳаёту оиладориро ба саҳнаи бозӣ табдил медиҳанд, аммо ҳаёт саҳнаи бозӣ нест. Дар адабиёт хондаем, ки Лайливу Маҷнун, Фарҳоду Ширин, Тоҳиру Зӯҳро ва амсоли онҳо ба висоли ҳамдигар нарасидаанд. Аммо дар ҳаёти мо акси ин ҳол рух дод, – аз издивоҷи худ бо ҳамсараш ёдовар шуд духтур.
Баъд афзуд, ки Гулнора – зодаи шаҳри Урганч аст ва танҳо дар курси панҷум ҷуръат пайдо кардааст, ки ба ҳамсари ояндааш изҳори муҳаббат кунад ва ӯ ба шаҳри Урганҷ хостгорони худро фиристодааст.  
– Аксари духтарони давраи ҷавонии мо сода, камгап, ботамкин ва аз бисёр гапу корҳо бехабар буданд, аммо ҳоло дар дасти ҳар кадом духтар телефони мобил, дар баъзеи онҳо эҳсоси шарму ҳаё дида намешавад, духтару писар то издивоҷ даст ба дасти ҳам дода, дар хиёбонҳо сайру гашт мекунанд, ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд ва ҳатто пеши чашми дигарон мебӯсанд. Куҷост он расму ойинҳои мардуми мо, иффати духтарона, шарму ҳаёе, ки хоси занону духтарони мост? Ба ростӣ, дарки ин ҳол бароям хеле мушкил аст, – мегӯяд бо таассуф ин ҷарроҳи риштонӣ.
Маълум нест, ки боз чанд сол Ҳибадҷон Саидов, бо вуҷуди бузургсолӣ, ба мардум хидмати беминнат мерасонад ва ба арзу эҳтиромашон сазовор мегардад. Худо ба умри ӯ баракат ато кунад! 
Низомии Ганҷавӣ хеле хуб фармудааст:
Умр ба хушнудии дилҳо гузор,
То зи ту хушнуд бувад кирдугор. 
Сояи хуршедсаворон талаб,
Ранҷи худу роҳати ёрон талаб.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: