ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ...

Боиси ифтихору хушнудист, ки дар арафаи соли хониши нав собиқ хатмкунандагони мактабамон соҳибкорони саховатпеша Ҷалол Шукуров ва Рустам Солеев ба кори хайру нек даст заданд.

Ҳурмати илму устоду китоб, 
Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб.
Ҳар кӣ ӯ тарки ин се ҳурмат кард, 
Азми идбору майли зиллат кард. 
***
Агар дар дилат меҳри устод нест, 
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест. 

Абдураҳмони ҶОМӢ.

Боиси ифтихору хушнудист, ки дар арафаи соли хониши нав собиқ хатмкунандагони мактабамон соҳибкорони саховатпеша Ҷалол Шукуров ва Рустам Солеев ба кори хайру нек даст заданд. Онҳо дар тарабхонае дасторхони пурнозу неъмат густурда, омӯзгоронеро, ки дар нафақа ҳастанду гашти пирӣ меронанд, барои суҳбати дилнишину самимӣ ба атрофи як пиёла чой даъват намуданд. 
Ба чорабинии пуршукӯҳу хотирнишон собиқ директори мактаби миёнаи рақами 14-уми ноҳияи Самарқанд (ҳоло мактаби 73-юми шаҳри Самарқанд) Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ Раббим Ҷабборов таъкид намуд, ки тарбият аз таълим волову ҷолиби диққат аст, ки инсонро ба камол мерасонад, некӣ кардан, дил ба даст овардан, хоксорӣ, аҳду вафо барин хислатҳои неки одамиро ёд медиҳад. Фаромӯш набояд кард, ки мақсади зиндагии инсон ба қадри якдигар расидан аст. 
Рафтори шогирдони мактабамон Ҷалол Шукуров ва Рустам Солеев сазовори таҳсин мебошад, ки имрӯз ҳамаи  муаллимони мактабамонро ба ин гӯшаи хушҳавои лаби Дарғам даъват намуданд. 
Лекин сад афсӯс, ки мо кам шудем. Фаррух Мардонов, Умед Туйғунов, Фарида Муродова, Марҳабо Бӯриева, Мусаввара Ҷумъаева, Дилором Маматқулова ва дигарон ба ҳақ пайвастанд. Аз тақдир ҷойи гурез нест. Рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод. 
Таъкид кардан бамаврид аст, ки мактаби моро ҳар сол садҳо нафар писаракону духтаракони гузарҳои Кӯл, Навбоғчиён, Саратеппа, Темурқишлоқ ва ғайра хатм карда, ба ҳаёти мустақил роҳхат мегиранд.
Яке аз дастпарварони таълимгоҳи мо Озода Назарова мебошад, ки имрӯзҳо вазифаи мудири таълимгоҳро дар ӯҳда дорад.
– Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки анъанаҳои неки устодони соҳибтаҷрибаро давом диҳам. Мактабамон дар шаҳри Самарқанд ба нуфузу эътибори хоса соҳиб аст ва дар рейтинги нишондодҳои вилоятӣ ҷойи фахриро ишғол менамояд. Зеро соли дуюм аст, опен бюҷетро соҳиб шуда, биноҳои иловагӣ сохтем, синфхонаҳои фанҳои дақиқ бо асбобу анҷомҳои зарурӣ пурра таъмин гардиданд.
Мақсади асосӣ тарбияи насли наврас барои Ӯзбекистони Нав аст, – мегӯяд Озода Эргашевна. 
– Аз фурсат истифода бурда ба сарвари таълимгоҳ Озода Эргашевна миннатдорӣ изҳор мекунем, – гуфт Маҳбуба Пардаева,– зеро дар арафаи иди касбӣ ҷамоати мактаб ба хонадони ҳар яки мо омада бо гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ табрик намуда, табъамонро болида сохтанд.  
 – Мо – шогирдон ба шумоён, устодони меҳрубону ғамхор ҳар чӣ қадар хидмат намоем кам аст, – гуфт Ҷалол Шукуров, – зеро бузургон насиҳат кардаанд, ки:
Ҳаққи устод аз падар беш аст, 
В-аз падар устод дар пеш аст. 
Ба бахти аҳли оила, хешу пайвандон, ҳамкасбону шогирдон ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед.  

Хуршеда АКРАМОВА, 
собиқ омӯзгори мактаби 
рақами 14-уми ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: