Ҳамватанони муҳтарам!
Варзишгарон-қаҳрамонони азизи мо!
Муҳтарам мураббиён ва падару модарон!
Дар ин рӯзҳо дар мамлакатамон кайфияти идона ҳукмронӣ менамояд.
Шумо, варзишгарони азиз, дар Фаронса, дар шаҳри Париж дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ натиҷаҳои рекордӣ нишон дода, чунин рӯҳи ҷашниро ба мамлакат овардед.
Самимона, аз таҳти дил ҳамаи шуморо аз номи халқамон ва шахсан аз номи худам бо дастовардҳо ва натиҷаҳои муҳташам, беназир табрик менамоям.
Дӯстони муҳтарам!
Дар ин анҷумани байналхалқии варзишӣ қариб 4400 варзишгарони пурқувват ва бомаҳорат аз 168 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, ки аз нуфуз ва доираи васеи он далолат менамояд.
Воқеан, Бозиҳои паралимпӣ ин зуҳури ирода, мардонагӣ ва шуҷоат, некӣ ва инсонпарварӣ аст.
Шумо, ҷавонони шуҷоатмандамон, дар талошҳои тезутунд ва бемуросо қуллаҳои баландро фатҳ намуда, қаҳрамонони ҳақиқии мусобиқот гардидед. Инро ба даст овардани 10 медали тиллоӣ, 9 медали нуқра, 7 медали биринҷии ҷамоаи Ӯзбекистон, мақоми 13-ро дар ҳисоби ҷамоавӣ ба даст овардан, инчунин ҷойи сеюм дар Осиё ва ҷойи якум дар байни мамлакатҳои туркӣ, исломӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил собит менамояд. Тавре маълум аст, дар таърихи варзиши Ӯзбекистон ғалабаҳои зиёд мавҷуд. Аммо чунин натиҷаҳои рекордӣ дар Бозиҳои паралимпӣ ҳанӯз ба даст наомада буд. Ин натиҷаи меҳнати машаққатнок, ирода ва қатъияти шикастнопазир, истеъдод ва маҳорат мебошад.
Ин натиҷаи кори бонизоме мебошад, ки дар мамлакат ҷорӣ гаштааст, ки ба таъмини манфиат ва қадри инсон нигаронда шудааст.
Танҳо шахсе, ки аз таҳти дил Ватанро дӯст медорад, боматонат, қалбашон оташин аст, ба фатҳи чунин қуллаҳои баланд қодиранд. Халқамон бо шумо хеле мефахрад. Барои шумо раҳмати калон!
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Пас аз Бозиҳои паралимпӣ дар Токио мо дар назди худ мақсади бузургро гузошта будем, ки дафъаи оянда ба қатори 15 ҷамоаи пурзӯри ҷаҳон дохил мегардем. Ва тамоми ин солҳо бемайлон ба ин мақсад азм намудем.
Пойгоҳи мустаҳкам барои даст ёфтан ба ин натиҷаҳои назаррас бо роҳи минбаъд беҳсозии шароит барои варзишгарон фароҳам оварда шуд. Дар натиҷа соли ҷорӣ Ӯзбекистон дар Бозиҳои паралимпӣ бори аввал бо чунин ҳайати калон – 65 варзишгар бинобар 9 намуди варзиш намояндагӣ кард. Бояд таъкид кард, ки намояндагони мо аз рӯйи велоспорт бори аввал дар мусобиқаҳои паралимпӣ иштирок намуданд.
Албатта ҳар як ғалабаи бадастомада, ҳар як натиҷа дар Паралимпиада аҳамияти муҳимро молик аст. Ҳамзамон ба туфайли дар чор сол як бор баргузор гардидани чунин мусобиқаҳои байналхалқии бузург ҷомеаи ҷаҳон метавонад баҳо диҳад, ки дар ҳар як мамлакати иштирокдор ба татбиқи потенсиали ҷисмониву маънавии инсон чӣ гуна эътибор дода мешавад.
Ҳамин тариқ, шумо бо дастовардҳои таърихии худ ба шаън ва шарафи Ӯзбекистони азиз обрӯ зам намудед, боз ҳам обрӯйи онро дар ҷаҳон боло бурдед.
Ҳамватанони азиз!
Натиҷаҳои Паралимпиадаро таҳлил намуда, мо, бешубҳа, пеш аз ҳама ба нишондодҳои рекордӣ эътибор медиҳем.
Дар навбати аввал бояд таъкид кард, ки дар Бозиҳои паралимпии гузашта намояндагони мамлакатамон дар маҷмӯъ 26 медалро соҳиб гардида, рекорди таърихӣ гузоштанд. Чунин ғалабаи дурахшон ба солномаи Ӯзбекистон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Бояд таъкид кард, ки атлетикачии сабуки афсонавиамон Ҳусниддин Норбеков бори аввал дар таърихи мамлакат чемпиони секаратаи Паралимпӣ ва ҳамзамон соҳиби рекорди нав гардид.
Бобурҷон Амонов ва Шерзод Намозов бори дувум дар ядропартоӣ ва оид ба дзюдо медалҳои тиллоро соҳиб гардиданд, Бобурҷон бошад ғайр аз ин рекорди паралимпиро нав намуд ва ҳамин тариқ сазовори боварии калон шуд.
Бубинед, дар мамлакати мо чӣ гуна паҳлавонҳо ҳастанд!
Мо инчунин воқеан метавонем ифтихор намоем, ки духтаронамон низ ба ғалабаи мунтахаби Ӯзбекистон саҳми муносиб гузоштанд. Инро он нукта низ собит менамояд, ки аз медалҳои бадастовардаи ҷамоаамон 11-тоаш дар ҳисоби онҳо мебошад.
Духтарони моҳирамон Асила Мирзоёрова – дар ҷаҳидан ба дарозӣ ва Нурхон Қурбонова – найзаандозӣ чемпионҳои паралимпӣ гардиданд. Инчунин бо натиҷаҳои онҳо дар ҳайрат ҳастем, ки бо дастовардҳояшон рекорди Бозиҳои паралимпии мазкур ва ҷаҳонро нав намуданд.
Ба ғайр аз ин Нурхон дар ядропартоӣ медали биринҷиро соҳиб гардида, ду медалро ба даст овард. Шоҳинахон Йигиталиеваи 15 сола медали нақраро ба даст оварда, ба таърих чун ҷавонтарин иштирокдор-ҷоизадори Бозиҳои паралимпӣ дохил шуд.
Шараф ва таҳсин бод ба варзишгарони шуҷоатнок, бигузор бахт ва тавфиқ ҳамеша ҳамроҳи шумо бод!
Дар ҳисоби варзишгари бомаҳоратамон Толиббой Йӯлдошев инчунин ду ғалаба – сари синаи ӯро медалҳои тилло ва биринҷии паралимпӣ оро медиҳад. Боз як қаҳрамони мо, чемпиони дукаратаи паралимпӣ Ёрқинбек Одилов мебошад, ки дар найзаандозӣ рекорди Осиёро нав намуд.
Имрӯз дар ин маросими тантанавӣ мо бори дигар инчунин Қудратиллохон Маъруфхӯҷаев, Элбек Султонов, Асадбек Тоштемиров, Шерзод Намозовро бо медалҳои тиллоӣ табрик менамоем.
Боз дар бораи рекордҳои қаҳрамононаи варзишгарони Ӯзбекистон зиёд гуфтан мукин аст. Соҳиби иродари қавӣ Рӯзӣ Қӯзиева оид ба пауэрлифтинг соҳиби медали нуқра гардид. Ғалабаи ӯ воқеан муносиби «тилло» мебошад, инро тамоми ҷаҳон эътироф намуд. Ҷамоаи мунтахабамон оид ба таэквондо бори аввал дар Бозиҳои паралимпӣ 3 медалро соҳиб гардида, дар ҳисоби ҷамоавӣ мақоми сеюмро ишғол намуд.
Боиси эътибор аст, ки атлетикачиёни сабуки Ӯзбекистон бори аввал 8 медали тиллоро соҳиб гардиданд, яъне 80 фоизи ҷоизаҳои олиамонро таъмин намуданд.
Хуллас, шумо, азизони ман, ба арсаи байналхалқӣ чун насли тиллоии ҷунбиши Паралимпии Ӯзбекистон ворид гардидед ва ба мамлакат бо ғалабаҳои бузург баргаштед.
Қалбҳоямон аз ифтихори миллӣ пур гардид, ба ифтихори ғалабаҳоямон дар Париж 10 маротиба мадҳияи Ӯзбекистон садо дода, 26 маротиба парчами Ватанамон баланд бардошта шуд.
Воқеан, агар мо аз таҳти дил ба сӯйи мақсади пешгузошта азм намоем, қуллаҳои баландтаринро фатҳ менамоем!
Танҳо муттаҳидона мо халқи ягонаем, танҳо якҷоя мо мамлакати пурқувватем!
Дӯстони муҳтарам!
Албатта дар Бозиҳои паралимпӣ, ки ҳамеша дар рӯҳи муборизаи тезутунд ва бемуросо баргузор мегардад, танҳо варзишгарони шуҷоъ ва соҳибирода иштирок карда метавонанд.
Аз ин лиҳоз мо инчунин иштирокдорони бозиҳо – дзюдогирон Турғун Абдиев, Улҷон Амриева, Шоҳрух Мамедов ва Фирӯза Эргашева, устодони греблеи каноэ Шаҳзода Мамадалиеваро табрик менамоем, ки ба онҳо ин дафъа барои ғалаба каме омад нарасид, аммо онҳо тамоми қувваи худро ба ҳифзи шарафи Ватан равона намуданд, дар набардҳои бемуросо таҷрибаи калон ҷамъ карданд, барояшон дар мусобиқаҳои оянда пирӯзиҳо таманно дорем.
Духтарон ва писарони азизи мо!
Ғалабаҳои дурахшон ва бузурги варзишии шумо бори дигар аёнан нишон дод, ки инсон воқеан бо чӣ гуна имконоти беҳад, иқтидор ва потенсиал молик аст, ки эҷоди нодири Худованд ба шумор меравад. Бешубҳа, ирода ва мардонагии шикастнопазир – омиле мебошад, ки дар ҳаёт бисёр чизро ҳал мекунад. Аммо тарбия ва парвариши инсони муносиб, қалбу рӯҳи ӯро бо чунин ирода сириштан, кори осон ва сода нест.
Ошкоро бояд гуфт, ки мардонагие, ки шумо зоҳир намудед, ба он на ҳама қодир аст.
Ман хуб тасаввур карда метавонам, ки шумо, азизони ман, чӣ гуна роҳи дароз, пурмашаққат ва мураккабро тай намудед, то ки ба шоҳсуфаи ифтихорӣ бароед. Хуб медонам, ки дар ин роҳ шумо бо озмоишҳои мухталиф ва мушкилот, шубҳаву нобоварӣ, эҳсосоти дохилӣ ва нигарониҳо дучор гардидед, шабҳоро бехоб пушти сар намудед.
Инчунин медонам, ки дар роҳи мақсадҳои дарпешгузоштаатон шумо шуҷоатмандона меҳнат кардед, даҳ ва ҳатто сад бор, нисбат ба дигарон, меҳнатро таҳаммул кардед. Дар чунин лаҳзаҳои мураккаби озмоиш дар сафи шумо одамони шуҷоатнок, ки дар қалбҳои шумо умед ва боварӣ, қатъият ва мардонагӣ бедор намуданд, қарор доштанд ва онҳо ҳамеша шуморо дастгирӣ намуда, ба ғалаба илҳом бахшиданд.
Ман аз дидани онҳо имрӯз дар ин ҷо шод ҳастам. Ин пеш аз ҳама падару модарони шумо, наздикон ва хешовандонатон мебошанд. Дар ғалабаи шумо саҳми муносиби онҳо низ ҳаст.
Биёед, дӯстони азиз, падару модарон, аъзои хонаводаи варзишгарони қаҳрамонамонро истиқбол менамоем, эҳтиром ва беҳтарин орзуҳоро таманно мекунем! Дар қатори онҳо ба мураббиёни доно ва шуҷоатнок, тамоми шахсон ва мутахассисони масъул миннатдории самимӣ мегӯем.
Махсусан ба мураббиёни ботаҷриба оид ба параатлетикаи сабук Иброҳимҷон Юсупов, Яҳёбек Ёқубов, Сардор Худойберганов, Григорий Камула, Азизҷон Норматов, Раҳмонбердӣ Хӯҷамов, Галина Казакова, мураббиёни соҳибистеъдоди парадзюдо Маҳмуд Амонов, Муротбой Дусумбетов, Алфия Иброҳимова, Фозил Кароматов ва мураббии маъруф оид ба паратаэквондо Бобур Қӯзиев, мураббиёни соҳибтаҷриба оид ба пауэрлифтинг Фазлиддин Умирзоқов, оид ба парашиноварӣ Равшанбек Омилов ва оид ба тирандозӣ Наталя Ефимова, инчунин мутахассиси равоншинос Лола Аъзамова миннатдории алоҳида изҳор менамоем.
Ҳоло мо бо боварии комил метавонем бигӯем, ки: Ӯзбекистони Нав соҳиби мактаби мардонагии худ, мактаби шуҳрати худ аст.
Шумо офарандагони аслии ин мактаб ҳастед. Албатта, комёбиҳои шумо дар спорт ва дар ҳаёт барои ҷавонон ибрати дурахшон, манбаи қувваю ғайрат ва шуҷоат хоҳад буд.
Ҳамватанони азиз!
Вақте ки мо дар бораи муваффақиятҳо дар Париж сухан меронем, бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар мамлакати мо ба инкишофи соҳаи спорт ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳаракати паралимпӣ диққати калон дода шуда, барои дастгирӣ намудани шахсони имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани шароити фарогир барои онҳо корҳои бузург ба ҷо оварда мешаванд.
Чунон ки маълум аст, аз соли гузашта дар ҷумҳурӣ Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ амал мекунад. Ҳамчунин, бо мақсади рушди варзиши мутобиқшавӣ ва ҷалби маъюбон ба ин самт Ассотсиатсияи намудҳои мутобиқшудаи варзиш таъсис дода шуд.
Бешубҳа, дар ғалабаҳои таърихие, ки дар майдонҳои спортии Париж ба даст оварда шудаанд, низ ҳиссаи арзандаи худро доранд.
Ба ин муносибат ба роҳбарону фаъолони Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, Ассотсиатсияи намудҳои мутобиқшудаи варзиш, инчунин ба тамоми федератсияҳои варзиш миннатдории самимӣ баён мекунам.
Дар оянда мо дар баробари пара-спорт намуди варзишеро, ки маъюбон низ машғул мешаванд, дар кишвар ба таври васеъ инкишоф хоҳем дод. Ба мутобиқшавии иҷтимоии онҳо диққати махсус дода мешавад.
Мехоҳам дар бораи боз як зуҳуроти муҳаббат ва эҳтироми халқи мо, зиёиёни эҷодкор нисбат ба шумо, қаҳрамонони асил таваққуф намоям. Шоирону нависандагони боистеъдод ҷасорату матонати Шуморо ситоиш намуда, нашри дуюми китоби «Олимп узра ҳилпирар Ӯзбекистон байроғи» («Парчами Ӯзбекистон дар болои Олимп парафшонӣ мекунад»)-ро омода карданд. Имрӯз низ ин китобро ба ҳар яки шумо ҳамчун туҳфаи хотирмон тақдим намуда, аз номи шумо ба эҷодкорони он ташаккур баён мекунем.
Рафиқони азиз!
Бо таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳое, ки дар Париж ба даст омаданд, мо бояд ҳоло омодагиро ба Бозиҳои паралимпии Лос-Анҷелес дар соли 2028 оғоз кунем.
Тавре худатон шоҳид будед, дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и Париж варзишгарони паралимпии мо дар мусобиқот аз рӯи давидан, тирандозӣ ва найзаандозӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ба баландӣ хеле фаъол иштирок карданд.
Мо бояд дар Бозиҳои навбатии паралимпӣ шумораи чунин намудҳои варзишро боз ҳам зиёд кунем. Дар баробари рушди варзише, ки дар он мо аллакай ба натиҷаҳои баланд ноил шуда истодаем, мо бояд омодагии варзишгаронро дар чунин намудҳои паралимпӣ, аз қабили шиноварӣ ва тирпарронӣ дар асоси стратегияи мушаххас самаранок ба роҳ монем.
Чунон ки дар боло гуфтем, велосипедронони мо бори аввал дар Бозиҳои паралимпии ҳозира иштирок карданд. Минбаъд дар ин самт мо бояд на танҳо барои гирифтани иҷозатнома, балки барои ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас дар мусобиқаҳо низ мубориза барем.
Барои ин мо баҳри варзишгаронамон тамоми шароити заруриро фароҳам меорем. Аз ҷумла, кор оид ба хидматрасонии тиббӣ, фармакология ва диетологияи онҳо пурзӯр карда мешавад. Инчунин, барои баланд бардоштани фаъолияти равоншиносони варзишӣ, ки бо пара-варзишгарон кор мекунанд, низоми ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ карда мешавад.
Умуман, ҳадафи асосии мо дар ҷамъбасти Бозиҳои навбатии паралимпӣ ба «даҳгона»-и беҳтарин дохил шудан дар сабқати даставӣ хоҳад буд. Бо ин мақсад аз рӯи фикру мулоҳизаю таклифҳои шумо ва вазорату федератсияҳои дахлдори спорт барномаи махсус тартиб медиҳем.
Рафиқони азиз!
Варзишгарони муҳтарам!
Ба қарибӣ ман ба Фармон дар бораи мукофотонидани ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ, як гурӯҳ мураббиёни онҳо ва аъзои ҳайати вакилони спортии Ӯзбекистон имзо гузоштам.
Бори дигар шуморо бо натиҷаҳои барҷастае, ки дар Бозиҳои паралимпии гузашта ба даст овардаед ва мукофотҳои олии давлатӣ аз самими қалб табрик мегӯям.
Ба ин муносибат, махсусан қайд кардан мехоҳам: шумо шахсиятҳои нотакрор ҳастед, ки сарфи назар аз ҳама гуна душвориҳои зиндагӣ ва озмоишҳои тақдир танҳо барои пирӯзӣ, барои ҳадафи наку талош меварзед.
Бигзор ин хислатҳои шумо ҳамеша ба шумо хушбахтӣ ва омад оварад!
Ба ҳамаи шумо саломатӣ, шукуфоӣ ва пирӯзиҳои нави дурахшон орзумандам!