Дар шаҳраку маҳаллаҳои дурдасти кишварамон бино ба анъана ба шарофати ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистон корхона, биноҳои мактабу кӯдакистон, бемористону бунгоҳҳои тиббии оилавӣ ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ба истифода супурда мешаванд.
Чанде қабл дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Тинчлики ноҳияи Боёвут низ муассисаи нави таълими томактабии давлатии рақами 37 ба истифода супурда шуд.
Ин бино дорои воситаҳои таълиму тарбияи замонавӣ мебошад. Муассисаи мазкур барои беш аз 100 нафар наврас пешбинӣ шудааст. Онро бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қурилиш инвест» бунёд намудаанд. Барои ин 3 миллиарду 500 миллион сӯм харҷ шуд.
Дар маскани тарбия шабакаи санитарию гигиенӣ, нуқтаи тиббӣ, толори мусиқӣ, шоҳмот, шашка, хонаҳои таълими забонҳои хориҷӣ, ошхона, толори тобистона, майдончаҳои бозӣ дар хидмати наврасону мураббиён аст. Мураббиҳои бомалака аз усулҳои интерфаъол истифода мебаранд. Машғулот барои гурӯҳҳои хурдсол дар доираи Барномаи давлатии таълимии «Қадами аввал» гузаронида мешаванд, ки ба ташаккул додани ҳаёти солим, баланд бардоштани салоҳияти зеҳнии онҳо нигаронида шудааст. Тибқи он кӯдакон бо кӯмаки мураббиён расм мекашанд, дар бораи хосиятҳои фоидабахши меваву сабзавот маълумот мегиранд, ҳамчунин нутқу саводи кӯдакон, донишҳои ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии онҳо аз санҷиш гузаронида мешаванд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.
Суратгир: муаллиф.