Имрӯз аз ҷониби Агентии рушди байналмиллалии ИМА (USAID) қабули аризаҳо барои гранте, ки тавассути лоиҳаи дастгирии тиҷорат ҷудо мешавад, оғоз ёфт.
Ин ташаббус ба беҳсозии муҳити соҳибкорӣ, бахусус, рушди самтҳои муҳим, чун бофандагӣ, сайёҳӣ, иқтисоди сабз ва технологияҳои ахборӣ-коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.
Барнома корхонаҳои тиҷоратии хурду миёна, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар сохторҳоеро, ки дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳм мегузоранд, дастгирӣ менамояд.
Ҳаҷми ин грант бо шарти маблағгузории муштарак 25-100 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Барои аксари корхонаҳо 50 фоизи арзиши лоиҳаро фаро мегирад.
Маълум аст, ки USAID ба маблағгузории лоиҳаҳое, ки ба занон, ҷавонон ва дигар табақаҳои ниёзманд нигаронида шудаанд, диққати махсус медиҳад. Яъне то 80 фоизи хароҷотро маблағгузорӣ карданаш мумкин аст.
Мақсади ин ташаббуси грантӣ, ки то 15 октябр ариза супоридан имконпазир аст, таъмини рушди дарозмуддати иқтисодӣ тавассути ташаккули экосистемаи фаъол, инноватсионӣ ва соҳибкории устувор мебошад.