Қабл аз инқилоби октябр на танҳо коргузории кохи амири аморати Бухоро, балки тамоми анвои китоб, аз дарсӣ то илмӣ ва ҳатто авроқи таблиғотии ҳаракати ислоҳхоҳии ҷавонбухориён ба забони тоҷикӣ нашр мегардид, аммо ба ҳамаи ин хотима дода шуд.
«Бухорои Шариф» нахустрӯзномаи тоҷикии таъсиснамудаи Мирзо Ҷалол Юсуфзода, Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ аз 11 марти соли 1912, тақрибан баъд аз даҳ моҳи фаъолият, бо амри амири вақт аз нашр боздошта шуд.
Маҷаллаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб», ки моҳи марти соли 1919 дар асоси аризаи форсзабонони ноҳияи Боғишамол (Самарқанд) ва бо пайгирию талошҳои Саидризо Ализода таъсис ёфту мавсуф нахустмуҳаррир, устодон Садриддин Айнию Ғуломалӣ Козимзода узви ҳайати таҳририя ва Ф. Роҷӣ хаттот буданд, мутаассифона, баъди нашри ҳамагӣ 91 шумора аз чоп монд. Дақиқтараш чопу нашри онро барои ҳамеша манъ карданд. Чаро? Айёме ҳукмравоӣ дошт, ки як идда ҳастии миллати моро бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй мекарданд инкор бикунанд. Аламовар аст, ки ин раванд ҳатто боис ба гумроҳ гардидани баъзе аз аҳли зиёи тоҷик гардид ва маҳз ҳамонҳо дар манъ шудани чопу интишори маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» даст доштанд. Дар навиштаи «...тоҷикони Осиёи Миёна ба сабаби каҷфаҳмии гурӯҳе аз коркунони масъули шуроӣ ва фирқагиашон аз тоҷик номидани хешу сухан гуфтан ба забони тоҷикӣ нанг медоштанд. Аз ин ҷиҳат то соли 1924 ба сивои маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», ки вай ҳам беш аз ду сол давом накарда, фидои (қурбони) ин каҷфаҳмиҳои коркунони масъули тоҷик гардид, дар тамоми Осиёи Миёна барои тахминан ду миллион миллати тоҷик рӯзнома ё маҷаллае нашр, китобу рисолае чоп, мактабу курсе кушода нашуд» («Овози тоҷик», №100 аз 6 сентябри с. 1926), маҳз онҳо мавриди назар ҳастанд.
Пас аз инқилоби октябр, аниқтараш то соли 1924, қабл аз ба миён омадани масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна, (ба истиснои ҳамон «Бухорои шариф» ва «Шуълаи инқилоб») тоҷик на рӯзнома дошту на маҷалла, ки барояш ҳамчун минбари баланди эътироз ба ёвгӯиҳои бадхоҳон хидмат намояд. Мурод нашрияи сирф тоҷикист. Зеро нашрияҳои дузабонаю сезабона («Самарқанд», «Ойина», «Қутулиш» («Раҳоӣ») буданд. Дар ин давраи бисёр ҳассос аҳли зиёи тоҷик хуб дарк кард, ки бе доштани нашрияи миллӣ наметавонад ҳадафҳои худро иброзу ба гӯши ҳамагон расонад. «Аз ин ҷиҳат тоҷикон маъюс буданд. Зеро миллате, ки рӯзнома надорад, аз олам бехабару аз зиндагии худ бебаҳра аст. Ба ҳамин сабаб, баъзе аз тоҷикон кӯшиш карданд, ки ба забони тоҷикӣ ҳам рӯзномае нашр шавад, то ки тоҷиконро аз хоби ҷаҳолат бедор карда, ба корвони тараққию маданият расонад. Вале ин фикр пеш нарафт. Пас аз чанд муддати дигар, яъне дар аввали соли 1924 Шуъбаи миллатҳои майда дар ҳузури Кумитаи Марказии Фирқаи Иштирокиюни Туркистон он фикри пешинро хеле пурманфиат дида, кӯшиш кард, ки як рӯзнома ба забони тоҷикӣ нашр карда шавад. Ба ин сабаб ин масъаларо дар музокира гузошта, ҳал карданд.
Пас аз қарордоди Кумитаи марказии фирқаи иштирокиюни Туркистон, ба вуҷуд овардани ин амр ба Кумитаи вилояти Самарқанд ҳавола карда шуда буд, ки дар он вақт котиби масъули Кумитаи вилоятӣ рафиқ Ғанихон Ҳомидхонзода буд. Дар маҷлиси кумита ин масъала музокира шуда, шуъбаи тарғиботу ташфиқотро (барои) ба вуҷуд овардани ин ҷарида маъмур карданд. Муҳаррири навтаъйиншудаи ин ҷаридаро (Абдулқайюми Қурбӣ) ба шуъбаи ташфиқоту тарғибот талаб карда, бо ӯ дар хусуси харҷу дахли ҷарида, исми ӯ ва дигар чизҳои заруриаш гуфтугӯ карда, ба ин қарор омаданд, ки алъон муваққатан ин ҷарида ҳафтае як бор нашр шавад ва ҷойи идорааш ҳам муваққатан дар идораи ҷаридаи «Зарафшон» таъин шавад. Ин ҷарида бо ном «Овози тоҷик» номида шуд.
Ҳамаи ин қарорҳоро Кумитаи фирқаи вилоят тасдиқ кард. Рӯзе, ки ин масъала ба майдони вуҷуд баромад, дар миёни тоҷикон як сурури фавқулода пайдо шуд. Аз ҳар ҷо аҳли қалам ба интизори он буданд, ки ин ҷарида мунташир шавад ва ба (дар) ӯ аз аҳволи тоҷикон баҳс ва масъалаҳои мушкилашон ба воситаи он ҳал гардад. Хусусан, он ду рафиқи муҳтарам Ализода ва Козимзода, ки аз аввали ҷарида то ба ҳол (соли 1926) ба хидмати ӯ ҳастанд, ба (дар) нашри ин ҷарида хеле заҳматҳо кашиданд. Албатта, хидмати онон ба назди миллат шоёни тақдир аст. Ва ҳамчунин дигар аҳли қалами тоҷикон ҳам барои ин ҷарида хидматҳои некӯ карданд. Вақте ки барои интишори ҷарида шурӯъ шуд, дар ҳамон вақт аз вилояти Фарғона ба тариқаи иъона аз рафиқи муҳтарам, Абдураҳим Ҳоҷибойзода, панҷсад сӯм гирифта шуд ва низ аз Кумитаи Марказии Туркистон 3 000 сӯм ва аз Ҷумҳурии Бухоро 2 000 сӯм гирифта шуд.
Пас аз ба роҳ мондани корҳои идора ба баровардани ин ҷаридаи тоза шурӯъ шуд. Рӯзи душанбе, 25-уми моҳи августи соли 1924 чӣ хуш рӯзест, чӣ некӯ моҳест, чӣ фархунда солест, ки барои тоҷикони маҳрумшуда аз ирфону дурафтодаи аз маданият ин ҷаридаи «Овози тоҷик» пайдо шуд. Гуё, ки ин овозест ба мисли сур, то ки тоҷиконро аз хоби ғафлат бедор кунаду ба роҳи иҷтимоӣ ҳидоят намояд. Ҳамон рӯзи 25-уми моҳи август ғулғула дар миёни тоҷикон афтод. Ҳама шодону хандон ин ҷаридаро мехонданд, хурсандии ин миллат ба хурсандии миллатҳои дигар ҳам таъсир мебахшид. Дар ин ҷо лозим аст, ки ёрирасонидагон ба ин рӯзномаро ёдоварӣ намоем, рафиқон Абдулло Раҳимбойзода, Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад, Эшонқул Мирҷамолзода, Ҳоҷибойзода, Ҳомидхонзода, Искандар Файзулин ва ғайра (дигарон), ки ҳамагӣ ба нашри ҷарида сабаб шуданд. Зикри аҳли қалам, ки ба қалам ёрӣ расонида буданду ёрмандӣ мерасонанд, ҳоҷат ба баён нест, чунки ба хонандагони ҷарида аз оина равшантар аст.
Аммо ёрмандии як рафиқи муҳтарамро зикр кардан лозим аст, ин рафиқ Алӣ Исмоилзода аст, ки дар он вақт муҳаррири ҷаридаи «Зарафшон» буд. Номбурда хеле ёрмандиҳои моддию маънавӣ ба ин ҷарида расонидааст. Албатта, ин ёрмандиро таърихнависони миллат фаромӯш нахоҳанд кард. Имрӯз замони қадам ба соли савум гузаштани ин ҷарида аст. Вале шумораи он акнун ба сад расида. Чаро кам мунташир шудааст? Маълуми хонандагони ҷарида аст, ки мо доим аз хусуси буҳрони молии ҷарида шикоятҳо мекардем. Сабаб ҳамон аст.
Сироҷиддин ИКРОМӢ.
«Адабиёт ва санъат»,
22 августи соли 2024, № 33.