2. ШАТРАНҶ: НОМ ВА ТАРЗИ ҲАРАКАТИ МУҲРАҲОИ ОН

(Аввалаш дар шумораи гузашта).

Анӯшервон он гоҳ доноёни дарборро фаро хонд ва тахтаи шатранҷро дар миён гузошт. Аммо ҳеч кадом натавонистанд рози ин бозиро биёбанд. Пас аз гузашти чанд рӯз, чун Бузургмеҳр ба дарбор омад ва шоҳро гирифтаву талхком дид, аз ӯ масъаларо суол кард. Анӯшервон достонро ба ӯ гуфт. Бузургмеҳр ба шоҳ итминон дод, ки рози ин бозиро хоҳад гушуд. 
Ба Кисро чунин гуфт, 
к-эй подшо, 
Ҷаҳондору бедору 
фармонраво. 
Ман ин нағз бозӣ ба ҷой 
оварам, 
Хирадро бад-ин раҳнамой 
оварам! 
Пас аз як шабонарӯз, Бузургмеҳри хирадманд ба рози бозии шатранҷ пай бурд ва дар баробари фиристодаи Ҳинд ҳама муҳраҳои шатранҷ ва ҷойгоҳи ҳар якро бозгуфт. Анӯшервон аз доноӣ ва хиради Бузургмеҳр чунон шодмон шуд, ки ҷоме пур аз гавҳари шоҳвор ва аспе бо зину барг ба ӯ дод ва вазири донишманди худро офаринҳо хонд. Фиристодаи шоҳи Ҳинд сахт шигифтзада шуда буд: 
Ғамӣ шуд фиристодаи 
Ҳинд сахт, 
Бимонд андар он кори 
ҳушёрбахт. 
Шигифт андар он марди 
ҷоду бимонд, 
Дилашро ба андеша 
андар нишонд. 
Ки ин тахти шатранҷ 
ҳаргиз надид, 
На аз кордонони ҳиндӣ 
шунид. 
Чӣ гуна фароз омадаш 
ройи ин? 
Ба гетӣ нагирад касе 
ҷойи ин! 
Аммо ин достони «Шоҳнома» бо бандубасти достонияш афсонаест. Фирдавсӣ ҳатман бо такя ба ривоятҳои шоеъи замони худ онро қаламдод кардааст. Дар ҳоле ки шатранҷ бисёр пештар аз рӯзгори Хусрави Анӯшервон дар Эронзамин маъруфу маъмул будааст. Мадракҳои мустанад гувоҳ ҳастанд, ки эрониён қабл аз даврони Сосониён, яъне наздик ба ду ҳазор сол пеш бо шатранҷ ошно будаанд. Аз лиҳози таърихӣ, дар ҷаҳон куҳантарин санаде, ки дар он аз вожаи «шатранҷ» сухан рафта, китоби «Корномаи Ардашери Бобакон» аст. Ин дастнавишта дар ҳудуди соли 600 милодӣ ба забони паҳлавӣ (дорои 5600 калима) сабт шудааст. Дар замони Ардавони Панҷум, охирин подшоҳи Ашконӣ, шатранҷ мавриди таваҷҷуҳи дарбориёни он замон будааст. Яъне ҳудуди 17 қарн то замони мо, табақоти мумтози Эрони бостон бо ин ҳунар ошно будаанд. Аз ҷумла, дар «Корномаи Ардашери Бобакон» омодааст (ба паҳлавӣ): «Ва Ардашер ба ёрии Яздон ба чавгон ва саворӣ, чатранг ва дигар фарҳанг бартарӣ ёфт». Дар ин асар мехонем, ки дар замони Ардавони Панҷум, вопасин подшоҳи Ашконӣ (216–226 м.) дарбориёни Эрон бо ҳам шатранҷ мебохтаанд. Ардавон аз доноёни дарбор хоста буд, ки ойини шикор, чавгон, чатранг (шатранҷ) ва дигар ҳунарҳоро ба Ардашер биёмӯзанд. Ба ҷуз «Корномаи Ардашери Бобакон», боз ду навиштаи дигар ба забони паҳлавӣ дар даст дорем, ки ба шатранҷу бозии нард пардохта, дар бораи ин бозӣ огоҳиҳои бисёре додаанд (китоби «Мотикони шатранг (читранг)» ва «Вичоришни шатранг» ё худ «Гузориши шатранҷ»). 
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ба ин натиҷа расидааст, ки истилоҳи шатранҷ дар ҳазор сол пеш дар Ҳинд форсиву муъарраб будааст, на ҳиндиву сонскрит. Ва шатранҷе, ки дар Ҳинд бозӣ мекардаанд, аз ин шатранҷ фарқ доштааст: дар шатранҷи ҳиндӣ чаҳор тан бозӣ мекардаанд ва дар як суфраи шатранҷ чаҳор шоҳ будаасту вазир надоштааст ва ҳиндиҳо шатранҷро бо тос бозӣ мекардаанд. Гӯиё ин шатранҷ тақлиде аз нарду шатранҷи эрониён буда ва ин бозӣ шабеҳи он чӣ Берунӣ мегӯяд, назди эрониён ривоҷ доштааст.
Мадраки дигар Ҷоми тиллоии Ҳахоманишӣ аст, ки онро бостоншиноси амрикоӣ Роберт Дайсон дар харобаҳои Ҳасанлӯ (шаҳраки Нақадеҳ, шарқи Эрон) пайдо кард ва ин ҷом бо номи «Ҷоми Ҳасанлӯ» ҳам маъруф асту таърихи 3200-сола дорад. Дар зери ин ҷом нақши сафҳаи шатранҷ ҳаккокӣ шудааст ва он  ҳамчун намунае ба мо расида, ки шатранҷ ҳанӯз дар се ҳазор соли пеш дар рӯзгори фарҳангии аҷдоди мо равнақ доштааст. Ҳамчунин соли 1972 дар минтақаи Дилварзини водии Сурхон донаҳои шатранҷ бозёфт шуданд, ки ба аҳди Кушониён мансуб аст. Аз пойтахти қадимии Суғдиён Афросиёб низ 7 донаи шатранҷ ёфт шуд, ки таърихи онҳо ба асрҳои VI-VII мерасад. 
 Аз ин рӯ, ривояти «Шоҳнома» дар бораи пайдоиши шатранҷ ва чигунагии ошноии эрониён бо он наметавонад дуруст ва пазируфтанӣ бошад. 

Обидҷон ШУКУРЗОДА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: