СЕРТИФИКАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН ЧӢ ГУНА ИМТИЁЗҲО МЕДИҲАД?

«Аз фанни биология тест супорида, сертификати дараҷаи А-ро ба даст овардам».

«Аз забони англисӣ сертификати дараҷаи С1 гирифтам».
«Дар имтиҳони қабул аз фанни асосии маҷмӯи фанҳо ва фанҳои ҳатмӣ холи максималиро соҳиб шудам». 
«Теъдоди зиёди довталабоне, ки сертификатҳои миллӣ ва хориҷӣ доштанд, донишҷӯ гардиданд»...
Вақтҳои охир чунин маълумоту ҳангомаҳоро бисёр мехонем ва мешунавем. Яке бо ифтихор аз комёбии фарзанди худ мегӯяд, дигаре соҳиби сертификат гардидани шогирдашро эътироф менамояд. 
Албатта, касе, ки ислоҳоти соҳаи таълимро пайгирӣ мекунад, аз имтиёзоти чунин сертификатҳо бохабар аст. Аммо аксар дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, мо дар мавзӯи тартиби гирифтан ва имтиёзҳои сертификати миллӣ аз фанҳои таълими умумӣ бо сарвари Садорати рушди технологияи тести Агентии баҳодиҳии дониш ва таҷрибаи назди Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия Зафарбек ОЛИМБЕКОВ суҳбат кардем. 
– Нахуст дар бораи тартиби тақдими сертификатҳои миллӣ аз фанҳои таълими умумӣ маълумот медодед... 
– Дар асоси Қарори Девони Вазирон аз 12 октябри соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани системаи миллии тести баҳодиҳии сатҳи дониши фанҳои таълими умумӣ» аз 1 декабри соли 2020 системаи миллии тести баҳодиҳии сатҳи дониш аз фанҳои таълими умумӣ, ки ба маҷмӯи фанҳои самтҳои таълимии бахши бакалавр мувофиқанд, зина ба зина роҳандозӣ гардид. 
Объекти асосии қарори мазкур довталабон мебошанд ва ҳоло мувофиқи ин ҳуҷҷати меъёрӣ донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ метавонанд аз нӯҳ фан – забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти қароқалпоқ, математика, кимиё, биология, физика, география ва таърих соҳиби дараҷаҳои гуногуни сертификатҳои миллӣ гардида, имтиёз ба даст оваранд. 
– Чӣ гуна дараҷаҳои сертификатҳои миллӣ мавҷуд ва дар асоси онҳо ба донишомӯзон чӣ хел имтиёзҳо дода мешавад? 
– Дар асоси қарори Девони Вазирон низом «Дар бораи аниқ кардани сатҳи дониш аз фанҳои таълими умумӣ ва тартиби тақдими сертификат» тасдиқ гардидааст. 
Мувофиқи ин низом довталаб барои иштирок дар санҷишҳои тести сертификати миллӣ аз фанни дилхоҳи таълими умумӣ пеш аз ҳама тавассути Портали ягонаи хидмати давлатии интерактив аризаи электронӣ мефиристад ва ба андозаи 1,5 баробари ҳисоби базавӣ (ҳоло 562500 сӯм) пардохт мекунад. 
Баъд аз иштирок дар санҷиши тест, ба хонанда мувофиқи холи гирифтааш сертификати миллии дараҷаҳои А+, А, B+, B, C+, C ба тариқи электронӣ тақдим мегардад.
Довталабе, ки беш аз 70 хол ҷамъ мекунад, соҳиби сертификати миллии дараҷаи А+ мешавад. Агар аз 65 то 69,9 хол ҷамъ кунад, сертификати миллии дараҷаи А тақдим мегардад.
Ба донишомӯзоне, ки сертификати дараҷаҳои А+, А-ро ба даст меоранд, дар санҷишҳои тест аз рӯйи қабул ба зинаи бакалаври муассисаҳои таълими олӣ аз ҳамон фанне, ки сертификат гирифтаанд, холи максималии муқаррарӣ дода мешавад. 
Агар довталаб дар санҷишҳо 60-64,9 хол гирад, дараҷаи B+, 55-59,9 хол гирад дараҷаи B, 50-54,9 хол ба даст орад, дараҷаи C+ ва агар аз 46 то 49,9 хол ҷамъ намояд, сертификати миллии дараҷаи C тақдим мегардад. 
Ба донишомӯзоне, ки сертификатҳои миллии дараҷаҳои B+, B, C+, C ба даст овардаанд, нисбат ба холи умумии сертификат аз ҳамон фанни таълими умумӣ дар асоси фоиз холҳои пропорсионалӣ дода мешавад. 
Ғайр аз ин, ба абитуриентоне, ки соҳиби сертификати миллӣ ҳастанд, аз фанҳои ҳатмии дахлдор холи баландтарин тақдим мегардад.
Бояд гуфт, ки муддати амали ин сертификатҳо се сол аст. 
– Саволҳои тест чӣ гуна таҳия мегарданд?  
– Дар қарор муқаррар гардидааст, ки саволҳо дар асоси стандартҳои давлатии таълим ва мувофиқи барномаҳои таълимии сохтор тартиб дода мешаванд. Хуб медонем, ки стандартҳои таълим талабҳо ва барномаҳои таълимӣ мазмуни таълимро муқаррар менамоянд. Аз ин рӯ, мо ҳангоми тартиби саволҳо бештар ба барномаҳои таълимӣ такя мекунем. Мо барои гирифтани сертификати миллӣ ягон адабиётро тавсия намедиҳем. Чунки саволҳоро дар асоси барномаҳои дилхоҳи таълимӣ ташаккул медиҳем ва нафаре, ки ба тест тайёрӣ мебинад, барои аз худ кардани мавзӯъ ҳама гуна китоби дар барнома пешниҳодшударо метавонад мутолиа кунад. 
Мо танҳо аз фанҳои забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти қароқалпоқ барои довталабон рӯйихати чил адабиётро дар саҳифаи расмии худ пешниҳод мекунем. Чунки дар раванди тест аз таҳлили асарҳо низ саволҳо меояд ва барои дарёфти ҷавоби он довталаб бояд онро хонда бошад. 
Бояд гуфт, ки саволҳои тест барои гирифтани сертификати миллӣ нисбат ба саволҳои тест аз рӯйи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ мураккабтаранд. Чунки моҳияти онҳо аз ҳам фарқ мекунад. Саволҳои тест аз рӯйи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ характери интихобиро соҳиб бошад, тестҳои сертификати миллӣ аз фанни таълими умумӣ мукаммалтар буда, сатҳи дониши довталабонро муайян месозад. Яъне, кадом хонанда фанро бештар, беҳтар ва мукаммалтар медонад, аниқ менамояд. 
– Натиҷаҳои тест чӣ хел ҳисоб карда мешавад?
– Пештар натиҷаҳо аз ҷониби коршиносон баҳогузорӣ мешуд. Як сол пеш мо методикаи баҳогузориро дигар кардем ва акнун натиҷаҳо дар асоси методикаи байналмилалӣ – модели Раш ҳисоб карда мешаванд. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон аз ин метод истифода мебаранд. 
Бартарияти методикаи Раш дар он аст, ки ин модел ҳар як ҷавобро таҳлили илмӣ намуда, сатҳи душвории саволро аниқ мекунад ва вобаста ба дараҷаи душвор ё осон будани он баҳо медиҳад. Бо як сухан, дар ин методика баҳодиҳии дараҷаи дониши хонандагон боз ҳам амиқтар сурат мегирад. 
– Медонем, ки таълим дар давлати мо бо ҳафт забон роҳандозӣ шудааст. Оё саволҳои тест барои гирифтани сертификати миллӣ аз фанҳои таълими умумӣ ҳам бо ин ҳама забонҳо тақдим мегардад? 
– Не. Мо барои ин имконият надорем ва ин сабабҳои хосаи худро дорад. Якум, ба дигар забонҳо тарҷума ва барои донишомӯзон дастрас кардани тест қувваи кории иловагиро талаб мекунад. Аммо дар мо штатҳои корӣ хеле маҳдуд аст. Дувум, масъалаи бехатарии ахбор вуҷуд дорад ва дарёфтани кормандони эътимоднок низ мушкил мебошад. Чунки пӯшида мондани саволҳо ва то ба охир расидани ҷараён ошкор нагардидани онҳо муҳим аст. 
Мо ҳар сол барои тарҷумаи саволҳои тест барои қабули довталабон ба зинаи бакалаври муассисаҳои таълими олӣ мутахассисонро дар асоси шартнома ҷалб карда, дар шароити маҳдуд кор мефармоем. Яъне онҳо то анҷоми ҷараён, ки қариб ду моҳ идома меёбад, дар ҷойи кор мемонанд. Ва на ҳар кас ба ин шарту шароит розӣ мешавад. Аз ин рӯ, мо саволҳоро танҳо бо се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва қароқалпоқӣ тақдим менамоем.
– Дар анҷоми сӯҳбат дар бораи статистикаи донишомӯзоне, ки соҳиби сертификати миллӣ ҳастанд ва донишҷӯ гардидаанд, маълумот медодед... 
– Имсол ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ 13658 нафар довталабон, ки соҳиби сертификати миллӣ аз фанҳои таълими умумӣ мебошанд, ҳуҷҷат супориданд. 
Бино ба ҳолати оғози соли таҳсили 2024-2025 аз онҳо 11763 нафар, яъне 6047 нафар дар асоси гранти давлатӣ ва 5716 нафар дар асоси шартнома ба донишҷӯӣ тавсия гардиданд. 
Вақте сертификатҳои миллиро дар қиёси фанҳои таълими умумӣ таҳлил мекунем, аён мегардад, ки теъдоди зиёди хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти ӯзбек (5817 нафар), кимиё (3633 нафар), биология (1637 нафар) ва таърих (1636 нафар) сертификати миллӣ ба даст овардаанд. 


Мусоҳиб
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: