бо тантана пешвоз гирифта шуданд
Дар бозиҳои XVII паралимпии Париж ҳамватанонамон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо якчанд рӯз пеш бо тантана пешвоз гирифта шуданд.
Солҳои охир дар қатори дигар соҳаҳо дар варзиш низ муваффақиятҳо ба даст дароварда шуда истодааст. Ба қарибӣ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж варзишгарони кишварамон соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шуданд ва ин дастовардҳо ба иди истиқлолият тӯҳфаи арзанда гардид.
Хурсандиовар аст, ки натиҷаҳои таърихии онҳоро паралимпиячиёнамон давом дода, якчанд медали тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст дароварданд.
Дар ин мусобиқаи байналхалқӣ, ки аз вилояти Намангон Толиббой Йӯлдошев (соҳиби тилло ва биринҷӣ), Нурхон Қурбонова (тилло ва биринҷӣ) ва Кумушхон Хӯҷаева (нуқра) иштирок карда буданд, роҳбарони вилоят, собиқадорони меҳнат ва вакилони ҷавонон дар назди «Дарвозаи водӣ» – ағбаи «Қамчиқ»-и ноҳияи Поп бо тантана пешвоз гирифтанд.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки варзишгарони кишвари мо қаҳрамони ҳақиқӣ гардида, дар байни 168 кишвари ҷаҳон ҷойи 13-ум, аз ҷумла дар Осиё ҷойи сеюм, дар байни кишварҳои узви ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ба даст дароварданд ва намангониён дар байни варзишгарони ҷумҳуриамон пешқадам шуданд.
– Вақте мадҳияи кишварамон садо дод, аз чашмам ашки хурсандӣ рехт. Ин ҳолати фараҳбахшро мехоҳад ҳар як варзишгар аз сар гузаронад, – мегӯяд чемпиони олимпиада, соҳиби медали тилло ва биринҷӣ, соҳиби унвони фахрии «Ӯзбекистон ифтихори» Толиббой Йӯлдошев. – Ман ба боварии халқ, ба боварии роҳбари давлатамон сазовор шудам. Боз аз он шодам, ки ҳокими вилоят ба хонаамон омада, падару модарамро табрик намуданд. Ин эътибор ба ман боз ғайрату шуҷоат бахшид. Дар мусобиқаҳои оянда ба муваффақиятҳо ноил гашта, байрақи Ватани маҳбубамро боз ҳам баланд мебардорам.
Инчунин падару модарони чемпионҳо ба сухан баромада, барои ҳамаи имкониятҳо, ки барои варзишгарон фароҳам оварда шудааст, миннатдории худро изҳор карданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.