УМРЕ, КИ БАҲО БУВАД ГАРОНАШ...

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, имрӯзҳо дар кишварамон ба пешрафти соҳа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Дарвоқеъ барои инсон саломатӣ дар ҷойи аввал аст. Аз ин лиҳоз, хидмати беминнати табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ, ки саломатии инсонро ҳифз мекунанд, ба онҳо мададгор мебошанд, шоёни таҳсин мебошад.   
Тибби муосирро бе иштироки ҳамшираҳои шафқат тасаввур кардан ғайриимкон. Аз раванди гузаронидани амалиёт дар асоси технологияи пешрафта то нигоҳубинии бемор пас аз ҷарроҳӣ, соҳаи диагностикию лабораторӣ, бобати баланд бардоштани маданияти тиббӣ дар оила нақши ҳамшираҳои тиббӣ беҳамто аст.
Аз ин рӯ, бо ташаббуси Сарвари давлат дар кишварамон оиди рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтика системаи комилан нави тайёр кардани кадрҳои миёнаи тиббӣ ҷорӣ карда шуд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар мамлакатамон ҳамшираҳои тиббии ба кори худ садоқатманд дар ҷабҳаҳои соҳа пурсамар кор мекунанд. 
Яке аз чунин фидокорони касби худ, ҳамшираи калони шуъбаи реаниматсияи Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон – Раъно Дӯсматова мебошад. Ӯ соли 1975 дар ноҳияи Косонсой таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми коллеҷи тиббӣ дар шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи марказии ноҳия дар вазифаи ҳамшира, аз соли 2019 ҳамчун ҳамшираи калон фаъолият мебарад. 30 сол дар як соҳа, 6 сол айнан дар як вазифа кор кардан, таҷриба ва масъулияти калон аст. Ӯ намояндаи соҳаест, ки марҳилаҳои рушди соҳаи тибби кишварамонро зина ба зина пайгирӣ намуда, моҳияти ислоҳотро дар фаъолияти худ инъикос менамояд. 
– Малака барои ҳамшираи тиббӣ зарур аст, – мегӯяд дар мусоҳиба бо мо Р. Дӯсматова. – Фақат коркунони тиббиеро, ки дониши мустаҳкам ва таҷрибаи кофӣ дорад, соҳибихтисос номидан мумкин аст. Мо саъй менамоем, ки навовариҳоро дар соҳа дар асоси курсҳои омӯзишӣ, мубодилаи таҷриба, анъанаи устоду шогирд васеъ татбиқ намоем. 
Қаҳрамони мо ҳамеша дар андешаи беморони худ аст. Дар хусуси савганди худ дар назди Гипократи бузург ёд мекунад, ба беморе, ки бо чашми умед назар меафканад, дасти ёрӣ дароз мекунад, якеро таскин мебахшаду ба дигаре бо шеваи зебои худ суҳбат мекунад, қалби якеро гӯш медиҳаду ба дигаре оромӣ мебахшад.
Дарвоқеъ, шахсе, ки аз домони устодон маҳкам доштааст, ҳатман комёб мегардад. Раъно модараш – Санобарҷон Қосимоваро устоди аввали худ мешуморад, ки ҳамчун сарҳамшира 30 сол дар хидмати мардум шудааст. Инчунин аз дарси фидоиёни тибби ноҳия – Исроилҷон Убайдуллоев, Файзулло Ҳафизов, Ҳурматой Абдуллоева, Гулбаҳор Дадаҷоноваҳо баҳраманд шудааст. Ӯ аз устодонаш на танҳо асрори касб, балки таҷрибаи ҳаётро низ омӯхт. Имрӯзҳо онро бо таҷрибаю имконоташ пайваста, ба шогирдонаш меомӯзад.
Раъно Дӯсматова барои хидматҳои шоёнаш соли 2019 бо қарори Президент бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардид. Дар озмуни «Ҳамшираи сол» сазовори ҷойи фахрӣ, соҳиби ифтихорномаю нишони сарисинагӣ шуд. 
– Раъно яке аз ҳамшираҳои аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат аст. Ӯ бо саъю кӯшиш ва фаъолнокиаш дар татбиқи васеи навоварию қонуну санадҳои марбут ба соҳа обрӯю эътибор пайдо кард, – мегӯяд сардухтури шуъбаи реаниматсия Шодмонхон Акрамов. – Маҳз ба шарофати ҳамшираҳои фидокору ба касби худ содиқ, ислоҳот дар соҳаи тиб натиҷаи чашмдошти худро медиҳад.
Ӯ бо ҳамин шавқу завқ ва меҳру муҳаббат дар оила низ кохи бахтро ба вуҷуд оварда тавонистааст. Ҳамроҳи ҳамсараш як писару як духтарро ба воя расонданд. Писараш Ҷаҳонгир ба модараш пайравӣ намуда, касби духтуриро интихоб кард. Ҳоло донишҷӯйи Донишкадаи педиатрии Тошканд мебошад.
Умр ба инсон як бор муяссар мегардад. Онро бояд барои илм омӯхтану касби дуруст интихоб кардан сарф намуд, то умри азиз беҳуда нагзарад. Ифтихори ҳар як соҳибкасб мояи ранҷи пурмаҳсулест, ки танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд. Чи тавре шоир фармудааст:
Сармояи умр бас азиз аст,
Дарёб, ки ин нафас азиз аст.
Умре, ки баҳо бувад гаронаш,
Бо ҳар баду нек магзаронаш.
Раъно Дӯсматова, ки умри худро ба ҳифзу таҳкими солимии мардум бахшидааст, то ҳол дар пешрафти соҳа саҳми арзанда мегузорад.

Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: