Британияи Кабир барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ 75 миллион фунт стерлинг ҷудо мекунад

Соли 2023 ба Бритониёи Кабир тақрибан 30 ҳазор муҳоҷир омадаанд.

Ҳукумати мамлакат барои дар меҳмонхонаҳо ҷойгир кардани гурезагон рӯзе чанд миллион фунт стерлинг харҷ мекунад.

Ҳукумати Бритониё барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ тақрибан 100 миллион доллар (75 миллион фунт стерлинг) ҷудо кард. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.

"Сармоягузории нав ба маблағи 75 миллион фунт стерлинг, ки барои Фармондеҳии амнияти сарҳадӣ пешбинӣ шудааст, дар тирамоҳи имсола роҳро барои мубориза бо ҷиноятҳои муҳоҷират боз хоҳад кард" гуфта мешавад дар хабар.

Ин маблағ барои бо техникаю имкониятҳои нав, инчунин кадрҳои иловагӣ таъмин намудани ҳайати фармондеҳон сарф карда мешавад.

Охири ҳафтаи гузашта сардори ВКД Иветт Купер бо иштироки хадамоти разведка, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҳукумат ҷаласае бахшида ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ доир намуд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2023 ба Бритониёи Кабир ҳудуди 30 ҳазор муҳоҷир омадаанд. Ҳукумати мамлакат барои дар меҳмонхонаҳо ҷойгир кардани гурезагон рӯзе чанд миллион фунт стерлинг харҷ мекунад.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ теъдоди аризаҳо барои дарёфти манзил дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин дар Норвегия ва Швейтсария андак кам гардидааст, вале аз ним миллион афзуд. Аз моҳи январ то охири моҳи июн, Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба паноҳандагӣ (EUAA) дар маҷмӯъ 513 ҳазор аризаи навро сабт кардааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: