Дар Навоӣ зане, ки кӯдакашро ба маблағи 10 миллион сӯм фурӯхтан мехост, боздошт шуд

Сокини ноҳияи Навбаҳор К.Р. тифли навзодашро, ки ҳоло чиллааш набаромадааст, 10 миллион сӯм арзёбӣ кардааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ таҳти ҳамкории кормандони Хидмати амнияти давлатӣ ва Садорати корҳои дохилӣ шаҳрванд К.Р ҳангоми ба сокини маҳаллаи ҳамсоя З.С. бар ивази 10 миллион сӯм фурӯхтани кӯдакаш бо далелҳои шайъӣ боздошт шуд.

Нисбати ин зан бо қисми 3 моддаи 135-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: