Дар моҳҳои январ-июли соли равон 12 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони Фаронса бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кардаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҷамъ 2,9 ҳазор нафар ё 31,2 фоиз афзудааст.
Шаҳрвандони Фаронса, ки дар моҳҳои январ-июли соли 2024 ба Ӯзбекистон омадаанд, бо мақсадҳои зерин сафар кардаанд:
– ба мақсади истироҳат - 10780 нафар;
– аз рӯи хизмат - 662 нафар;
– барои хабар гирифтани хешу табор - 640 нафар;
– бо мақсади тиҷоратӣ – 43 нафар;
– ба мақсади таҳсил — 28 нафар.