Дар Туркия дар 60 соли охир аз 240 кӯли Туркия 186-тоаш комилан хушк шудаанд ва ба қисми боқимонда низ хатари хушкшавӣ ва олудашавӣ таҳдид мекунад, огоҳ мекунанд коршиносон.
"Кӯлҳои Туркия бо мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ шудаанд, аз ҷумла паст гардидани сатҳи об, олудашавӣ ва камшавии оксиген... Онҳо дар остонаи нобудшавӣ қарор доранд," мегӯяд маслиҳатчии илмии Ҷамъияти ҳифзи табиати Туркия (TTKD) Эрол Кесижи.
Ба гуфтаи Кесиҷӣ, сарчашмаи мушкилоти ҷиддии кӯлҳои табиии бостонии Туркия дер ошкор шудани мушкилоти бунёдӣ ва роҳҳои ҳалли мувофиқ мебошад.
Коршинос ҳамчунин зикр кард, ки дар пайи ин оқибатҳои хушксолии шадид ва олудашавӣ дар солҳои охир афзоиш ёфта, як қатор кӯлҳои Онадӯлӣ ба далели афзоиши шӯршавӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.
«Дар мамлакат қариб ягон кӯл намондааст; бинобар афзоиши миқдори лой ва партовҳои кимиёвӣ, онҳо ифлос мешаванд ва аз ин рӯ сатҳи об ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, поинравиро идома медиҳад», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки ин боиси аз байн рафтани гуногунии биологӣ мегардад.
Дар ҳоле, ки саршумори моҳӣ ба таври доимӣ кам мегардад, кӯлҳоро растаниҳои макро ва микро-обӣ фаро мегиранд, шарҳ дод ӯ.
Кесиҷӣ гуфт, ки вуҷуд надоштани назорат дар обёрии кишоварзӣ яке аз сабабҳои аслии фалокати иқлимӣ аст, хабар медиҳад mk-turkey.ru.
«Ҳам бофтаҳои растанӣ ва ҳам маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бояд дар асоси ақидаҳои илмии ҳозиразамон бо назардошти шароити иқлимии шахрхо назорат карда шавад. Ҳоло дар Туркия ягон кӯле нест, ки ба стандартҳо мувофиқ ва ё намуна бошад”, - гуфт коршинос.