Миллиардери амрикоӣ Илон Маск гуфт, ки имплантат визуалии “Neuralink” ҳатто ба шахси нобиноёни модарзодӣ имкон медиҳад то бубинад ва дар оянда спектрҳои ба одамон номаълумро фаро хоҳад гирифт.
- Дастгоҳи “Blindsight” ба чашмони одамоне, ки ҳарду чашми худро аз даст додаанд ва аз нахҳои визуалӣ маҳруманд, равшанӣ мебахшад, - навиштааст Маск дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ. - Агар пӯсташ солим бошад, нобиноёни модарзодӣ низ метавонанд аз равшанӣ баҳра баранд.
Ба гуфтаи миллиардер, дар аввал сифати тасвир ба мисли графикаи платформаи бозии “Atari”паст хоҳад буд ва дар оянда бозёфт имкон медиҳад, ки дар спектри инфрасурх ва ултрабунафш дидан ва дарозии мавҷи радар аксбардорӣ шавад.
Мувофиқи маълумот, имплантат аз ҷониби Идораи хӯрокворӣ ва фармасевтикаи ИМА (FDA) ҳамчун дастоварди инқилобӣ тасдиқ шудааст.
Пештар Илон Маск таъкид карда буд, ки имплантатсияи мағзии "Neuralink" дар ниҳоят ба як матои маъмули истифодашавандаи одамон табдил хоҳад ёфт.