Дар ноҳияи Денови вилояти Сурхондарё шахсоне, ки ба истеҳсоли маҳсулоти корношоями равғанӣ машғул буданд, боздошт шуданд.
Дар ин бора Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура хабар додааст.
Дар чорабинии фаврӣ, ки аз ҷониби шӯъбаи департаменти назди Сарпрокуратура дар ноҳияи Денови гузаронида шуд, аниқ карда шуд, ки шаҳрванд М.Д. дар хоҷагии ёрирасони истиқоматӣ пинҳонӣ ба истеҳсоли равғани дастӣ машғул гардидааст. Дар рафти тафтиш 1020 кг пунбадонаи техникӣ, 448 литр моеъи сиёҳранги равғанмонанд, 1 адад дастгоҳи ҷувоз ва дигар ашёи истеҳсолӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ҳозир аз рӯйи ҳолат бар асоси моддаи 186-2-и Кодекси ҷиноӣ (ғайриқонунӣ истеҳсол ё паҳн кардани маҳсулоти аз чигит гирифташуда) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.