Баланд бардоштани маданияти экологӣ имрӯзҳо яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад.
Маданияти экологӣ ин риояи қонунияти табиат, ба он зарар нарасондан ва ҳамзамон ривоҷ додани он мебошад. Дар натиҷаи ба неъматҳои ноёби табиат бераҳмона муносибат кардан ва аз боигариҳои табиӣ сарфакоронаву оқилона истифода набурдани одамон дар ин ҷабҳа муаммоҳои экологӣ ба миён омадаанд. Бинобар ин, аз мо тақозо мегардад, ки ҳавои софу оби тоза, замину осмон чун гаҳвараки чашм ҳифз карда шавад.
Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим доир ба мавзӯи «Нишондиҳандаи корҳое, ки аз ҷониби вазорат дар соҳа анҷом дода шудаанд: натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои оянда, инчунин дурнамои рушди таълими экологӣ» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар он ҷонишини вазир Жусипбек Казбеков, роҳбари раёсати экология, ҳифзи муҳити атроф ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангали Прокуратураи генералӣ Ӯктам Ӯтаев ва коргарони идораву шуъбаҳои вазорат ширкат варзиданд.
– Таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки ба назди инсоният гузошта шудааст ва ҳар як нафар вазифадор аст, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва экология саҳми худро гузорад. Ҳаёти имрӯза тақозо менамояд, ки инсон на танҳо дар хонаву ҷойи зист, балки дар ҳар гӯшаву канори Замин ба қоидаҳои экология риоя намуда, об, ҳаво, хок, ҷангалу бешаро бояд тоза нигоҳ дорад, – гуфт ҷонишини вазир Ж. Казбеков. – Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар саросари кишвар дар мавсими киштукори баҳории соли ҷорӣ 138 миллион ниҳол шинонда шуд. Аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 257 «Боғи сабз» бунёд шуда, шумораи умумии онҳо ба 517 адад расид. То охири соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» дар мавсими киштукори тирамоҳӣ дар ҷумҳурии мо 75 миллион бех ниҳолу дарахту бутта шинонда мешавад. Дар доираи лоиҳаи «Боғи ман» ҳуҷҷатҳои лоиҳавии 215 ташаббуси ғолиб таҳия гардида, дар мавсими кишту кори тирамоҳӣ бунёди «Боғҳои сабз» ва «Боғҳои ҷамъиятии сабз» оғоз мегардад.
Ӯктам Ӯтаев таъкид кард, ки муаммои рӯзмаррае, ки имрӯз барои инсоният ташвишовар аст, дигаргуниҳои иқлимӣ ба шумор меравад. Аз ин сабаб, сарфакоронаву пурсамар истифода бурдан аз боигариҳои табиат, ташаккул додани маданияти экологии мардум талаби замон мебошад. Бо зиёдшавии аҳолӣ дараҷаи истеъмол низ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, дар ҷойи махсус гузоштани партов ва азнав коркарди партови маишӣ талаб карда мешавад. Дар мамлакати мо барои таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф, баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ, аз захираҳои табиӣ оқилона истифода бурдани онҳо корҳои назаррас ба роҳ монда шудааст, ки ба саломатии инсон ва безараргардонии ҳаёти ҷонварон аҳамият дорад. Дар соҳаи азнавкоркарди партови маишӣ дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ, кластерҳои саракунӣ ва азнавкоркарди партови маишӣ созмон дода шуданд. Чорабиниҳои назоратии экологӣ аз омилҳоест, ки барои барқарор кардани муҳити тозаи экологӣ, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ мусоидат мекунад, зеро ҳар сол қонуншиканиҳо дар ин бобат ба назар мерасанд. Ҳоло бо идоракунии маҷмӯии партови маишӣ дар корхона ва ташкилотҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Афсӯс, ки айни ҳол бисёр моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ба назар мерасанд, ки ҳам барои саломатии одамон, ҳам барои олами ҳайвонот ва растаниҳо таъсири манфӣ расонда, боиси вайрон шудани мувозинати муътадили экологӣ мегарданд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».