Дар ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ масъалаҳои марбут ба бақайдгирии номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шуданд, инчунин ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, дида баромада шуданд.
Маълум, ки интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ дар асоси низоми интихоботи омехта, яъне мажоритарӣ ва мутаносиб баргузор мегардад.
Имсол ба Палатаи поёнии парлумон аз 150 депутат 75 нафар аз рӯйи ҳавзаҳои интихоботии якмандата мувофиқи овоздиҳӣ ба як номзади аниқ интихоб карда мешавад. 75 нафари боқимонда бошад аз рӯйи ҳавзаҳои интихоботии ягона ба тарзи мутаносиб ба овозҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, дар асоси рӯйхати номнависҳои аз тарафи номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшуда интихоб мегарданд.
Дар ҷамъомад оиди номнависсозии номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз рӯйи ҳавзаҳои интихоботии якмандата, ки Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби леберал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон , Ҳизби экологии Ӯзбекистон, Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон пешниҳод намудаанд, қарор қабул карда шуд.
Мувофиқи он аз ҷониби панҷ ҳизби сиёсӣ аз рӯйи ҳавзаҳои интихоботии якмандата ҷамъ 375 нафар номзад ба рӯйхат гирифта шуд. Айни замон оиди номнависсозии номзадҳо, ки аз ҳавзаҳои интихоботии якмандата пешбарӣ шудаанд, (ҷамъ 500 нафар) қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихоботӣ қабул шуд.
Навъе қайд гашт, аз ҷониби 5 ҳизби сиёсӣ ба кулли дараҷаҳои депутатӣ сад фоиз номзадҳо нишон дода шуданд.
Аз ҷумла, ба Палатаи қонунгузорӣ ҷамъ 875 нафар, ба Ҷоқарғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ҷамъ 3625 нафар, ба депутатҳои халқи Шӯроҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҷамъ 24850 нафар номзадҳо пешбарӣ карда шуданд.
Дар ин самт ба кор андохта шудани портали интерактивии «E-saylov» низ ба аҳамият молик гашт.
Тавре дар ҷамъомад қайд гардид, дар байни номзадҳое, ки ҳизбҳои сиёсӣ ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ нишон додаанд, 391 нафар, яъне 44,7 фоизро бонувон ташкил менамоянд. Ин баландтарин нишондиҳанда дар таърихи интихоботи мо мебошад.
Синни миёнаи номзадҳо – 47,2 солро ташкил медиҳад. Аз он 44,2 фоиз – то 45 сола, 44,3 фоизи дигар 45-60-сола мебошанд. 99,3 фоизи номзадҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.
Дар байни номзадҳо 20,2 фоизро иқтисоддонҳо, 27,9 фоизро педагогҳо, 89 фоизро муҳандисон, 9,1 фоизро духтурҳо, 16,5 фоизро ҳуқуқшиносҳо, 18,4 фоизро соҳибони касбу кори дигар ташкил менамоянд.
Навъе зикр гашт, аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳудудӣ, ноҳия ва шаҳрҳо низ номзадҳо ба депутатии Шӯроҳои маҳаллӣ аз рӯйхат гузаронда шуданд.
Ба Ҷоқарги Кенгес, Шӯрои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ноҳияҳо (шаҳрҳо), айни замон, аз ҳар як ҳизб номзадҳо ба рӯйихат гирифта шуданд. Акнун ба мандати депутатӣ ҷамъ 28475 нафар номзадҳо мубориза мебаранд.
42,5 фоизи номзадҳоро бонувон ташкил мекунанд. Синни миёнаи номзадҳо ба депутатии Ҷоқарги Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо,шаҳри Тошканд, ҳамчунин синни миёнаи номзадҳо ба шӯроҳои ноҳия ва (шаҳрӣ) – 44,4 солро ташкил медиҳад. 90,3 фоизи номзадҳо маълумоти олӣ доранд. Дар байни номзадҳо педагогҳо – 36 фоиз, иқтисоддонҳо – 15,8 фоиз, муҳандисон – 9,6 фоиз, шифокорон – 9,4 фоиз, ҳуқуқшиносҳо – 3,3 фоиз, соҳибкорон, фермерҳо ва вакилони касбҳои дигар 25,9 фоиз мебошанд.
Намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногун, ки дар Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд, дар байни номзадҳо ҳастанд. Ба Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ 973 нафар тоҷикон, 588 нафар қазоқҳо, 146 нафар туркманҳо, 141 нафар қирғизҳо, 67 нафар рус ва миллатҳои дигар чун номзад пешбарӣ шудаанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар нишон додани номзадҳо ба инклюзивӣ низ эътибори алоҳида додаанд. Аз ҷумла, дар байни номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 11 нафар, дар байни номзадҳо ба депутатии Шӯроҳои маҳаллӣ ҷамъ 605 нафар шахсони маълӯл ҳастанд.
Дар ҷамъомад масъалаи иштироки ҳизбҳои сиёсии дар интихоботи Палатаи қонунгузорӣ ва депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ иштироккунанда ва ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба депутатӣ низ баррасӣ шуд.
Дар ҷамъомад таъкид ёфт, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз 22 сентябри соли 2024 оғоз хоҳад ёфт. Айни замон дар давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ пайдарпайи навбати ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан доранд ва баромадҳои номзадҳо ба депутатӣ дар ВАО муайян карда шуд. Дар он:
якум – ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон;
дуюм – Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон;
сеюм – Ҳизби экологии Ӯзбекистон;
чорум – Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон;
панҷум – Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон ҷой ишғол кардаанд.
Мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихоботӣ дар телерадиокомпанияҳои марказии давлатӣ ва ҳудудӣ, ҳамчунин рӯзномаҳо ба номзадҳо ба депутатӣ ва барои ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ вақти эфири ройгон ва ҳаҷми майдони нашр ҷудо карда шуд.
Дар анҷумани матбуотӣ, ки баъд аз ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ ба амал омад, раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Зайниддин Низомхӯҷаев ва дигар шахсони масъул ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардонданд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».