Пеш аз оғоз бахшидан ба маъракаи пахтачинӣ дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии фермерии «Валиобод» дар ҳудуди Ӯртачӯли ноҳияи Қизилтеппа семинари амалӣ баргузор гардид.
Ба хоҷагии фермерӣ чандин сол аст, ки Раъно Валиева роҳбарӣ мекунад ва яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия маҳсуб меёбад.
Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ хуб ба роҳ мондан ва ташкили маъракаи босифат ва самараноки маъракаи ғунучини пахта мебошад. Фермерон аз оғози мавсими кишт ба гузаронидани маъракаи ғунучини пахта омодагӣ дидаанд. Дар кори семинари амалӣ ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов, ҳокими ноҳия Бекзод Бобомуродов, намояндагони хоҷагии деҳот ва фермерони ҳудуд иштирок намуданд. Ба фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ комёбиҳо орзу намуданд.
Сипас, бо ба кор даромадани даҳ мошинаи пахтачин, ки аз ҷониби фермерҳои қизилтеппагӣ харид шуда буд, ғунучини «Пахта-2024» оғоз гардид. Тибқи маълумот дар ноҳия 238-то хоҷагии фермерӣ фаъолият дошта, дар майдони 7100 гектар пахта кишт намудаанд. Ӯҳдадор шудаанд, ки соли равон аз ҳар гектар 50 сентнерӣ «тиллои сафед» супоранд.
Дар ҳудуди Ӯртачӯл ярмаркаи арзони маҳсулоти хоҷагии деҳот ташкил карда шуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.