«ОВОЗИ ТОҶИК» – ИФТИХОРИ ТОҶИКОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст.

Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст. (С.Айнӣ.»Қавми тоҷик ва рӯзнома». «Овози тоҷик» 25-уми августи соли 1924, шумораи 1). 

Агар гӯем, ки ин навиштаҳои саривақтиву гаронқадри устод Садриддин Айнӣ, ки як аср муқаддам дар шумораи нахустини рӯзномаи маҳбуби тоҷикони кишварамон –«Овози тоҷик» дарҷ гардида буд, имрӯзҳо низ аҳамият, рӯзмаррагӣ ва зарурияти худро гум накардааст, муболиға намешавад. Ба чопи нахустин шумораи рӯзномаи дӯстдоштаамон «Овози тоҷик» сад сол пур шуд. Ин рақам ба гуфтан осон. Сад соли мубориза барои рӯйи оламро дидани ҳар як шумораи рӯзнома, шабҳои дарози бедорхобӣ, норасоиҳои гуногуни ҳаётӣ ва дар оқибат ба дасти муштариён расидани газета – ин аст самараи заҳматҳои садсолаи гузашта. Сад сол аст, ки рӯзнома чун ифодагари орзӯву омоли мардуми тоҷики кишвар, инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми минтақаҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ, таҷассумгари таъриху фарҳанги ғании сокинони тоҷикзабони мамлакатамон арзи вуҷуд мекунад. 
Ёд дорам, миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта дар ноҳияи мо – Косонсой, ки бештар аз 20 мактаби миёнаи тоҷикӣ фаъолият дошт, шумораи муштариёни «Овози тоҷик» хеле зиёд буд. Падари шодравонам устои дуредгар буданд. Гарчанде маълумоти миёнаи нопурра доштанд, ба рӯзномаю маҷаллаҳои гуногуни онвақтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, рӯзномаи «Овози тоҷик», ки он солҳо «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном дошт, ҳатман обуна мешуданд. «Ин газета барои нигоҳ доштани забонамон ёрӣ мерасонад. Барои ҳамин, албатта, ба ин рӯзнома обуна шавед», – мегуфтанд қиблагоҳам.
Ҳамон солҳо бо кӯшишу эҳтимоми мухбири онвақтаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар водии Фарғона, журналисти боистеъдод, шодравон Султоналӣ Исмоилов, ки аксарият бо эҳтиром Исмоилзода мегуфтанд, дар шаҳри Косонсой, дар бинои поликлиникаи марказӣ қабулхонаи ҷамоатии рӯзнома ба фаъолият шурӯъ карда буд. Вазифаи мудири қабулхонаро дар асоси ҷамоатӣ, муаллими забону адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 4-уми шаҳри Косонсой, баъдтар хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон Пӯлодҷон Қаҳҳоров адо мекарданд. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ин шахси бомаърифату ташкилотчӣ сафи муштариёни рӯзнома хеле афзуда буд. Он солҳо мухбирони ҷамоатии рӯзнома низ бисёр буданду навиштаҳои шогирдонаш онҳоро устод бодиққат аз назар гузаронида, ислоҳ намуда, ба рӯзнома ирсол мекарданд. 
Алҳол бинобар ихтиёрӣ шудани обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриву маҳаллӣ, ҳамчунин рушду инкишофи технологияҳои замонавии дастраси ахбору навигариҳои дунё (шабакаи интернет, компютер, смартфону телефонҳои мобилӣ) шумораи обуначиёни рӯзномаҳо хеле кам шуд. Ихтисоршавии шумораи мактабҳои тоҷикзабони ноҳия бинобар сабабҳои объективию субъективӣ низ сабаби кам шудани шумораи рӯзномахонон гардид. Лекин новобаста ба ҳамаи ин ҳолатҳои болоӣ гурӯҳи калони фидоиёни рӯзнома то ҳол ба нашрияи дӯстдоштаамон обуна мешаванд. Як саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии «Косонсойнома» новобаста ба муаммову мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ то ҳадди имкон ба забони тоҷикӣ чоп мегардад. Умед аст, ки муштариёни доимии рӯзнома ба нашрияҳои дӯстдоштаи худ «Косонсойнома» ва «Овози тоҷик» барои соли оянда низ обуна мешаванд. 
Зотан, ҳар ду рӯзнома тарғибгару нигаҳдорандаи забони тоҷикӣ мебошанду барои наслҳои оянда чун манбаи омӯзиши забони модарӣ хидмат мекунанд.
Аз фурсат истифода бурда, тамоми кормандон, ҳайати таҳририяи рӯзномаи маҳбубамон «Овози тоҷик» ва муштариёни садоқатманди онро бо таҷлили садсолагии таъсисёбии газета муборакбод менамоем. Ба кормандону ходимони сершумори ҷамоатии рӯзнома саломатӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандем. 

Абдулвоҳид НУРИДДИНОВ, 
узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: