Хайриддин СУЛТОН
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта).
Якаш ду шуда ва бой шуда рафтани шоир ё нависанда амри маҳол. Эҷодкор фақат аз ҷиҳати маънавӣ бой шуданаш мумкин. Дар асл ба вай бойигарии дигар лозим ҳам нест. Лекин, тавре рафиқ Ленин гуфтааст, «Дар ҷамъият зиндагӣ карда, аз ҷамъият дур шудан мумкин нест». Дар ин гуна соатҳо кӣ будашро нишон дода, нобудашро панаҳ мекунад, рӯзгорро то имкон будан часпондаву дӯхта, дандон ба дандон гузошта тоқат мекунад, ба шавҳари ба қаъри сукунат ғарқаш таскину тасаллӣ дода ва умед мебахшад?
Албатта, онҳо ҳамсарҳои адибон, ки ба тақдир тан дода, бори рӯзгору тарбияи фарзандро бо кулли ташвишу машаққаташ ба дӯш бардошта, бо шукрона умр ба сар мебаранд.
Дар юбилей ба муносибати бо унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» мукофотонидашавии Абдулло Орифов ӯро табриккунон Эркин Воҳидов чунин лутф карда буд: «Ба қаҳрамонӣ баробар бо Абдуллоҷон Ҳанифахон ҳам муносиб».
Албатта, ин суханонро нисбати рафиқаи шоири Қаҳрамони мо Эркин Воҳидов Гулчеҳраапа Воҳидова низ гуфтан мумкин, ки ба наздикӣ аз дунё реҳлат намуд.
Ба эҷодкор ҳамсар шудан боз дигар тарафҳои зиёди ранҷовар дорад.
Аз рӯи инсоф гӯед, образи маҳбуб, ки шоир ё нависанда сӯхтаву пухта меофарад, дар навбати аввал рафиқаҳои онҳоро безобита сохта ва ба оташи рашк намеафканад? Тасвири сирноки соҳибҷамолҳо, ки ба киҳоеро ба ёд оварданаш мумкин, дили онҳоро бозӣ намекунонад? Нома ва СМС-ҳои тагдори аз мухлисаҳои маккора ва «шогирдка»-ҳо расида-чӣ? Вақту бевақт сим зада, ба вохӯриҳо даъватсозии телерадиохунумҳо низ оё беғараз аст?
Ҳамсарони бечораи адибҳо дар оташи ҳамин гуна шубҳаю гумонҳо сӯхта, байту ғазал, қисса ва романҳои шавҳарони худро гашта-баргашта тафтиш менамоянд.
Баъзан фикр карда мемонам: Алишер Навоӣ бинобар ба ягон зани рӯи замин ин гуна қисмати басо вазнинро раво надиданаш ё худ ба «табиати бисёр нозукаш» бардошт карда натавонистани ягон занро фикр карда, хонадор нашуда гузашта бошад, эҳтимол?
Ба ин саволи риторикиам баъзе аз дӯстон: «Алишер Навоӣ зани асабро суҳон мекардагӣ надошт, барои ҳамин ҳам он зот ба дараҷаи шоир ва мутафаккири бузург расид», гуфта ҷавоб доданашон ҳам мумкин. Балки...
Лозим меояд таккрор кунам, ба эҷодкор ҷуфти ҳалол шудан – ин имтиҳони дар дунё сахттарин. Аз ин санҷиш гузаштаҳо ҳастанд, нагузаштаҳо ҳастанд. Ба ин гуна машаққатҳои бемисл тоб оварда натавониста, занҳоеро ҳам дучор кардаем, ки аз баҳри шавҳар баромадаанд. Эҳтимол онҳо баъдтар аз карда пушаймон шуданд, эҳтимол бинобар он ки аз ғурбати умрона халос хӯрданд, мамнун гаштанд – акнун инаш барои мо торик.
Ба эҷодкор мухлис шудан, ба шеъри ӯ маҳлиё гаштан, дастгирӣ кардаву қарсак задан – дигар масъала, дар пайроҳаҳои ноҳамвори рӯзгор бо ӯ қадам задан ва аробаи зиндагӣ кашидан – куллан масъалаи дигар аст. Ин қисматест кам одам бардошт мекунад. Қисматест, ки дар тақдири азал ба ҷабин сабт шудааст. Барои дарки ин зан аз модар бояд оқила таваллуд ёбад.
Дар давраҳое, ки ба адабиёт нав қадам мениҳодем –солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба ҳаёт ва тарзи рӯзгори бародарони ҳамқалами аз мо як-ду кӯрта пештар даронда нигариста, баъзан ҳайрон мешудем.
Тасаввур кунед, як гурӯҳ қаламкашони ҷавони нимсеру нимгурусна ба хонаи яке аз ин гуна бародарзодаҳо меҳмон шудем. Мусоҳиба, мушоира ва гуфтугӯҳои дилкаш гоҳо то нисфи шаб давом мекард. Зани соҳиби хона бо чеҳраи кушод ва табассуми нарм хидмат мекард, мондашавиро намедонист. Чойҳои гарму хунук тамом мешуд, суҳбат охир надошт.
Яке аз бародарони мо аз ҷо мехест ва мегуфт: «Рафтем, дар хонаи мо давом медиҳем». Нисфишабӣ ба манзили вай мешитофтем.
Аз меҳмони ногаҳонӣ, аниқтараш «зер карда даромадани мо» янгаҳоямон малӯл намешуданд, баръакс, ба ҳар кадоми мо алоҳида илтифот нишон дода, зуд дастархон мекушоданд.
Барои мисол, дар ёдам ҳаст, раҳматӣ Машраб Бобоев бемаҳалие моро ба хонааш бурд ва ба янгаамон Райҳонапа «кулчатой андоз» гуфт. Янга ҷигот наандохт,баръакс, зуд суфра густурд, аз пайи таомпазӣ шуд. Ин гуна ҳолат баъдҳо низ такрор мегашт. Суҳбат то рӯз давом мекард, дар хонаи соҳибхонаҳои манзилашон тор, аммо дилашон васеъ баъзеҳо хоб ҳам мерафтанд.
«Янгаҳои адабӣ»-амон, ҳарчанд намояндаи дигар касб ё соҳибхоназан буданд, мо, навқаламони касе намешинохтагиро ном ба ном мешинохтанд.
Ба ин гуна занҳои аҷиб, ки нону намак ва меҳри худро дареғ намедоштанд ва ҳамеша хайрхоҳ буданд, ба як даҳон раҳмат гуфтан фурсат... аниқтараш, фаросат надоштем. Имрӯз ба остонаи мӯйсафедӣ қадам ниҳода, баъде талхиву ширинии ин дунёи амонату ғаниматро кам ё зиёд чашидам, сӣ-чиҳил сол дертар бошад ҳам, бо ҳурмат ва миннатдорӣ ба забон овардани номи ҳамин гуна янгаҳо ва апаҳои меҳрубонамро вазифаи инсонии худ меҳисобам.
Муборак Фозилова (ҳамсари Носир Фозилов), Юлдуз Аъзамова (рафиқаи Эркин Аъзам), Раъно Азимова (зани Усмон Азим), Манзура Раҳмонова (ҷуфти ҳалоли Шавкат Раҳмон), Гавҳар Норматова (рафиқаи ҳаётии Нодир Норматов)...
Ин рӯйихатро боз давом додан мумкин.
Лозим мешуморам аз хотираҳои журналист Юсуф Файзулло дар бораи Ӯткир Ҳошимов як парча оварам:
«Рӯзҳои аввали тавассути нашриёти «Ӯзбекистон» ба чоп расидани «Тавбаи аждар» ном китоби ҳаҷвии адиб буд. Чаҳор дона китоби барои муаллиф ҷудошударо гирифта, ба хонаи ака равон шудам.
Хурсандии эҷодкорро баъди нашри китобаш онҳое, ки аз сар гузарондаанд, нағз медонанд. Устод баъде бо мамнуният китобро варақ зад, ба якеаш бахшида ба модари марҳумаш дастхат навишт ва дар ҷевони алоҳида гузошт (ба ин одати дерини ӯ бисёр гувоҳ шудаам).
Китоби дувум ба сифати шодиёна бо дастхати «Ба бародари ҳазорсолаам Юсуфбек» ба ман насиб кард.
Дар ин байн Ӯткирака ба Ӯлмасхонапа чанд бор таъин кард, ки шоир таом нахӯрда наравад. Апа, ки дастархон меорост: «Вой-вой, ин бачаатон магар ягон бор таом нахӯрда рафтагимӣ худаш», гуфт ҳазломез ва яке аз китобҳоро ба дасти худ гирифт.
– Додош, – гуфт гилаомез, – шумо ба ҳама бо дастхат китоб туҳфа кардаед. Лекин ба ман бо соядаст ягон китоб надодаед.
Вай чунин гуфт ва сӯи ошхона рафт. Ака бошад ба нуқтае андешаманд нигариста монд. Сонӣ ба ман рӯй овард.
– Фикр кунам, аз ростӣ ба янгаат ягон китоб туҳфа накардаам. Биёед, ин хаторо дуруст карда монем.
Ба ҳамин тариқ, ба китоби сеюм дастхати навбатӣ сабт гардид:
«Бо аждаҳое чу ман барои бо сабру тоқат ва матонат зиндагӣ карданат ҳазор ташаккур. Муаллиф: Аждар Ҳошимов».
Албатта, ин як лутфи ба адиби зарофатгӯи мо хос. Айни замон, агар гӯем, ки ин эътирофи мардона ва эҳтироми бузург аз номи ҳазорон шоиру нависандагони давраи мозӣ, ҳозира ва оянда ба шаъни ҳамсарони онҳост, фикр мекунам, хато намешавад.
Дар арафаи 8 марти соли 2019 дар қатори ҳамсарони як гурӯҳ адибону олимони барҷаста ба мукофоти баланди давлатамон тақдиронда шудани Марям Ёқубова (ҳамсари Одил Ёқубов), Шарофат Қӯшбоева (рафиқаи Озод Шарофиддинов), Гулчеҳра Воҳидова (рафиқаи ҳаётии Эркин Воҳидов), Ҳанифа Мустафоева (ҳамсари Абдулло Орифов), Ӯлмасхон Ҳошимова (рафиқаи Ӯткир Ҳошимов), Назира Саломова (завҷаи Муҳаммад Юсуф) кори адолатноке буд.
Як вақтҳо шоир Муҳаммад Юсуф навишта буд: «Занҳои ӯзбек барои тоқат офарида шудаанд». Имрӯз ин суханонро андак тағйир дода: «Ҳамсари адибҳо дар асл аз бардошт офарида шудаанд» гӯем, муқобилон ҳастанд? Не. Бетарафҳо? Не. Бо як овоз қабул карда шуд.
Аз китоби «НАВОӢ-30»
тарҷумаи
Муҳаммад ШОДӢ.