ПУЛИ ЧОРИҚУЛБОЙ

ё чанд сухан оиди бунёди ин ёдгории мероси маданӣ

Чориқулбой шахси таърихӣ буда, дар охири садаи нуздаҳум ва нимаи аввали садаи бистум дар аморати Бухоро умргузаронӣ кардааст. Ӯ туркман буда, сараввал хеле қашшоқона умргузаронӣ кардааст. Баъд дар дашти беканори Қизилқум дар дасти чорводоре чӯпонӣ карда, бо гузашти замон давлати беҳисоб ҷамъ намудааст. Ӯ яке аз бойҳои номбардори замонааш гаштааст, ки ҳисобу китоби мулкашро намедонистааст.
Мегӯянд, Чориқулбой вақте писардор мешавад, як ҳафтаи расо ба мардум тӯй медиҳад. Меҳмонон вақте бармегаштанд, ба онҳо яксарӣ гӯсфанд низ тӯҳфа кардааст ва донистанӣ шудааст, ки мардум аз ин рафтори ӯ розӣ ҳастанд ё на? Ӯ ба ин мақсад дар гӯшае хилват нишаста, ба суханони онҳо гӯш додааст. Азбаски  бе ресмон бурдани гӯсфанд мушкил буд, одамон мегуфтанд, ки ин бойи лаънатӣ чунонам хасис аст, ки гӯсфандро доду ресмонашро надод...
Соли 1910 ба сари аморати Бухоро амир Саид Олимхон меояд. Чориқулбой аз Саид Олимхон изн мепурсад, ки ба ӯ барои сохтани мадраса рухсат диҳад. Амир ба шахсоне, ки худаш сахт бовар мекард, фармоиш медиҳад, ки онҳо бо кадом роҳ чунин соҳиби мулк гаштани Чориқулбойро омӯзанд. «Одамони амир» барои сохтани мадраса ба Чориқулбой иҷозат намедиҳанд ва судхӯрии вайро далел меоранд. Азбаски илм ҳалолиро талаб мекунад, мадраса низ аз пули ҳалол бояд бунёд карда шавад, мегӯянд онҳо.
Чориқулбой тамоми умр кӯшиш кардааст, ки барои мардум кори нек кунаду аз худаш номи нек гузорад. Ӯ дар назди Сарипул ва баромадгоҳи тарафи Рометан дар болои дарёи Зарафшон пул бунёд мекунад. Барои ин муҳандисонро аз Полша мебиёрад. Кӯпруки аввалро баъди инқилоби Бухоро болшевикон вайрон карда нест мекунанд. Пули баромадгоҳи шаҳраки Рометан бошад, 114 сол боз дар хидмати мардум мебошад, ки аз зери он оби ҳаёт ҳамоно ҷорист.
Тақдири Чориқулбой баъди инқилоби Бухоро бо фоҷеа анҷом ёфт, аз ӯ тамоми чорвояшро кашида гирифтаанд. Писараш аз ӯ рӯй гардонд ва худи ӯро банди карда, ба зиндон партофтанд. 
Шӯравиён тамоми ҳафта гӯсфандони Чориқулбойро аз дашти Қизилқум ба дашти Қаршӣ кӯчонданд. Дере нагузашта, гӯсфандон ба мурдан сар карда, шӯравиён охирон аз худи Чориқулбой мадад мепурсанд. Дар ҷавоб вай мефармояд, ки барояш поруи саргини гӯсфандро биёранд. Ва инро дида мегӯяд, ки фавран ба оби  гӯсфандон намак ҳамроҳ кунанд. Чаро ки оби дашти Қизилқум нисбати дашти Қаршӣ шӯр ва ин таъсири об аст.
Ҳамин тариқ, донишманди босаховат дар зиндон бошад ҳам, мулки худро, ки ҳарчанд рабуда шуда буд, аз марг нигаҳ дошт.
Дар бораи Чориқулбой ҳангомаҳои зиёд дар байни мардум ҳамоно зинда аст. Мегӯянд, чоруқи ҳангоми қашшоқиаш пӯшидаро, ки нимдарон буд, дар болои дари баромад овехта монда будааст. Ҳар вақти даро-баро ба сараш расида, аз рӯзҳои гузаштааш ёдовар мешудааст.
Ӯ боре ба дӯкони либосфурӯш даромада, нархи бахмалу алочаро мепурсад. Фурӯшанда ба либоси оддии ба бар кардаи ӯ нигариста, мегӯяд, ки «уштур ҳаммомро орзу кардааст... Бобо вай чиз хеле қимат аст. Ба қарз хушу тоб надорам...». 
Чориқулбой дам назада, ҳамёни пури зарро ба пеши вай ҳаво дода, як пайтобагӣ гирифтааст ва ба пояш печонида, маҳсиашро пӯшида, боз бақияи маблағашро нагирифта рафтан мегирад ва фурӯшандаи касношинос аз қафояш тохта, бо зону афтида, тавба мекунад.

Алимурод ТЕМИРОВ.
Ноҳияи Шофиркони 
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: