Аз рӯзҳои аввали истиқлолият баҳри ҳифз ва рушди забон, урфу одат, арзишҳои миллӣ, мероси илмиву фарҳангии миллат ва элатҳое, ки дар ҷумҳурӣ аҳлона зиндагӣ мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва ин яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз рӯйи чорабиниҳои маънавиву маърифатие, ки аз ҷониби марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ботантана гузаронда шуданд, анҷумани матбуотӣ баргузор шуд.
Қайд гардид, ки кумита фаъолияти 157 маркази миллӣ-фарҳангӣ ва 38-то ҷамъияти дӯстиро дар фазои якдилӣ, дӯстӣ, ватанпарварӣ ва ҳамҷиҳатӣ гирдиҳам овардааст, ки ин фазои дӯстӣ дар тӯли 33 сол, бешубҳа, ба ҳаёти ҳар як намояндаи миллат таъсири амиқ гузошт.
– Дар Ӯзбекистон баҳри ҳамҷиҳатии миллатҳо ва ҳифзи муносибатҳои таҳаммулпазирии динӣ модели ба худ хос офарида шудааст. Дар тӯли асрҳо дар ин ҷо ҳамзистии созгоронаи гурӯҳҳои этникӣ, фарҳангу мазҳабҳои гуногун аз таҳаммулпазирии динии ҳамватанони муқими минтақаамон дарак медиҳад. Солҳои тӯлонӣ халқҳои Осиёи Миёнаро анъанаҳои муштараки таърихӣ, умумияти этникӣ, забон, ягонагии фарҳангӣ, робитаҳои ҳудудию иқтисодӣ муттаҳид сохтаанд, – гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии қирғизҳои ҷумҳурӣ Раҳматулло Ҷабборов.
– Марказҳои миллӣ-фарҳангӣ дар таъмини бардавомии урфу одат, гиромӣ доштани арзишҳои миллатҳо, дар баробари ин, ба ҷавононамон тарғиб намудани эҳтиром ба миллату халқиятҳои дигар, ки дар Ӯзбекистон истиқомат доранд, ҳиссаи муносиб мегузоранд. Барои бо тантана пешвоз гирифтани Истиқлолияти Ӯзбекистон Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ якҷоя бо марказҳои миллӣ-мадании шаҳру вилоятҳо чорабинӣ, вохӯрӣ ва суҳбатҳои хотирмонро бо намояндагони фаъоли минтақаҳои тоҷикнишин гузарондем, – гуфт дар баромади худ раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова.
Таъкид гардид, ки чунин гирдиҳамоиҳо баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани таҳаммулпазирӣ, ҳамҷиҳатӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ хидмат мекунанд.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».