Бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар маҳаллаи Фозил Йӯлдоши ноҳияи Булунғур анҷумани «Сайри помидор» баргузор гардид, ки дар он деҳқону фермерҳои самарқандӣ бо маҳсулоти полизӣ ширкат варзиданд.
Аз рӯйи маълумотҳои расмии омори вилоят дар Самарқанд дар 80 ҳазор гектар замин ниҳолҳои гуногуни помидор парвариш меёбанд ва ҳар сол 340-350 ҳазор тонна ҳосил мегиранд.
– Ин намуди кишоварзӣ бештар дар ноҳияи мо кишт карда мешавад, – иброз дошт ҷонишини ҳокими ноҳияи Булунғур Азизбек Бӯрибоев. – Барои ҳамин ҳокимияти вилоят маҳз дар ноҳияи мо гузаронидани чунин тадбири пуршукӯҳи хотирнишинро салоҳ донист. Чанде пеш дар ҳудуди ноҳияи Булунғур бозори сабзавот ташкил ёфт, ки дар ин ҷо на танҳо соҳибкорони самарқандӣ, инчунин соҳибкорони вилояти Ҷиззах низ бо хариду фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғуланд.
Имрӯз бо шарофати чорабинии «Сайри помидор» роҳбарони корхонаҳои консервабарорӣ низ ташриф фармуданд, ки бо фермерҳои машғули кишоварзӣ шартномаҳои ҳамкорӣ банданд.
Анҷуман бо баромади ҳофизону мутрибон ба поён расид ва таклиф шуд, ки ҳар сол 15-уми сентябр сайри помидор баргузор шавад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.