Дар бораи соҳибони тиҷорати бомуваффақият ва таърихи пайдоиши брендҳои машҳури дунё маълумоти аҷиб хеле бисёранд.
Дар байни онҳо соҳибкороне ҳастанд, ки бо маблағи ночизи аз шахсе гирифтаашон ба комёбии дараҷаи байналхалқӣ муваффақ шудаанд. Воқеан дар тиҷорат кумаки хурде, ки гоҳи зарурат гирифта шудааст, метавонад ба натиҷаҳои бузург поягузор бошад.
Мисоли ҳаётӣ. Кори дукони хӯрокворӣ, ки дар маҳалла ба наздикӣ кушода шуда буд, пеш нарафт. Барои фурӯш тамоми мавод мавҷуд, вале савдо натиҷаи хуб надорад. Аслан, дар оғози кор чунин сурат гирифтани он табиист, ба манзили нав одат кардани одамон осон намекӯчад. Агар сифат хуб ва нарх нисбатан арзон бошад, тамоми корҳо мувофиқи реҷа амалӣ мешаванд. Барои ин каме фурсат лозим аст, фурсат бошад, маблағ гуфтан аст.
Дар ҳолате, ки овардем, як масъалаи нозук ҳаст. Яъне, роҳбари корхонае, ки ба растаи дукон маҳсулот расонда медиҳад, мехоҳад аз соҳиби он дукон пулро ҳарчи зудтар ситонад. Маблағе, ки гирифта шуд, барои боз ҳам пурсамар фаъолият кардани истеҳсолгар муҳим мебошад. Соҳибкоре, ки аз оғози кораш фурсати зиёд нагузаштааст, бидуни зиёд намудани ҳаҷми савдо маблағи қарордодшударо наметавонад дар муддати пешбинишуда баргардонад. Ба ӯ барои ин муддати ночиз – як моҳ ташкилоте лозим аст, ки ақаллан кумаки моддӣ расонад. Ташкилот бошад бояд дар ҷараёни ҷудо кардани сармоя ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб накунад. Барои кумакҳои молиявиаш бо фоизи баланд подош нагирад. Минбаъд дар мамлакати мо барои чунин имконият фароҳам овардан хидмати факторинг ба роҳ монда мешавад.
Мо ҷараёни болоиро беҳуда муфассал баён накардем. Зеро ин тавзеҳ ба соҳибкоре, ки ба чунин муаммо ё мушкилоти ҳаммонанд дучор мешавад, фоидаовар аст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Чорабиниҳои беш аз пеш инкишоф додани бозори хидматҳои факторинг» 12 августи соли 2024 ба имзо расид.
Мутахассисон факторингро мубодилаи даромади ояндаи маблағ меноманд.
Мисолеро, ки дар муқаддима овардем, ба охир мерасонем. Ба соҳибкоре, ки нав дукон кушодааст, барои вом гирифтан ҳанӯз «таърих»-и зарурӣ нест. Амволеро, ки онро ба гарав гузорад, низ надорад. Аз назари аввал вай барои бонкҳо субъекти ғайриэътимод мебошад. Вале хидматрасони маҳсулот – истеҳсолгар маблағи зиёди мубодила дорад. Фаъолияти ӯ сазовори таъриф буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратманд аст. Ба байни ин ду соҳибкор хидмати факторинг – бонк, ташкилоти микромолия ё худ ташкилоти факторинг медарояд.
Ин чӣ гуна мешавад? Барои мисол хидматгузори факторинг ба молрасон маблағи муайяншударо барои ду-се рӯз мепардозад. Баъди муддати маълум, бигирем, фурӯхта шудани молҳо аз соҳиби дукон маблағ меситонад. Ин қарордоди сеҷониба бинобар он ки ба муддати кутоҳ пешбинӣ шудааст, фоизаш ва ҳаққи хидматрасонӣ кам асту ҷараёни кор тез амалӣ мешавад, барои ҳама манфиатовар дониста мешавад. Аниқтараш, дукондор соҳиби мол мегардад, молрасон бошад маблағи худро ҳарчи зудтар ба даст меоварад, ширкати факторинг соҳиби пули комиссионии муайяншуда мегардад.
Чун одат вомдиҳӣ таҳлили амиқро тақозо дорад. Дар ин бобат вазъи молиявии соҳибкор ва имкониятҳои ба гаравгузории ӯ, ки барои хидматҳои нотариал ва суғурта харҷ шаванд, омӯхта мешаванд. Хулоса, факторинг бинобар дорои давраи хоси ҳуҷҷатҷамъовариаш тафриқа дорад. Ин маблағ бо он ки ба муҳлати дароз ва барои лоиҳаҳои бузург ҷудо намегардад, коғазбозиаш кам аст. Яъне, барои муддати кам ба ивази фоизҳои кам расмӣ карда мешавад.
Мувофиқи фармони Президент ташкилотҳои факторинг ба сифати ташкилоти ғайрибонкии вом баъди аз қайди Бонки марказӣ гузаштан бо чунин фаъолият машғул мешаванд. Аз 1 январи соли оянда ба ташкилотҳои вомӣ бинобар шартномаҳои факторинг имконияти аз нав фурӯхтани талабномаҳои пули харидшуда дода мешавад.
Ҳамчунин агар контрагенти мизоҷ ғайрирезидент бошад, барои бо асъори хориҷӣ амалӣ намудани амалиёти факторинг рухсат дода мешавад.
– Дар ҷараёни тайёр кардани ҳуҷҷати мазкур таҷрибаҳои Чин, Туркия ва Мексика барин давлатҳо омӯхта шуд, – мегӯяд директори департаменти Бонки марказӣ Санҷар Носиров. – Якчанд меъёрҳои байналхалқӣ таҷдиди назар шуданд. Масъалаҳои идораи хатар, вусъат додани хидматҳо таҳлил карда шуданд. Агар ин хидмат оммавӣ карда шавад, қарорҳо зуд қабул мешаванд, аз маблағҳо фоидаи самарабахш ба даст меояд. Дар оянда хидматрасонии факторинг рақамӣ мешавад. Барои чунин хидматҳо платформаи электронӣ ҷорӣ мегардад. Вай дорои як қатор имкониятҳо мешавад. Ҷараёни санҷиши ҳаққонияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳамчунин зуд ҷамъ овардани маълумот дар бораи қарздорӣ автоматиконида мешавад. Ин ҷиҳат барои амалиёти саривақтии интегратсияи захираҳои вазорат, идора ва ташкилотҳои зарурӣ омили муҳим мегардад. Ғайр аз ин имкони кор карда баромадани платформаҳои дигаре, ки ба соҳа хидмат мекунанд, мавҷуд аст.
Халқи мо аз азал дар мавзӯи иқтисод, маблағ ва соҳибкорӣ донишманд мебошад. Вале давр тақозо дорад, ки дар ин бобат беш аз пеш ҳушёр бошем. Дар истиқболи наздиктарин вусъатёбии хидматҳои факторинг бо бонкҳои тиҷоратӣ муҳити рақобати солимро ба миён меоварад. Ҷараёни мазкур бошад, дар мамлакат ба беш аз пеш инкишоф ёфтани соҳибкорӣ хидмат хоҳад кард.
Икром АВВАЛБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.