ҲАФТАИ ТЕХНОЛОГИЯИ АХБОРУ КОММУНИКАТСИЯ БА АНҶОМ РАСИД

Дар Тошканд Ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсионии «ICTWEEK Uzbekistan 2024» ифтитоҳ ёфта буд.

Бахшида ба ин дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ чорабинӣ баргузор гардид.


Дар он ҷонишини вазири Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсионӣ Рустам Каримҷонов таъкид намуд, ки ин анҷуман 20 сол боз дар мамлакатамон баргузор мегардад. Дар он ширкатҳои бузурги IT, FinTech, саноати бозӣ ва робототехника, телекоммуникатсия, ширкатҳои таълимӣ, электроника, таъминот ва хидматрасонии техникии хориҷӣ ва маҳаллӣ ширкат варзиданд. Стартапҳо дар мавзуъҳои барномаи венчурӣ, тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ, провайдерҳои ҳалли IT, рақамикунонӣ ва хидматрасонии давлатӣ, имкониятҳои сармоягузории IT, шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, таҳсилоти IT ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар соҳаи ТИК тақрибан 20 анҷуман ва ҳамоишҳои бузургро дар бар гирифт.  Дар он павилонҳои миллии чандин кишвар, аз ҷумла Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Қатар, Латвия ва ширкатҳои беҳтарини IT дар саноати B2B, B2C, B2G, G2C ширкат  карданд.
Ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсионӣ масъалаҳои рушди байналмилалии технологияҳои рақамиро баррасӣ гардидааст. Дар заминаи он чорабинии «Платформа ва хидматрасониҳои рақамии соҳаи маориф»-ро роҳандозӣ кардааст. 
Чорабиниҳои «Рушди технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва мунисипал» тавассути гузаронидани як қатор ҷаласаҳои стратегӣ баргузор гардид, ки ба таҳлили ҳамаҷонибаи стратегияҳои мавҷудаи трансформатсияи рақамӣ дар кишвар ё минтақаи мушаххас ва таҳияи механизмҳои рушди рақамӣ нигаронида шудааст.
Мушовири вазири Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии ҷумҳурӣ Комила Собирова дар баромади худ гуфт, ки соли ҷорӣ резидентони IT ду баробар афзуд. Дар давоми сол теъдоди корхонаҳои содиркунандаи маҳсулот низ нисбат ба пеш зиёд гардид. Миқдори кормандони ширкатҳо аз 300 ба 3 ҳазор нафар боло рафт. Ҳатто ширкатҳои хориҷие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият доранд, маоши кормандони худро зиёд карданд. Ин ҷиҳат аз ҷавонони мо тақозо менамояд, ки забони хориҷиро ба тарзи бояду шояд омӯзанд. Дар акси ҳол наметавонанд дар ширкатҳои гуногуни хориҷӣ кор кунанд ва соҳиби маоши баланд шаванд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: