Сарвари давлат дар видеоселектор, ки 5 феврали соли ҷорӣ ба амал омад, бобати дар ҳар як ноҳия ташкил намудани маркази маданияти дорои толори кино, китобхона ва хонаҳои маҳфилгузаронӣ супориш дода буд.
Боиси хурсандист, ки дар ҳудудҳо чунин марказҳо созмон меёбанд. Чанд рӯз муқаддам дар ноҳияи Пешкӯ низ чунин марказ ба кор сар кард.
Биное, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Туркистон» ҳамчун идораи колхоз ва сонитар чун маркази фарҳанги рақами 37-уми «Янги диёр» хидмат мекард, муҳтоҷи таъмир буд. Ниҳоят ба мақсади таҷдиди бино аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 649 миллион сӯм маблағ ҷудо гардид. Чандин моҳ дар ин ҷо ҷараёни таъмир сурат гирифт. Ҳамин тариқ, бинои дуошёна намуди ҷозибанок пайдо кард ва китобхона, кинотеатр ва толори мусиқаю тамошо ба кор пардохт. Ҳоло дар марказ маҳфилҳои рубобу доиранавозӣ, сарояндагии эстрадӣ ва рақс созмон ёфта, дар онҳо бештар аз 100 нафар хоҳишмандон ҷалб шудаанд. Дар назди марказ дастаи ҳаваскорони халқии «Миришкор» низ ташкил ёфт. Вай дар тадбирҳои гуногуни мадании маҳалла иштирок карда, мардумро бо савту сурудҳои дилкаш шод мегардонад.
Дар ин ҷо бо назардошти талаби ҷавонон гурӯҳи омӯзиши забони англисӣ низ дар арафаи кор аст.
Дар маросими кушодашавии марказ ҷонишини аввали вазири маданият Авазхон Тоҷихонов, ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро Ботирҷон Шаҳриёров, ҳокими ноҳия Ваҳҳоб Қаҳҳоров ва намояндагони ҷамоатҳо иштирок карданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.