3. «ОВОЗИ ТОҶИК» – МИНБАРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ

«Овози тоҷик» дар муддати фаъолияти дусолаи худ ба сахттарин рӯзҳо ва бадтарин буҳрони молӣ гирифтор гардид.

Аз ҳаёти худ ноумед шуда бошад ҳам, тавонист соли дуюми худро ба поён расонад». (Ҳамон манбаъ).
Ҳоли табоҳи рӯзномаро нашрияҳои ӯзбекӣ низ иқрор кардаанду дар табрикоти худ ба муносибати пур кардани дусолагии «Овози тоҷик» аз ин ёддовар шудаанд:
«Ҷаридаи «Овози тоҷик» дар муддати ин ду сол бо ҳазор гуна сахтию мушкилиҳо бошад ҳам, хонандагонашро маҳрум накарда, эҳтиёҷи тоҷиконро як қадар таъмин карда омад». (Ҳамон манбаъ).
«Ҳамқаламони «Овози тоҷик»  дар муддати ду сол, агарчи ба чандин буҳрони молию маънавӣ дучор гардида бошанд ҳам, дар олами матбуот хидматҳои муҳимме нишон дода».  (Ҳамон манбаъ).
Идораи рӯзнома бо ин ҳол маҷбур мешавад, эълом дорад: «Аз якуми моҳи ноябр ба ҳеч кас  ҷаридаи «Овози тоҷик» маҷҷонӣ (бепул) фиристода намешавад, ба ғайри идораҳои рӯзномаҳо, ки ба тариқи мубодила аст».  («Овози тоҷик», №65, 19 октябри с.1925).
Дастандаркорони вақти рӯзнома дилсард нагардида, талош мекунанд, ба сад кӯю дар сар мезананд, то ба ҳеҷ ваҷҳ нагузоранд нашри рӯзнома қатъ гардад. Аз камтарин ёрӣ хушҳолӣ мекунанду  сипоси худро тавассути рӯзнома эълон медоранд: «Аз ҳамватанони фаъоламон рафиқ Муллоабдулрафиқ Эргашзода, ки аз ходимони қавии иҷрои Самарқанд аст, дар сояи ташаббуси худ аз музофот обуна чида, ба мо муштарӣ кунониданро ваъда медиҳад. Аз ин ҷиҳат ба рафиқи мазкур идора ташаккур мехонад. Дар ҳақиқат ин гуна  фаъолон ба даруни масъулкоргарон хеле камёбанд». («Овози тоҷик», №55, 15 сентябри с. 1925).
«Аз қитъаи Конибодом, аз муштариёни ҷаридаи «Овози тоҷик» ба воситаи рафиқ Комилзода 50  манот  гирифта будам. Дар ин рӯзҳо ба идора 61 маноту 50 тин ба ҷарида муштарӣ кунонида, пул фиристоданд. Боз ҳам ваъда медиҳанд, ки аз Конибодом бештар муштарӣ пайдо кунанд. Ба ин хидмати тараққипарваронаи рафиқамон Комилзода изҳори ташаккур мекунам».  («Овози тоҷик», №63, 15 октябри с.1925). 
«Овози тоҷик» шароит фароҳам овард, ки тоҷикон барои ҳимояи манфиатҳои миллии худ садо баланд бикунанд. Дар он миён, дар самои адаби тоҷик тобноктарин ситора устоди бузургвор Садриддин Айнӣ буд. Чун бо корбурд аз тафаккур ва тадаббур ба навиштаҳои устод назар мекунем, мебинем, ки ҳар навиштаи эшон муҳиму бамавқеъ ва дархӯри ниёзҳои миллату ояндасозанд. Аз масоиле пайгирӣ мекунад, ки то ӯ касе ба онҳо дахл накарда ва услуби баёнаш низ аз дигар қаламбадастони вақт тафовут дорад. Он орӣ аз муғлақбаёнӣ, дар аксар маврид дур аз корбурди калимоти бегона буда, ҳамафаҳм аст. Ҳамзамон бо таваҷҷуҳ ба масоили муҳими сарнавиштсоз роҳҳои ҳал ва рафъи онҳоро низ ироа медорад. Гоҳе аз вазифаҳои рӯзнома ҳарф мезанаду гоҳе аз қобилияти ташкилотчигии тоҷикон, гоҳе роҷеъ ба омӯзонидани ҳаммилатонаш таваҷҷӯҳ мекунаду гоҳе ба зиндагии пурмашаққати мардуми кӯҳистон, гоҳ аз вазъи табъу нашр мегӯяду гоҳе аз ташаккули забон, гоҳе барои бастани даҳони бефароз вошудаи инкоркунандагони ҳастии миллати тоҷик дар навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҳаммиллатонаш муроҷиат ба миён меораду гоҳе ба ёваҳои Бактош посух мегӯяд. – Ба болои ҳамаи ин устод дар ин айём боз ба офаридани нахустповести даврони шӯравии адабиёти тоҷик – «Саргузашти як тоҷики камбағал» («Одина») сахт банд аст.
Сироҷиддин ИКРОМӢ.
«Адабиёт ва санъат», 
22 августи соли 2024, № 33.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: