Дар доираи татбиқи қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои ислоҳоти соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ» дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ парки нақлиёти ҷамъиятии вилояти Сирдарё бо 40 автобуси нав таъмин карда шавад.
Дар марҳилаи аввал 8 автобуси нави аз ҷиҳати экологӣ тоза ва замонавии ширкати «Yutong Bus» ZK6890HG аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Учлик ишонч савдо» оварда шуд.
Бо ташаббуси вакилони ширкати «Yutong Bus»-и Чин автобусҳои нав ба ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев ботантана супурда шуд. Дар чорабинӣ вакилони ҳокимият, масъулини Вазорати нақлиёт, соҳибкорон ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Иштироккунандагони чорабинӣ бо шароити техникӣ ва қулаиҳои автобус аз наздик шинос шуданд. Автобус бо 26 ҷойи нишаст, дастгоҳҳои хунуккунӣ ва гармидиҳии ба иқлим мувофиқ, инчунин системаи GPS ва камераҳои махсуси видеои назоратӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар салони автобусҳо дастгоҳи системаи пардохти электронӣ кор мекунад.
Ҳокими вилоят таъкид намуд, ки дар маркази вилоят бо рафтуомади зиёди мусофиркашонӣ ва дар як қатор хатсайрҳои нав ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда мешавад. Дар натиҷа вақти сафар дар хатсайрҳои мавҷуда кам шуда, ҷалби сайёҳии дохилии шаҳр меафзояд. Инчунин, чандин ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.