Табрикномаи ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсуновро ба аҳолии вилоят бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон хондам, ки ба сархати зер таваҷҷуҳам афзуд: «Дар соли хониши гузашта аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 492,8 миллион сӯм 75 ҳазор дона китоби бадеӣ ба китобхонаҳои мактабҳо дода шуд.
Фонди китоби китобхонаи мактабҳои вилоят соли 2023 933 ҳазору 375 донаро ташкил дода, ҳар толибилмро 5 донагӣ рост меомад. Соли 2024 фонди китобхонаҳои мактабӣ ба 1 миллион дона расонида шуд, ки ба ҳар як нафар толибилм 6 донагӣ рост меояд»
Субҳи рӯз ба китобхонаи мактаби ҳамагонии рақами 30-юми ноҳияи Нурато рафтам. Мудири китобхона Аниса Раҳимова дар ҷойи кор буд. Омӯзгори ҷавон Солиҳа Раҳимова китоберо мутолиа мекард. Суолаш додам: – Оё солҳои 2023-2024 ба китобхонаи мактаб аз буҷаи давлатӣ китоби бадеӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудааст?
– Китоби нав ба забони тоҷикӣ наомадааст. Гоҳ-гоҳ хатмкардагони мактаб китоб туҳфа мекунанд. Ин китобҳоро хатмкардагон туҳфа кардаанд, – ҷевонеро нишон дода гуфт китобдор. – Китобҳо асосан китобҳои адибони давраи шӯравӣ мебошанд, яъне китобро бештар куҳансолон туҳфа мекунанд.
Дар ҷевони дигар осори адибони имрӯзаи Ӯзбекистон гузошта шудааст, ки ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд. Ин ҷо намунаҳо аз осори Паймон, Абдулло Субҳон, Юнуси Имомназар, Ҳикмати Ҳикмат, Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон гузошта шудааст, ки ин адибон асосан дастпарварони деҳоти кӯҳпояи Нурато мебошанд. Аммо, «Девон»-и Паймон ба назар нарасид. Китобҳои мавҷуд аз ҷониби муаллифон тӯҳфа шудаанд.
Аз осори адибони дигар воҳаҳои ҷумҳурӣ, ҷуз баъзе намунаҳои осори Асадуллоҳ Исмоилзода ва чанд ҳикояву новеллаҳои Шариф Халил, ки дар маҷмӯаи «Се барги сабз» (Тошканд, 2019) гирд оварда шудааст, намунаи дигар пайдо накардем. Пас толибилмон доири осори Абдулло Раҳмон, Сулаймони Хоҷаназар, Ҷаъфар Муҳаммад, Ҳадяи Бухороӣ, Маҳбуба Турсунова, Адаш Истад ва дигарон маълумот пайдо намекунанд, аз мавҷуд будани ҳавзаи бузурги адабии Ӯзбекистон огоҳӣ надоранд. Дар бораи осори адибони форсизабон дар Тоҷикистон, Эрону Афғонистон ва соири кишварҳои Осиёву Аврупою Амрико дақиқан маълумот надоранд. Маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ», ки дар ин росто саҳми беназир мегузорад, ҳамаро дастрас нест, яъне ҷуз ду-се нафар аз деҳаи Сойхурд касе ба он обуна нест. Дар китобхона ҳар як шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳо бастаи худро доранд, вале хонандаро не! Ҳатто на ҳамаи омӯзгорон аз ин раванд бархурдоранд.
Ин ҷо маро чизи дигар водори андеша намудааст. Ҳокими вилоят доири соли 2023 ба китобхонаҳои мактабҳои вилоят «аз буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 492,8 миллион сӯм 75 ҳазор дона китоби бадеӣ» додан хабар медиҳад.
Дар мактабҳои вилояти Навоӣ ба чаҳор забон – ӯзбекӣ, русӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ таълиму тарбия дода мешавад. Тибқи маълумоти китобдори мактаби рақами 30 дар чор-панҷ соли охир ба китобхона аз буҷаи давлатӣ ҷуз китобҳо ба забони давлатӣ ба забони тоҷикӣ китоб надодаанд. Ҳол он ки дар Ӯзбекистон ба ин забон пайваста китобҳои бадеӣ табъу нашр мегарданд.Соли 2019 аз маблағи буҷаи давлатӣ 12 номгӯ китоби бадеӣ ба забони тоҷикӣ, аз ҳар номгӯ 32 донагӣ овардаанд.Ин китобҳо асосан иборат аст аз тарҷумаи осори адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ.
Хостам аз вазъияти китобхонаи мактабҳои таълимаш қазоқӣ огоҳӣ пайдо кунам. Ба ин мақсад бо китобдори мактаби рақами 35 Дилфуза Мирзаева дар тамос шудам. Ӯ низ таъкид дошт, ки пас аз соли 2019 аз буҷаи давлатӣ ба хазинаи китобхона китоби бадеие ба забони қазоқӣ ворид нашудааст. Дар чаҳор мактаби дигари таълимаш ба забони тоҷикии ноҳия низ вазъият чунин буд.
– Оё шумо бо талабнома ба шуъбаи таълими мактабӣ ва томактабии ноҳия муроҷиат кардаед, ки барои китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ низ маблағ ҷудо кунад, – мепурсам аз Аниса Раҳимова.
– Ҳа, борҳо бо талабномаи хаттӣ муроҷиат кардаем, вале натиҷа нест.
Суол пайдо мешавад, магар маблағҳои буҷавӣ барои мактабҳои таълимаш ба забонҳои миллӣ ҷудо карда намешавад? Шояд талабномаҳо дақиқ нестанд?! Дар талабномаҳо бояд номгӯйи китобҳои тозанашр ба забони тоҷикӣ инъикоси худро ёбад. Дар ин раванд низ маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» кӯмаки беғараз расонида истодааст. Дар саҳифаҳои охири ҳар як шумораи ин маҷалла доири «Китобҳои тозанашр» хабарҳои Асалой Сархатзода табъу нашр мегардад. Номгӯйи китобҳои бадеии тоҷикиро аз ин ҷо дарёфт кардан мумкин аст.
Маҳз китобхонӣ инсонро бахту саодат оварад. Китоб ба ташаккулёбӣ ва рушди маърифату маънавият, худшиносиву худогоҳӣ ва билохира ба такомули забони модарии инсон кӯмак мекунад. Дар ин маврид шоир фармудааст:
Асоси зиндагонӣ хоку об аст,
Ва боду оташ асту офтоб аст.
Валекин манбаи фарҳанги
миллат,
Китоб асту китоб асту китоб
аст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.