Аъзои дастаи мунтахаби мо оид ба паравелосипедронӣ дар чемпионати ҷаҳон дар шоҳроҳҳо, ки шаҳри Сюрихи Швейтсария мизбонӣ мекунад, иштирок доранд.
Дирӯз дар мусобиқаи байни мардон ба масофаи 11 километр дар класси Т1, ҳамватани мо Азиз Отахӯҷаев бо натиҷаи 20 дақиқаю 30 сония дар ҷойи сеюм ба марра расида, соҳиби медали биринҷии чемпионати ҷаҳон шуд.
Бояд гуфт, ки бо ин натиҷа Азиз Отахӯҷаев дар таърихи пара-велосипедронии Ӯзбекистон аввалин варзишгаре шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон медал ба даст овард.