25 сентябри соли 2024 дар пойтахт аз ҷониби Маркази таҳлили равандҳои демократӣ таҳти мавзӯи «Такмили минбаъдаи равандҳои демократӣ: равишҳои муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ» суҳбати “мизи мудаввар”-и байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар он қадамҳои муҳим ва натиҷаҳои дар самти ислоҳоти конститутсионии кишвар, таҳкими ҳокимияти халқ, рушди низоми нави интихоботӣ ва рақобати сиёсӣ, дастгирии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ, таъмини озодии воситаҳои ахбори оммавӣ ба даст овардашуда чуқур таҳлил карда шуданд.
Дар чорабинӣ аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, Сенати Олий Маҷлис, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, Институти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ, Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, ҳаракати “Юксалиш”, Маркази “Стратегияи рушд”, СҒҒ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Инчунин, коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва мутахассисони маъруфи кишварҳо, аз қабили Британияи Кабир, Канада, Озарбойҷон, Миср, Покистон, Русия бо маърӯзаҳои худ ширкат варзиданд.
Дар суҳбати “мизи мудаввар”-и байналмилалӣ таъкид гардид, ки тайи 7-8 соли охир дар кишвари мо ислоҳоти амиқи демократӣ бо қадамҳои бебозгашт пеш рафта, сиёсати башардӯстона дар бунёди Ӯзбекистони нав, ки ҳуқуқу манфиатҳои инсон дар мадди аввал меистад, татбиқ мегардад, оид ба ислоҳоти конститутсионии аз давлатдории иҷтимоӣ асосёфта, таъмини баробарии гендерӣ, кафолати ҳуқуқҳои занону кўдакон, баланд бардоштани ҳисобдорӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ ҳаракатҳо амалӣ гардида, натиҷаҳои онҳо эътироф карда шуданд.
Инчунин иштирокдорони чорабинӣ ба ташаббусҳои муҳими роҳбари кишварамон, ки дар минбарҳои олии сиёсии ҷаҳон, чорабиниву вохӯриҳои бузурги байналмилалӣ пеш гузошта, сазовори эътирофи байналмилалӣ шуданд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Илова бар ин, аз маърӯзаҳо бармеоянд, ки дар мисоли Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳрири нав, низоми интихоботи молики шаклу моҳияти нав ба арзишҳо ва манфиатҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, самараи саъю кӯшиш барои боз ҳам баланд бардоштани рисолати иштирок ва фаъолнокии аҳли ҷамъият дар идоракунии давлатӣ васеъ ҷой гирифтааст.
– Меъёрҳои интихоботӣ дар Ӯзбекистон ба меъёрҳои байналмилалӣ, бахусус ба стандартҳои Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо мувофиқат мекунанд ва ҳатто ҷанбаҳои афзалиятнок доранд, – мегӯяд дотсенти Мактаби олии иқтисодии Русия Кирилл Молодико. – Масалан, дар Ӯзбекистон барои овоздиҳӣ кӣ омадаасту кӣ наомадааст, назорат карда ва ҳатто ошкор карда намешавад. Ба ин раванд комилан озодона муносибат зоҳир карда мешавад. Дар баробари ин ҷолиби диққат аст, ки дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ биноҳои бепул ҷудо карда мешаванд.
Анҷумани аз мубоҳисаҳои тезу тунд ғанӣ, на танҳо барои мубодилаи афкор, балки барои кор карда баромадани таклифҳои амалӣ оид ба боз ҳам тезондани равандҳои демократии мамлакатамон ҳамчун минбари муҳим хизмат мекунад. Аз ҷумла, имконият медиҳад, ки таҷрибаи хориҷӣ омӯхта, дар амалияи миллии мо ҷорӣ карда шавад.
Мулоқоти дӯстонаи байни коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар доираи суҳбати “мизи мудаввар”-и байналмилалӣ дар таҳияи пешниҳоду тавсияҳои арзишманд, ки барои боз ҳам амиқтар ва такмил додани ислоҳоти демократӣ дар Ӯзбекистон хидмат хоҳанд кард, самараи худро хоҳад дод.
Далер Азизов,
мухбири “Овози тоҷик”.