Дар Бишкек ба хидматчиёни давлатӣ бо мошини шахсӣ ба кор рафтан маҳдуд карда шуд

Администратсияи Президент аз ташаббуси шаҳрдории Бишкек дар бораи маҳдуд кардани истифодаи мошинҳои шахсӣ аз ҷониби кормандони мунисипалӣ пуштибонӣ кард.

Дар ин бора хидмати матбуоти ҳокимияти шаҳр маълумот дод.

Ба вазорату идораҳо дастурҳои дахлдор фиристода шуда, ба ҳамаи кормандон тавсия шудааст, ки рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Ин ташаббус ба беҳбуди вазъи ҳаракати нақлиёт дар шаҳр, афзоиши талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва кам кардани тирбандии роҳҳо равона шудааст. Чунин чорабиниҳо инчунин барои ошкор намудани мушкилот дар фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати шаҳрвандон хизмат мекунад.

Мунитсипалитети пойтахт ин қоидаро барои кормандони худ моҳи майи соли 2024 ҷорӣ кард ва кормандони мунисипалиро барои риоя накардани ин маҳдудият ҷазо дода буд, хабар медиҳад 24.kg.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: