ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ ЭКОЛОГӢ – МАҚСАДИ НИҲОӢ

Дар шароити кунунии рушди ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим экология ва ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, афзун намудани майдонҳои сабз ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ дар кишвари мо ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Солҳои охир дар кишвари мо заминаи ҳуқуқии идоракунӣ ва танзими ин соҳа боз ҳам такмил ёфт. Бисёр қонуну санадҳои меъёрии марбут ба соҳа қабул гардида, амалӣ мешаванд. Дар натиҷа муносибат ба экология ва муҳофизати табиат ба куллӣ тағйир ёфт.
Дар бобати баланд бардоштани самаранокии кор дар ин самт як қатор фармону қарор ва ташаббусҳои роҳбари давлатамон, ки ба ҳамин мақсад нигаронда шудааст, аҳамияти калон доранд. Дар таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолатдиҳӣ ба ҳуқуқи экологии ҳар як шахс молики эътибор аст.
Консепсияи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030, Консепсияи рушди хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030, Консепсияи рушди системаи хоҷагии ҷангал дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 дар рушди соҳа дастуруламали муҳим мегарданд.
19 сентябри соли равон зимни тақдимоти пешниҳодҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вазифаҳои афзалиятноки беҳбуди вазъи экологиро муайян намуд.
Дар навбати аввал ду барномаи барои таъмини устувории муассири экологӣ дар кишвар таҳияшуда, муаррифӣ карда шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи Барномаи миллӣ барои солҳои 2024-2030 оид ба мубориза бо тӯфони чангу ғубор ва рафъи оқибатҳои он бо назардошти афзалияти ҳалли мушкилоти экологӣ баррасӣ шуд.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки таҳияи тадбирҳои махсус барои баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дар ҳама бахшҳо имкон медиҳад, ки оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ самаранок пешгирӣ карда шавад. Инчунин, дар саноати автомобилсозӣ комилан манъ кардани фурӯш ва истифодаи сӯзишвории аз стандарти «Евро-4» поёнтарро ба нақша гирифтаанд. Барои ин модернизатсияи заводҳои азнавкоркарди  Бухоро ва Фарғона оид ба истеҳсоли сӯзишвории баландсифат пешбинӣ шудааст. 
Маълум аст, ки лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз», ки дар кишвари мо ба арзишу анъана табдил меёбад, на танҳо ба манфиатҳои миллӣ, балки ба манфиатҳои минтақавӣ низ дар таъмини устувории ҳифзи муҳити зист хидмат мекунад. Дар асоси аҳамияти лоиҳаи мазкур дар шаҳри Тошканд барномаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани сифати ҳавои атмосфера таҳия карда мешавад. Тибқи он дар 5 соли оянда дар пойтахти мо ва навоҳии ҳамсояи вилояти Тошканд 441 гектар «камарбанди сабз» ва боғҳо бунёд карда мешавад. Ин бошад, ба ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани шароити мусоид ба одамон ва ба муҳофизати саломатии халқамон хидмат мекунад.
Имрӯзҳо дар мамлакати мо сохтмони манзилгоҳ ба дараҷаи саноатӣ бурда мешавад. Ин талаб мекунад, ки нисбат ба онҳо талаботи нави экологӣ ҷорӣ карда шавад. Дар асоси ин талабот ҳангоми тарҳрезии биноҳои навбунёди баландиашон 12 метр ё масоҳати умумиашон зиёда аз 500 метри мураббаъ, бояд на камтар аз 25 фоизи майдонҳои ҳамшафат кабудизор карда шаванд. Ҳамчунин, корхонаҳои саноатие, ки ба муҳити зист зарари зиёд доранд, муваззаф шудаанд, ки «камарбанди сабз» бунёд кунанд.
Боз як масъалаи муҳим. Дар кишвари мо, ки арзишҳои демократӣ рӯз то рӯз ривоҷ ёфта истодаанд, ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ ва пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ дар ин бобат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Бо мақсади ҳавасманд намудани одамони фаъолу серғайрат дар ин самт таъсиси унвони фахрии «Экологи хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ифодаи равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории баланд нисбат ба намояндагони соҳа мебошад.
Бояд гуфт, ки кишвари мо ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист зиёда аз 10 санади байналмилалӣ қабул кардааст. Зимни муаррифӣ масъалаи ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Орхус оид ба дастрасии аҳолӣ ба иттилоот иштирок ва дастрасӣ ба адолат дар қабули қарорҳои экологӣ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ворид кардани модда дар бораи риоя накардани талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера дар иншооти сохтмонӣ мувофиқи мақсад аст. Барои зиёд ва пурзӯр намудани ҷарима барои буридан ва дидаю дониста хушк кардани дарахтон, аз маҷрои дарё ғайриқонунӣ кандани регу шағал, ба ҷойҳои муайяннашуда партофтани партовҳо чораҳо дида мешаванд. Охир, вақте ки одам худро ҷузъи табиат ҳис намекунад, ба ин гуна ҳодисаҳо хотима додан душвор мегардад.
Хулоса, табиати зебои диёрамон, ҳавои софу беғубор, обҳои мусаффои шифобахш ҳар касро мафтун мекунад. Ин зебоии нотакрорро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос гузоштан вазифаи ҳар яки мост. Дар акси ҳол, мо аз мушкилоти мухталифи манфии экологӣ, ки бинобар тағйирёбии иқлим афзоиш меёбанд, шумораи бештари одамонро аз даст медиҳем.
Умуман, таъмин намудани иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири дар маърӯза муайяншуда аз ҳар як роҳбар, махсусан аз мо депутатҳо масъулияти калон талаб мекунад. Агар мо муттаҳид шавем, якҷоя саъю кӯшиш намоем ва вазифаҳои муҳими муайяншударо бо дили соф ба ҷо оварем, барои таъмини суботи экологӣ заминаи бузург фароҳам меорем. Ин дар ниҳоят ба ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани муҳити бароҳат ва бехатар барои шаҳрвандон хизмат мекунад.

 Ислом ХУШВАҚТОВ,
депутати Палатаи 
қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: