МАЙДОНИ БА ХУД ХОС БОБАТИ ТЕЗОНДАНИ РАВАНДҲОИ ДЕМОКРАТӢ

Дар Ӯзбекистони рӯ ба ривоҷ чорабиниҳое, ки вобаста ба ислоҳоти демократӣ рӯи кор меоянд, самара мебахшанд.

 Дар ин бахш таҷрибаи пешқадами кишварҳои рушдёфта муттасил омӯхта мешавад. Дар навбати худ диёри мо чун давлати демократии ҳуқуқбунёд бобати такмил додани ҷараёнҳои демократӣ ба кишварҳои дигар намуна мегардад.
Дар суҳбати даврие, ки дар пойтахт таҳти мавзӯи «Такмили минбаъдаи ҷараёнҳои демократӣ: корбарии замонавӣ ва таҷрибаи байналхалқӣ» ба амал омад, дар ҳамин бобат сухан рафт.
Дар чорабинӣ баробари мутахассисони маҳаллӣ  коршиносони дараҷаи байналхалқӣ аз Британияи Кабир, Канада, Озарбойҷон, Миср, Русия, Покистон барин мамлакатҳо иштирок намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ Азамат Пардаев ва дигарон дар баромадҳои худ, аз ҷумла, зикр намуданд дар роҳи мустаҳкамсозии ҳокимияти халқӣ, рушди сохтори нави интихоботӣ ва рақобати сиёсӣ, таъмини озодии воситаҳои ахбори оммавӣ мамлакати мо ба дастовардҳо ноил мегардад.
Зимни суҳбати даврӣ ислоҳоти демократӣ дар Ӯзбекистон, инчунин ҷиҳатҳои аҳамиятноки таҷрибаи байналхалқӣ дар ин самт таҳлил карда шуданд.
Қайд гашт хусусан дар ҳафт-ҳашт соли охир  ислоҳоти демократӣ бо қадамҳои қатъӣ ва устувор пеш рафт ва самара бахшид. Натиҷаҳои сиёсати инсонпарварона дар бунёди Ӯзбекистони Нав ва дар ин бахш устувории манфиати инсон, ислоҳоти конститутсионии бо давлатдории иҷтимоӣ асоснокгардида, баробарии гендерӣ, таъмин намудани кафолати ҳуқуқии бонувон ва бачаҳо ва дигар ҳаракатҳое, ки дар ин бобат зоҳир мегарданд, торафт ҳисшаванда мегардад.
Навъе ҷонишини директори Институти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии назди Президент, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор Воситҷон Эргашев таъкид сохт, дар Конститутсияи навшудаи мо мамлакатамон ба сифати давлати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва демократӣ тавсиф ёфтааст. Пурзӯр карда шудани ҳимояи ҳуқуқӣ ва амали бевостаи он дар қонунҳо, оиди дар сохтори интихоботии мамлакат воридшавии меъёрҳои боз ҳам аниқтар «коғази ташрифи»-и ба худ хоси Конститутсияамон мебошад. Алъон омодагиҳо ба интихобот дар авҷ аст ва ҷараёни интихоботи имсола, бешак, дар вазъи амал кардан  ба Конститутсияи нав ба амал бароварда мешавад.
Назар ба фикри профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Озарбойҷон, эксперти байналхалқӣ Элшод Мирбашир суҳбати даврии мазкур барои муҳокимаи батафсили масъалаҳои долузарб оиди боз ҳам такмил додани ҷараёнҳои демократӣ майдони қулай ҳисоб хоҳад ёфт. Шубҳае нест чунин муҳокимаҳо натиҷаи худро мебахшанд. Дар Ӯзбекистон вақтҳои охир дигаргуниҳо суръат мегиранд.
Арбитражи байналхалқии Маркази минтақавии арбитражи тиҷорати байналхалқии Қоҳира Маҷид Шибата, дотсенти Мактаби олии иқтисодиёти Русия Крил Молодико, профессори Донишгоҳи Бирмингем (Англия) Крис Торнхилл ва дигар экспертҳои байналхалқӣ изҳор доштанд дигаргуниҳое,ки ба Конститутсияи Ӯзбекистон ворид карда шудаанд, дар ислоҳоти самарабахше, ки амалӣ мегарданд, ҳамчунин дар миқёси байналхалқӣ мавқеи худро молик шудани  ин мамлакат аҳамияти муҳим касб менамоянд. Ҷиҳати муҳим боз он аст, ки дар Конститутсияи навшуда баробар бо меъёрҳои байналхалқӣ мизонҳои миллӣ низ нигоҳ дошта шудаанд. Ба меҳнати маҷбурии бачаҳо ва беписандӣ нисбати занон барҳам дода мешавад.
Анҷумани байналхалқӣ ба тарзи самимӣ сурат гирифт ва аз муҳокимаҳо бой буд ва он, метавон гуфт, баробари табодули афкору таҷриба оиди корбасти таклифҳои амалӣ низ майдони ба худ хос қарор гирифт.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: