Бо ташаббуси Вазорати адлия дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бахшида ба нақшаҳои оянда бобати баланд бардоштани шуур ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбари шуъбаи ахбори ҳуқуқии вазорат Фурқат Тоҷиев ва роҳбари хидмати ахбори вазорат Шоҳида Юлдошева иштирок карданд.
– Конститутсия пойдевори мустаҳками давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ташаккули ҷомеаи одили шаҳрвандӣ, таъмини осоиштагӣ ва якдилии миллӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқиву фаровонии зиндагии аҳолӣ мебошад, – гуфт Фурқат Тоҷиев. – Мавқеи асосиро дар ислоҳоте, ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон ба амал бароварда мешавад, ҳуқуқу озодии инсон ва манфиатҳои ҳуқуқии ӯ ташкил медиҳад. Имрӯзҳо самараи ислоҳоти дар роҳи манфиатҳои инсон татбиқшудаистода дар миқёси байналхалқӣ низ эътироф мегардад.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар давраи гузашта аз ҷониби мақомоти адлия зиёда аз 370 ҳазор тадбирҳои тарғиботӣ гузаронида шуданд. Ба воситаи телевизион, радио, газетаю журналҳо зиёда аз 40 ҳазор баромад карда шуд.
Тавассути системаи ягонаи табодули ахбори ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилоту маҳалҳои аҳолинишин расонидани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Тавассути системаи ягонаи хабарӣ ба 9455 маҳали аҳолинишин 288 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 124 матни маҷмӯи маводи таблиғотии ҳуқуқӣ расонида шуд.
Шоҳида Юлдошева оиди тағйирот, дигаргунӣ ва иловаҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ инъикос мегарданд, ҳарф зад.
Аз гуфтаи ӯ бармеояд, ки тағйирот ва иловаҳои ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дохилшуда, пеш аз ҳама манфиати субъектҳои соҳибкориро ҳимоя намуда, ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ нигаронида шудааст. Масалан, дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба Қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ» барои ҳалли муаммоҳои муҳими шаҳрвандон аз ҷониби идораҳои давлатӣ нигаронда шудааст. Мувофиқи он халқ ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад.
Дар шакли конфронс, вохӯрӣ, семинар, суҳбати «мизи мудаввар», тарғиботи ҳуқуқӣ ва паҳн намудани ахбори ҳуқуқӣ, тавассути барномаҳои телевизиониву радио кушода додани моҳияти ҳуҷҷатҳои қонун, дар воситаҳои ахбори электрониву чопӣ ҷойгир намудани мавод, шарҳҳо, усулҳои босамар мебошанд.
Дар поёни чорабинӣ ба саволҳои ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ, ки ба мушкилоти мавҷуда низ дахл доштанд, маъсулони соҳа дар доираи қонунгузорӣ ҷавоб доданд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».