ШОНИ МУАЛЛИМ

Камол НАСРУЛЛО

Баланд аст аз фалак шони муаллим, 
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. 
Набошад неъмате дар ҳар ду олам 
Ҳалол аз пораи нони муаллим. 

Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ 
Бувад аз рӯи виҷдони муаллим. 
Агар фардои меҳанро биҷӯӣ, 
Биёб аз файзу эҳсони муаллим. 

Агар армони меҳанро бихоҳӣ, 
Бидон аввал ту армони муаллим. 
Каму беши замонро рост кардан 
Тавон танҳо ба мизони муаллим. 

Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид, 
Набошад нури чашмони муаллим? 
Ягон ҳосил ба хоки мазраъи табъ 
Магар рӯида бе дони муаллим? 

Бидон, парвозгоҳи миллати мо, 
Бувад дар рӯйи дастони муаллим! 

 

АНДАР СИТОИШИ ОМӮЗГОР

Аз омӯзгоре меомӯзанд, ки дӯсташ медоранд.
И. ГЁте.
Як омӯзгор метавонад бо рафтор ва гуфтори худ кишвареро дигаргун кунад.
Уруди Бузург.
Омӯзгор инсонест, ки корҳои мушкилро осон мекунад.
Р. Эмерсон.
Омӯзгор худ он гуна бояд бошад, ки шогирдонашро дидан мехоҳад.
В. Дал.
Ба ман омӯзгороне мақбуланд, ки ба истиснои вазифаи хонагӣ боз чизе диҳанд, ки ба андеша кардан водорам кунад.
Л. Тамлин.
Омӯзгори воқеӣ на онест, ки ба ту ҳамеша мадад мерасонад, балки онест, ки ҳамеша раҳнамоият мекунад.
М. Светлов.
Омӯзгори хуб шогирди бадро хуб мекунад, шогирди хубро – бузург.
 М.Колинз.
Ба шогирдон намуна  будани устод бартар аз омӯзонидани ӯст.
Ж. Жубер.
Оне, ки меомӯзонад, набояд худ лаҳзае фориғ аз омӯзиш бошад.
Р.Данн.
Беҳтарин хислати омӯзгор он бошад, ки ба гуфтааш содиқу устувор бимонад.
И. Златоуст.

Гирдоваранда Собир ЭРГАШЕВ. 
Ноҳияи ФОРИШ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: