«МУАЛЛИМ ГАР НАБОШАД...»

Инак, боз як санаи фархунда барои аҳли маориф фаро мерасад.

Чун ин рӯз – Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён ҳамагӣ пас аз як моҳи оғози соли хониш фаро мерасад, суҳбатамон бо сарвари яке аз таълимгоҳҳои пешқадами минтақа, мактаби таълими ҳамагонии навтаъсиси рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, омӯзгор-директори эҷодкор Саодат САНГИНОВА (Сатторӣ) ба тараддуду тайёрӣ ва масъалаҳои ғайритадрисии мактаб низ бахшида шуд.
– Иди касбии муаллим бароятон муборак бошад! 
– Ба ёдам рӯйи нурафрӯзи устод,
Суханҳои накӯ, дилсӯзи устод.
Аз он ки умри худ бахшид бар мо,  
Муборак, эй азизон, Рӯзи устод!
Имрӯз омӯзгор ид дорад! Ман аз фурсате, ки бароям даст додааст, истифода бурда, тамоми омӯзгорони кишвари маҳбубамонро ба ин санаи муборак табрик гуфта, ба ҳамаашон умри дарози бобаракат ва саодатмандии ду ҷаҳонро таманно дорам! Бигзор шамъи маърифате, ки дар қалби шумо ҳасту ҳама ҷоро бо шӯълааш нурпошӣ мекунад, фурӯзон бимонад!  Идатон муборак устодон, омӯзгорон ва мураббиёни азиз!
– Метавонед аз мактаби худ таъриф кунед...
– Мехоҳам бо як дубайтии хеш  ба ин суол ҳусни оғоз бахшам, ки хеле бомаврид эҷод шуда буд:
Муаллим гар набошад андар олам,
Бани Одам залилу хор мегашт.
Бигашта ғарқ дар баҳри ҷаҳолат,
Зи бемаърифатӣ  афгор мегашт.
Байни деҳаҳои Гулистон ва Сариҷӯйи мо хеле роҳ дур буду дар фасли сармо барои пагоҳӣ соати ҳашт ба мактаб рафтани хурдсолон мушкил, аз ин рӯ бо дархости аҳли деҳа дар шароити на он қадар хуб барои хонандагони синни хурди мактабӣ дар соли 2013 биное (филиал) сохта шуда буд. Бо супориши Президент муассисаи мо низ ҳамчун мактаби алоҳида дар соли 2018 ба ин мақом, яъне мактаби алоҳида лоиқ  гардид. Рӯзе, ки ба остонаи мактаб ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои таълим қадам мемондам, ҳеч аз хотирам фаромӯш намешавад. Мактаб як бинои дуқабата, ки аз ҳашт синфхона иборат буд, чизе надошт. Аз китобхонаю компутеру ошхона ва толори варзиш дарак набуд. Баъди як сол вазифаи роҳбари мактаби мазкурро ба зиммаи ман гузоштанд, ки хеле масъулияти калонро талаб мекард. Ман бо шунидани «Ташаббус-буҷет» тасмим гирифтам дар он лоиҳа иштирок кунам. Баъди ғолиб баромадан мактаби мо соҳиби чор синфхонаи калон-калони барҳаво шуд. Дар ин муддат аз тарафи шуъбаи таълими мактабӣ ва томактабии ноҳия ба мактабамон 16 компутер бо мизҳои  замонавӣ дода шуд. Бо ёрии ҳомиён, яъне аз тарафи  мардони бошарафи Сариҷӯй мактаб ҳам соҳиби ошхона ва ҳам соҳиби китобхонаи замонавӣ гардид. Акнун дар назди омӯзгорон як масъалаи муҳими дигар меистод, ки боз дар лоиҳаи «Ташаббус-буҷет» иштирок кунем, то хонандагони мактабамон соҳиби толори варзишӣ шаванд. Ин орзуи омӯзгорону донишомӯзон низ амалӣ гашт. Мо ғолиб баромада, соҳиби толори варзишӣ ҳам шудем. Хушбахтона толори моро вазири таълим Ҳилола Ӯктамовна кушода, ба хонандагон як дуои нек гуфтанд. Баъди ин ташрифи вазир  мактаб ба як қатор комёбиҳо ноил гардид, ки якбора се нафар хонандаи мактаб  дар озмуни вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Имрӯзҳо сифати таълим хеле пеш рафтааст. Аз 15 нафар хатмкунанда дар соли гузашта 8 нафарашон соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ шуданд. Дар соли хониши 2023-2024 аз 19 нафар донишҷӯ 8 нафар ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Ба хонандагон  5 нафар омӯзгори тоифаи олӣ, 7 нафар омӯзгори тоифаи якум ва 5 нафар омӯзгори тоифаи дуюм таълим медиҳанд. Ҳама омӯзгорон маълумоти олӣ доранд. 
Мавлоно  Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Дарси муаллим ар бувад замзамаи 
муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли 
гурезпойро.
– Маълум мешавад, ки даргоҳи маърифататон аз ҳар лиҳоз ба соли хониш пурра омода аст ва ҳоҷате нест, ки аз хонандагон пул ҷамъ карда шавад...
– Ман собиқаи сию се соли омӯзгорӣ дорам. Яъне фаъолияти омӯзгории ман дар солҳои истиқлолияти кишвари маҳбуб  оғоз гардидааст. Дар ягон вақту замон ёд надорам, ки ба мактабҳо аз тарафи ҳокимияти вилоят ва шуъбаи таълими мактабӣ ва томактабии ноҳия  чунин ёрӣ расида бошад. Ҳар сол барои таъмири мактабҳо тамоми масолеҳи сохтмон ва ҷиҳозҳои зарурии таълимро дода истодаанд. Боқимонда камбудиҳое, ки дар мактаб буд, бо ёрии ҳомиён таъмир карда, мактабро ба соли хониши нав  пурра омода намудем. Ҳоло ягон синфхонае нест, ки ба талаби имрӯза ҷавоб надиҳад. Ҳама ҷо тоза ва роҳравҳою заминҳои назди ҳавлии мактаб бо гулҳои гуногун  оро дода шудааст. Тамоми намуди гулҳо – аз лолаи ҳуландӣ сар карда, то  мехчагули астрагӣ мактабро зеб медиҳад, яъне дар чор фасли сол гулҳои зебо ба ҳусни таълимгоҳ ҳусн зам мекунад. Инчунин қитъаи назди ҳавлии мактаб ҳосили фаровони полизӣ дорад. Аз маблағи бадастовардаи он барои таъмири мактаб истифода мебарем. Хулоса, ҳоҷати аз хонанда ё омӯзгор бемаврид пул ҷамъ намудан нест...
– Шумо чун директори мактаб ба масъалаи бо ҳар баҳона пулғундорӣ аз мактаббачагон чӣ гуна муносибат доред?
– Ҷамъ намудани пул дар байни хонандагон ва омӯзгорон аз нуқтаи назари як  роҳбар – мавридҳое  ҳаст, ки бояд дар ин вақт пул ҷамъ кунанд. Масалан, мардуми мо дар тӯю мусибати якдигар шарик ҳаст. Вақте дари остонаи соҳиби маъракаро мекӯбем, албатта дасти холӣ намеравем. Ё  ин ки дар мавриди дигар мехоҳем аҳли синф бо як хел либос пӯшидан ҳаракат намоем. Барои ин роҳбари синф ташаббус нишон дода, аз дӯзандаҳои касбӣ мадад мепурсад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ин аллакай ба маблағ рафта бармехӯрад. Бо омӯзгорон низ чунин аст. Вақте ки либос мефармоед, аллакай инро ба як тадбиркор бе пул супориш намедиҳед. 
– ...ҳамчун муаллими қаторӣ-чӣ?
– Ман дар тӯли беш аз 30 соли фаъолияти омӯзгориям  20 сол муаллими одӣ, яъне қаторӣ  будам. Дар ин маврид мехостам ороиши синфам аз дигар синфҳо ба куллӣ фарқ кунад. Яъне баъди таъмири мактаб хостам қаҳрамонҳои афсонаи  халқамонро рассом оварда ба рӯйи девор кашонам... Охир ҳамаи мо шахсони зиёӣ ҳастем. Кадом рассом омада бемузд ҳамин корро иҷро мекунад. Дар байни тирезаҳои синф  афсонаҳои «Рӯбоҳи маккор ва мурғи зирак» , «Сангпушт ва каждум», «Мутаваққаъ» ва «Ду дӯст»-ро  кашондам, ки ҳамаи ин афсонаҳо характери тарбиявӣ доранд. Ин тарзи ороиши синфхона ба пешравии сифати таълим фоидаи калон дошт, ки ҳар волидайн мехоҳад фарзандаш босавод бошад... Лекин агар омӯзгор соҳибистеъдод, эҳтиромаш дар назди падару модарон баланд, аз дониши шогирдон қаноатманд бошад, худи падару модарон  омада, ташаббус нишон дода, синф ва мактабро оро медиҳанд. Ҳоҷати пул ғундоштану аз хонанда пул пурсидан намемонад.
– ...ҳамчун модар (падар)-чӣ?
– Ман дар навбати худ модар низ ҳастам. Фарзандони ман дар мактаби рақами 38-уми ноҳия  таҳсил гирифтанд. Мактаби мазкур яке аз мактабҳои пешқадами ноҳия ва вилоят ба ҳисоб мерафт. Фарзандони ман бошад, дар тамоми озмунҳои фаннӣ ва варзишӣ фаъол иштирок мекарданд. Ман низ ҳамчун модар тамоми талабҳое, ки аз тарафи роҳбари синф ва мактаб дода мешуд, иҷро мекардам. Ҳатто бе ягон дудилагӣ... Имрӯзҳо фарзандони ман ҳама соҳиби касбҳои гуногунанд ва соҳибистеъдод ҳастанд, ки ҳама маҳсули дасти устод аст. Инчунин аз ҳомиёни беҳтарини мактаби мо ба ҳисоб мераванд. Дар таъмир, китобхонаро бо китобҳои нодир ва бо намудҳои гулҳои зебо таъмин намудан ба ман ёрирасон ҳастанд, ки ҳама вақт модарона даст ба дуо мебардорам...
– Солҳои охир рангу тарзи либоси мактабии муаллимон ва хонандагон боиси сару садо ва баъзан баҳсҳои бебунёд мегардад. Дар ин бобат шумо чӣ фикр доред?
– Ман бо як мақоли халқӣ мехоҳам ба ин ҷавобам ҳусни оғоз бахшам: «Одаму либос – хонаву палос». Яъне ман тарафдори либоси ягонаи мактабӣ ҳастам. Дар тамоми мактабҳои  давлатҳои мутараққии ҷаҳон донишомӯз ва омӯзгор либоси ягонаи худро доранд. Ба монанди табибон, коркунони корҳои дохилӣ, кормандони бонк, ҳатто ошхонаҳо либоси худашонро доранд, ки ин хеле зебо низ метобад. Пас чаро мо ҳамчун синфи зиёӣ садди чунин роҳҳо шавем? Мо бояд ташвиқотчии фаъоли ҷомеа бошем. Чун кишвари мо ба  чунин ашхоси маърифатпарвару ватандӯст ва хештаншиносу бофарҳанг эҳтиёҷ дорад!
– Ихтисоси касбии шумо марбут ба синфҳои ибтидоӣ аст ва тавре ки маълум мегардад, аз роҳбарони муваффақи мактабҳои минтақа ҳастед. Дар асл кам дучор мегардад, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба вазифаи роҳбарии мактаб баргузида шавад. Солҳои пеш ҳатто мафҳуме дар низоми маориф роиҷ буд, ки аз ҷумлаи муаллимони ихтисоси меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ директор намегузоштанд. Дар ин замина чӣ назар доред? 
– Роҳбар будан аз ҳар як фард истеъдод, салоҳияти роҳбарӣ ва хушмуомила буданро талаб мекунад.  Ман фикр мекунам, ки вақту соати роҳбаре, ки танҳо бо роҳи тарсондану  дашномдиҳӣ кор мебарад, гузашт. Имрӯзҳо савияи дониш ва ҷаҳонбинии ходимон хеле пеш рафтааст. Дар яке аз филмҳои «Тоҷикфилм» бо номи «Дарди ишқ», аз рӯйи асари Кароматулло Мирзоев, ки воқеаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро дар бар мегирифт, тамошо карда будам, ки раис танҳо бо роҳи зӯроварӣ ва тарсонидану фиреби халқ роҳбарӣ мекард. Ҳоло агар  шахсе, ки имрӯз роҳбар мешавад, саводи кофӣ, хушмуомила ва ташаббускор набошад, ҳаргиз корро пеш бурда наметавонад. Бояд дарди ҳар як ходимро ба пуррагӣ гӯш карда, аз хиради инсонӣ истифода бурда, барои фаҳмидани фикри онҳо кӯшиш намудан лозим аст. Онҳоро имконият додан лозим, ки озодона дар назди роҳбар фикрашонро баён намоянд. Дар он сурат кори таълим пеш меравад. Мактаби мо дар тӯли чор сол он қадар пешрафт кард, ки ман ҳамаи ин комёбиҳоро аз муҳити солим ва якдигарфаҳмии аҳли мактаб ва ҷомеа медонам.   
– Чун омӯзгори эҷодкор ва соҳибкитоб то чӣ андоза дар маснади директорӣ, ки дар иҷрои вазифа ва супоришоти боло «сар ба фармон» бояд бошед, худро роҳат эҳсос мекунед?
– Ман омӯзгори эҷодкор ҳастам. Ҳанӯз хонандаи мактаб будам, ки бо ёрии устоди сухан, шоири зиндаёд ва омӯзгори соҳибистеъдоду меҳрубон шодравон Абдуллоҳи Раҳмон аввалин чакидаҳои хомаам рӯйи чопро медид. Фаъолияти эҷодиамро аз жанри «хабар» оғоз намуда будам. Эҷодкориам ба рафти кор ё роҳбарӣ  ягон иртиботе надорад, чун ман бештар дар дили шаб менависам. Доимо ба навиштани лавҳа, ҳикоя, қисса ва шеър машғулам. То ба имрӯз якчанд китобам – «Дидор», «Субҳи саодат», «Пайроҳаи сабз» ва қиссаи «Духтари сеюм» аз нашр баромад.  Мавзӯи асосии навиштаҳои ман бештар панду ахлоқӣ буда, муштариёни худро дорад. Дар оянда ҳаракат мекунам, ки дар васфи комёбию пешрафти кишвари маҳбубам эҷод карда, ба ихлосмандони шеъри ноби тоҷикӣ расонам. Имрӯзҳо дар арафаи иди омӯзгор қарор дорем. Ман бори дигар ҳамаи омӯзгорон, мураббиён ва устодонро бо иди  касбияшон табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам! Мехоҳам як-ду дубайтии  навамро баҳри устодон ҳамчун армуғон  пешкаш намоям: 
Чу моҳи нав бубинӣ рӯйи Устод,
Зи дарду ғам шавӣ ҳар лаҳза озод.
Шавӣ покиза чун оинаи маҳ,
Ки аз устод ин дунёст обод. 
***
Шарафманди ду олам бошад устод,
Аниси ҷумла одам бошад устод.
Ба шогирдон бубахшад 
ҷисму ҷонаш,
Саховатпеша, Ҳотам бошад устод.
– Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбаторо 
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: